РОҲБАРИЯТ

Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 
Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ

Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Сарраёсат гузошташуда ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ  дар соҳаи маориф, дар шаҳри Душанбе масъул мебошад.

— фаъолияти умумии Сарраёсатро роҳбарӣ намуда, кори онро ташкил мекунад. Дар доираи ваколатҳои худ фармоиш ба имзо мерасонад, ки  иҷрои он  ҷониби  кормандони Сарраёсат, мақомотҳои тобеи он, муассиса ва дигар ташкилтҳои таълимии шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли    моликият ва тобеият ҳатмӣ мебошад.

— дар мувофиқи бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр ва ноҳияҳои он доир ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ  ва барҳамдиҳии муассиса  ба ташкилотҳои марбутаи давлатии  дар сохторҳои онҳо буда,  пешниҳод манзур менамояд;

— ба сохторҳои Сарраёсат супориш медиҳад  ва иҷрои онро  талаб менамояд;

— дар бораи ба мансаб таъйин ва озод намудани роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки аз буҷаи маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод манзур менамояд;

— кормандони Сарраёсат  (хизматчиёни давлатӣ) дар асоси натиҷаи озмун, роҳбарони муассисаҳои таълимии аз ҳисоби буҷаи шаҳри Душанбе  маблағгузоришаванда, ки дар тобеияти Сарраёсат қарор доранд,  кормандони муҳосиботи Сарраёсатро  ба вазифа таъин  ва озод менамояд.

— раиси ҷаласаи мушовараи Сарраёсати  маорифи  шаҳри Душанбе мебошад.

 

Муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе —  Бобохонова Ситора Сафаралиевна 

Бобохонова Ситора Сафаралиевна  аз соли 2017 дар вазифаи муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе фаъолият дорад.  Муовини сардор  аз тарафи сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори сарраёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

Номбурда назорати иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе воридгаштаро ба ўҳда дошта,  фаъолияти шуъбаҳои дастгоҳи Сарраёсат ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансурро назорат менамояд.  Ҳамзамон ўҳдадориҳои зеринро иҷро менамояд:

— раиси ситоди зимистонгузаронии Сарраёсат буда, мутобиқатии  фаъолияти муассисаҳои таълимиро дар мавсими тирамоҳу зимистон бо талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

муовинии раиси комиссияи аттестасионии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо ба ўҳда дорад;

барои иҷрои ваколатҳои  Сарраёсат ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф  дар  шаҳри Душанбе масъул мебошад;

— дар доираи ваколатҳои худ фармоишҳо ба имзо мерасонад, ки иҷрои он  барои кормандони Сарраёсат,  мақомотҳои тобеи он, муассиса ва дигар ташкилотҳои таълимии шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли моликият ва тобеият ҳатмӣ мебошад;

— ба сохторҳои Сарраёсат дар доираи ваколатҳои худ  супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро талаб менамояд;

— иҷроиши нишондодҳои Нақшаи солонаи Сарраёсати маорифро назорат мебарад;

— ҳисоботи  семоҳа, шашмоҳа, нўҳмоҳа ва солонаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо омода карда,  сари вақт ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод менамояд.

 

Муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе —  Худоёров Фарҳод Табарович

Худоёров Фарҳод Табарович  аз соли 2013 дар вазифаи муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе фаъолият дорад.  Муовини сардор  аз тарафи сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори сарраёсат тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

Номбурда назорати иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе воридгаштаро ба ўҳда дошта,  фаъолияти шуъбаҳои дастгоҳи Сарраёсат ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Сино ва Фирдавсиро назорат менамояд.  Ҳамзамон ўҳдадориҳои зеринро иҷро менамояд:

дар самти корҳои тарбиявӣ масъул буда, бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ  ҳамкорӣ менамояд;

барои иҷрои ваколатҳои  Сарраёсат ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф  дар  шаҳри Душанбе масъул мебошад;

— дар доираи ваколатҳои худ фармоишҳо ба имзо мерасонад, ки иҷрои он  барои кормандони Сарраёсат,  мақомотҳои тобеи он, муассиса ва дигар ташкилотҳои таълимии шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли моликият ва тобеият ҳатмӣ мебошад;

— ба сохторҳои Сарраёсат дар доираи ваколатҳои худ  супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро талаб менамояд;

— иҷроиши нишондодҳои Нақшаи солонаи Сарраёсати маорифро назорат мебарад;

— ҳисоботи  семоҳа, шашмоҳа, нўҳмоҳа ва солонаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо омода карда, сари вақт ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод менамояд.

— иҷрои нишондодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Консеписи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро  дар муассисаҳои таълимӣ таъмин менамояд.