Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» вохўрии адибони шинохтаи тоҷик- мудири шуъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нависандаи дўстдоштаи кўдакону наврасон- Азизи Азиз ва шоири ширинбаён, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода- Муродалӣ Собир бо истироҳаткунандагони лагери истироҳатӣ-омўзишӣ барои аъзои фаъоли Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар вохўрӣ адибон аз ҳаёти даврони бачагии худ қиссаҳои шавқовар нақл карда, аз эҷодиёташон шеъру қиссаҳо хонданд. Байни истироҳаткунандагони лагер ва меҳмонон суҳбати озод ва шеърхонию муаммоёбиҳо сурат гирифт, ки хеле хубу хотирмон гузашт. Аз тарафи адибон- меҳмонони чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол китобҳои тозанашри муаллифон тақдим карда шуданд.
ХАБАРҲО
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ САРДОРИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ, БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-ШАҲРИ ДУШАНБЕҶАЛАСАИ МАҶОЗӢ: КОРМАНДОНИ МАОРИФИ ДУШАНБЕ ДАР ҶАЛАСАИ КОРӢ БА ТАВРИ МАҶОЗӢ ИШТИРОК КАРДАНДФармонҳои Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонҚарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон