ПОС ДОШТАНИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ- ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД

11 марти соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрии директори Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсӣ Сайдализода Назрихуҷа бо хонандагону омӯзгорони муассиса дар мавзӯи «Пос доштани муқаддасоти миллӣ-вазифаи ҳар як шаҳрванд» баргузор гардид. Зимни суханронӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсӣ дарҷ намуд, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд карда мешавад, ки рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. Барои ҳар як Тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба қадри ин муқаддасоти миллии худ бояд бирасем ва ҳар нафас шукронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи кишвари азизамон бикунем. Муқаддасоти миллӣ аз ҳастии ҳар як миллати соҳибтамаддуни олам гувоҳӣ медиҳад.

Пас аз анҷоми суханронии директори Марказ, мушовири Шӯрои Созмони хонандагони ноҳияи Фирдавсӣ Ш.Н.Шарипов баромад намуда, хонандагонро бо маҳфилҳои доимамалкунандаи Марказ ва фаъолона иштирок намудан дар дарсҳои иловагӣ, азбар намудани касбу ҳунарҳои миллӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ба таври ройгон дар Марказ даъват намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *