ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истеҳкоми истиқлоли давлат, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Онҳо бояд шахсони бо маърифат, бофарҳанг, мутамаддин, эҷодкор, номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Таълим ва тарбияи насли наврас дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми басо муҳиму аввалиндараҷа дорад. Аз муҳайё кардани асосҳои ҳуқуқ сар карда, то маблағгузаронӣ ва сифати таълиму тарбияро бардоштан, ҳимояи саломатии ҷавонон, ҳаёт ва ба таълим фаро гирифтани кӯдакони ятим ҳамааш дар маркази диққати Пешвои муаззами миллат қарор гирифтааст. Ба туфайли ҳамин сиёсати олӣ бунёди як қатор муассисаҳои таълимӣ, марказҳои илм ва маданӣ бо тамоми таҷиҳизотҳои замонӣ муосир давра ба давра сохта ба истифода дода шудаистодаат.

Воқеан ҳам тарбияи аксарияти насли наврас имрӯзҳо нигаронкунанда буда, нисбатан ба солҳои қаблӣ коста гардидааст, ки ин албатта ба ҷомеа таъсири манфии хешро мерасонад. Суоле ба миён меояд, ки оё тарбияи насли наврас ва ё хонанда имрӯз бар дӯши кист? Ва ё дар коста гардидани одобу ахлоқ ва тарбияи насли наврас киро масъул медонем? — оила, муассисаи таълимӣ ва ё ҷомеа? Аз рӯи мушоҳидаҳо ва фарзияҳои илмӣ муайян гардидааст, ки дар таълиму тарбияи насли наврас нақши оила бештар аст. Зеро агар оила солим бошад, таълиму тарбия ва одобу ахлоқи кӯдак ҷиддӣ назорат карда шавад, муҳит дигар таъсир расонида наметавонад. Муҳити солим аз оилаи солим вобаста аст.

Дар таълиму тарбияи насли наврас мо калонсолон дар якҷоягӣ бо муассисаи таълимӣ ва ҷомеа нақши аввалиндараҷа дорем, дар сурати беаҳмиятӣ ва ё бе масъулиятӣ метавонад дар оянда барои ҷамъият таъсири манфии хешро расонад. Якчанд омилҳои таъсиррасонеро гуфтан мумкин аст, ки имрўз барои коста гардидани одобу ахлоқи насли наврас мусоидат менамоянд. Пеш аз ҳама оилаи носолиме, ки волидайн тарбияи кӯдакро бар дӯши якдигар ва ё муассисаи таълимӣ вогузор менамоянд ва дар ин самт саҳлангорӣ мекунад. Дигар ин ки волидайн дар якҷоягӣ бо муассисаи таълимӣ ҳамкориро ҷоннок намуда, нагузоранд, ки кӯдак вақти хешро беҳуда гузаронад. Муҳимтар аз ҳама муҳити носолим ба косташавии одобу ахлоқи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ, ки дар тамоми оилаҳо инро мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар маҷмӯъ ҳамаи ин гуфтаҳоро таҳлил карда бароем, беаҳмиятӣ ва бемасъулиятии тарафҳо метавонад ба оворагардию муноқишаҳои гурӯҳӣ ва даст задан ба ҷинояткории насли наврас оварда расонад. Ҷомеаи зудтағйирёбанда муосир ва гуруҳҳои ифротӣ метавонад зуд ин нафар ҷавонони ноогоҳ ва дур аз донишу одобу ахлоқро ба доми хеш афтонанд.

Масъалаи тарбияи насли наврас ва одобу ахлоқ дар тамоми давру замон ҷойгоҳи хос дошту дорад. Зеро барқарор будани ҷамъият ба дараҷаи маънавиёт, ахлоқу одоб вобаста аст. Ҷамъият бо доштани инсонҳои нек ва дорои одобу ахлоқи ҳамида устувору побарҷост. Месазад, ки ин се гуфторро бояд риоя намуд: “Пиндори нек, Рафтори нек, Гуфтори нек”. Дар замири насли наврас мафҳуми ана ҳамин се фазилатро парваридан вазифаи ҷонии падару модар, муассисаи таълмӣ ва ҷамъият ба шумор меравад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки бо ташаббуси бевостаи Роҳбарияти Олии кишвар қабул гардидааст, дар ана ҳамин сегона ифодаи худро ёфтааст. Аз қабули қонуни мазкур, дувоздаҳ сол гузашта бошад ҳам, имрӯз он самараи худро дода истодааст.

Дар тарбияи маънавии насли наврас ва ё хонанда мавқеи китоб бисёр бузург аст. Ҳамин аст, ки бо ибтикор ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат вобаста ба тарбияи маънавии насли наврас ва ҷавонон озмунҳои ҷумҳуриявиро аз ҷумла “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва амсоли инҳо ташкилу роҳандозӣ намуданд, ки ин як роҳи ҳавасманднамоии онҳо ва заминагузор ҷиҳати донишандӯзӣ мегардад. Насли наврас ва хонандагонро зарур меояд, ки пайваста аз паи омӯхтани донишҳои замони муосир гарданд, зеро ояндаи ҳар давлати миллат аз мутахассисони соҳибкасб ва донишманд вобастагии бештар дорад. Пас дар ин радиф ҳар яки моро зарур меояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас ва дар руҳияи хештаншиносию меҳанпарастӣ ба воя расонидани онҳо тамоми нерӯ ва маҳорати хешро сафарбар намоем. Исмонов

Файзулло Ҳикматуллоевич — Директори МТМУ №70-и н.И.Сомонии шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *