МАОРИФ — ОИНАИ ТАМОМНАМОИ ИСТИҚЛОЛ

Боиси ифтихору фараҳмандист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 180 давлати ҷаҳон ба расмият шинохтаву бо мо муносиботи дӯстиву ҳамкории қавӣ доранд. Дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯю эътибори баланд ва узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардидани Тоҷикистон низ ба даврони соҳибистиқлолии кишвар иртибот мегирад. Аз ҷумла, соҳаи маорифи кишвар низ дар ин давра ба таври бесобиқа рушд ёфта, маорифчиёну донишомӯзони кишвар соҳиби пешрафту дастовардҳои камназир шуданд.
Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ ҳисобида, ҳамасола барои бунёди биноҳои таълимии иловагӣ ва асосӣ, инчунин, таъмин ва муҳайё намудани шароити мусоид барои донишандӯзии хонандагон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Давоми беш аз ду даҳсола дар соҳаи маориф ба пешрафтҳои назаррас ноил шудем.
Баргузории Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷрибаи ҷаҳонӣ амали беназир буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок, калидӣ ва тақдирсоз таваҷҷуҳи бештар дорад. Зеро рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз тайёр кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад.Ташкили чунин вохӯриҳо дар рӯзи аввали соли хониш барои омӯзгорону хонандагон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш, забономӯзӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва дар ин замина тайёр кардани мутахассисони баландихтисос як барномаи мушаххас аст.
Тарбияи насли соҳибмаърифат, забондону ҷӯянда ва донандаи техникаву технологияи муосир, дар ҳақиқат, бояд ҳадафи асосӣ ва муҳими фаъолияти ҳар як омӯзгор бошад. Зеро пешрафту тараққиёти давлатро маҳз мутахассисони баландихтисосу кордон таъмин карда метавонанд.
Бояд гуфт, ки давоми 28 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисёр дастоварду пешравиҳо ноил гашт, ки ҳамаи ин муваффақиятҳо аз сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Сол ба сол беҳтар гардидани шароити иҷтимоии маорифчиёни мамлакат, хонандагону донишандӯзони кишвар, инчунин, иштироки фаъоли онҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, вусъат ёфтани бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф мебошад.
Воқеан, мо бояд аз ин муҳити осудаву ором, шароиту имконоте, ки давлату Ҳукумати мамлакат баҳри омӯзгорону хонандагон фароҳам овардааст, шукргузорӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои неки миллиамон даҳчанд кӯшиш намоем. Ба қавли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон содиқонаву софдилона меҳнат намоем”.
Фарзона ШОЕВА, омӯзгори МТМУ № 17, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе