Даври ҷумҳуриявии Олимпиада

Даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз фанҳои дақиқ дар Мактаби Президентии шаҳри Ҳисор оғоз ёфт. Дар Олимпида аз 6 фан наздики 500 нафар иштирок дошта, аз онҳо 98 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе мебошанд.
Боиси зикр аст, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон дар соли 2020 дар 2 марҳила, аз ҷумла олимпиадаҳои фаннӣ (анъанавӣ) ва номӣ баргузор карда шуданд, ки дар натиҷа дастаи шаҳри Душанбе дар ду олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори 121 ҷойи ифтихорӣ гардид, ки дар ҷумҳурӣ сазовори мақоми аввал буда, аз ҷойи дуюм 22 медал зиёд мебошад.