Лоиҳаи нав: тавассути он хонандагон дар дарсҳо аз планшет ва воситаҳои техникӣ самаранок истифода мебаранд

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳае омода намудааст, ки тибқи он хонандагон дар дарсҳо аз планшет ва дигар воситаҳои техникӣ самаранок истифода мебаранд. Ин матлаб 1 август зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар ин вазорат  баён гардид.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки дар доираи амалишавии ин лоиҳа зарурати ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» пеш меояд. Тибқи тағйирот ба қонун, хонандагон имкон пайдо менамоянд, ки ҳангоми дар муассисаи таълимӣ будан аз воситаҳои техникӣ васеъ истифода баранд.

Иқдоми мазкур дар асоси таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ амалӣ  шуда, ба хонандагон имкон медиҳад, ки барои дарёфти мавзуи  зарурӣ ҳар лаҳза аз дилхоҳ техника истифода намоянд.

«Дар ин замина шуруъ аз соли гузашта тамоми китобҳои дарсие, ки барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11 пешбинӣ шудаанд, ба таври электронӣ дар сомонаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд ва хонандагон метавонанд аз он истифода намоянд», -гуфт Раҳим Саидзода.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ 
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *