Баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ

27 марти соли 2021 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов нахустин маротиба дар кишвар Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзўи “Тарбияи ҷисмонӣ асоси тарзи ҳаёти солим ва сироятнопазирӣ” таҳти шиори “Барои он, ки кўдак боақл ва бофаҳм тарбия ёбад, саломатии хуби вайро таъмин намоед” бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, муовинони директор, роҳбарони созмони хонандагон ва омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ баргузор гардид. Дар Конференсия аз ҷониби масъулин дар мавзӯҳои “Бозиҳои миллии тоҷикӣ дар таҷрибаи муассисаҳои таълимӣ”, “Баланд бардоштани тахассуси кадрҳо (омўзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ дар шаҳри Душанбе)”, “Латхӯрӣ дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва илоҷи он”, “Ба роҳ мондани корҳои тарбияи ҷисмонӣ ва тансиҳатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи И. Сомонӣ”, “Корҳои тансиҳатӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур”, “Аз таҷрибаи корҳои тансиҳатӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, ҳамчун асоси муносибати мусбӣ нисбат ба тарзи ҳаёти солим”, «Тарбияи ҷисмонӣ натанҳо сироятнопазириро боқувват мекунад, балки хонандагонро барои хизмат дар сафи Артиши миллӣ омода менамояд”, “Тарбияи ҷисмонӣ ҳамчун, омили асосии омода намудани хонандагон ба ҳаёти мустақил дар шароити муосир”, “Аз таҷрибаи пешбурди тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳое, ки пойгоҳи варзишӣ надоранд”, “Омода намудани синф ҳамчун, маркази варзишӣ ва хабарӣ дар муассисаи таълимӣ” ва “Оид ба санҷиши ҳолати таълими тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои И. Сомонӣ ва Шоҳмансур” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Дар анҷом беҳтаринҳо бо ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.