СОХТОР

Шуъбаи хадамоти давлатии назорат
дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе

Шӯъбаи хадамоти давлатии назорат бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф,  стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии пойтахт новобоста аз шакли моликият ва тоъбеияти идоравиашон назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагон ва дигар паҳлўҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.

— аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои муассисаҳои  давлатии  таълимии  томактабӣ,  миёнаи умумӣ ва иловагиро  мегузаронад;

— сифати таълимро дар муассисаҳои таълимӣ назорат мекунад;

— фаъолияти шуроҳои педагогӣ, таълими методиро дар муассисаҳои таълимӣ таҳлилу таҳқиқ менамояд;

— аз мақомотҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ барои назорат, тафтиш,  ташхис ва аттестатсия маводу ҳуҷҷатҳои заруриро талаб менамояд;

— дар бораи боздоштан ва қонеъ намудани фармонҳо ва қарорҳое, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ хилофи қонунҳои амалкунандаи низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии дигар баровардаанд, ба сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод менамояд;

-дар ҳолати қонунвайронкуниҳо, сӯистеъмол аз мансаб, бемасъулиятӣ аз ҷониби роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи маориф нисбати додани ҷазоҳои интизомӣ ва дигар намудҳои ҷазоҳо ба Сарраёсати маориф таклиф пешниҳод менамояд.

Шуъбаи таъминоти кадрӣ ва баландбардории ихтисоси Сарраёсати   маорифи шаҳри Душанбе

Шуъбаи таъминоти кадрӣ ва баландбардории ихтисоси Сарраёсати   маорифи шаҳри Душанбе   ба масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда  ва захиравии соҳаи маориф машғул шуда, фикру ақидаҳои худро бар ин бобат  пешниҳод менамояд;

— аттестатсияи хизматчиёни давлатии Сарраёсат, кадрҳои роҳбарикунандаи педагогӣ ва омўзгоронро ташкил  ва ҷамъбаст менамояд;

— ҳуҷҷатҳои кадрҳои ба ҳайси роҳбар пешниҳодшударо  меомўзад, бо  шахсони масъули Сарраёсат сўҳбат мегузаронад.

— фармоишҳои таъинот ва аз кор озодшавандаро тайёр ва ба расмият медарорад;

— масъалаҳои ба кор таъминкунии мутахассисони ҷавон, алоқа ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси омўзгориро таъмин менамояд;

— вазифаҳои хизматии кормандони шуъбаро муайян намуда,  иҷрои онро назорат менамояд;

— аз ҳисоби  кормандони соҳаи маориф  мутахассисони болаёқату соҳибистеъдодро  дарёфт намуда, барои таъин ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба сардори Сарраёсат пешниҳод менамояд;

— мутахассисони ҷавонро ба қайд гирифта онҳоро бо ҷойи кор таъмин ва ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ҳисобот пешниҳод менамояд;

— алоқаро бо муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи махсус ва олии омўзгорӣ дар асоси шартномаҳои тарафайн ба роҳ монда, баҳри ҳалли масъалаи таъминоти таълимгоҳҳо бо кадрҳои омўзгорӣ саҳм мегирад;

— системаи кориро барои тайёр кардан, такмил додан ва баланд бардоштани такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ ва роҳбарикунанда кор карда мебарояд;

— мувофиқи тартиботи муқарраргардидаи мақомоти болоии маориф  кормандони соҳаи пойтахтро барои қадрдолнӣ намудан ба мукофот ва унвонҳои фахрӣ пешниҳод менамояд;

-интихоб, пешниҳод, омўзиш ва таҳлили кадрҳои омўзгориро амалӣ менамояд;

-табели кори моҳонаи кормандони дастгоҳро омода намуда ба сардори Сарраёсат барои тасдиқ пешниҳод менамояд.

Шуъбаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Шуъбаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  фаъолияти шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии пойтахтро назорат менамоянд.

-дар самти корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ масъул буда, иҷрои нишондодҳои Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд;

— бо муассисаи давлатии филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, Маркази рушди истеъдодҳо, Маркази кўдакон ва наврасон, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамкорӣ менамоянд;

-баҳри ташкилу баргузории озмунҳои касбии кормандони соҳаи маориф ва озмунҳои гуногуни таълимиву тарбиявӣ-    «Мактаби сол», «Директори сол», «Муаллими сол», «Хонандаи сол», «Кўдакистони сол», «Мудири кўдакистони сол» ва «Мураббии сол» , «Синфи беҳтарини сол» масъул мебошанд.

— назорати фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ва томактабӣ .

— иҷроиши барномаҳои таълими фанниро назорат менамояд.

Шуъбаи таъминоти методии
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Шуъбаи таъминоти методии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  фаъолияти методии шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Душанберо мавриди омўзиш қарор дода, кўмаки методӣ мерасонад;

— дар самти ташкилу баргузории чорабиниҳои методӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таълимии томактабии шаҳри Душанбе ҳамкорӣ менамояд;

— дар  ташкилу баргузории озмунҳои касбии кормандони соҳаи маориф ва озмунҳои гуногуни  вобаста ба  самтҳои таъмиму тарбия,   аз қабили «Мактаби сол», «Директори сол», «Омўзгори сол», «Синфи беҳтарини сол», «Хонандаи беҳтарини сол» «Волидайни сол», «Мураббии сол», «Мудири кўдакистони сол», «Кўдакистони сол» ва дигар озмунҳо маъул аст;

— дар баргузории озмуни довталабони медалҳои нуқра ва тилло  саҳмгузорӣ менамоянд;

— бо муассисаи давлатии филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе  ҳамкорӣ менамоянд;

— дарёфти омўзгорони навовару эҷодкор  ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам;

-ташкил ва гузаронидани семинарҳои омўзишӣ ва дастурдиҳӣ;

—  паҳн намудани маводҳои методию омўзишӣ;

— дастрас намудани маводҳои аттестатсионӣ.


Шуъбаи иқтисодӣ, банақшагирӣ, таҳияи буҷет
ва таъминоти моддӣ – техникӣ

 Шуъбаи иқтисодӣ, банақшагирӣ, таҳияи буҷет ва таъминоти  моддӣ – техникӣ омўзиш ва таҳлили маълумотҳо дар асоси дархостҳои мақомотҳои   дахлдор  оиди дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуддат;

-ҳисоботҳои оморӣ оид ба шумораи хонандагону тарбиягирандагон, мутахассисону омўзгорон, иқтидори ғунҷоиш, фонди музди меҳнатро омода менамояд.

— ба муассисаҳои таълимӣ тавсияҳо оид ба  нақшагирии буҷаи давлатӣ, таҳия ва иҷрои харҷномаи молиявӣ манзур намуда, дар навбати худ аз онҳо иҷрои дастуру  фармоишҳо, омода намудани  ҳисобот ва маълумотномаҳоро талаб менамояд;

— ҳисоботҳои ҷорӣ ва солонаи омориро коркард ва таҳлил намуда, пешниҳоди саривақтии онро ба  мақомотҳои дахлдор таъмин менамояд;

-дар шаҳри Душанбе чунин шаклҳои омориро (ФБ-1, ТМ-2,   ТМ-1, СВ-1,  1-ВУ, СМН, Маълумот оид ба бачагони синни мактабӣ (7-6), КМ-1, КОМ-1 (83-РИК), 1-ТИК, ММ-1,  ММ-4, 1-Меҳнат, 6-Меҳнат) ҷамъоварӣ, таҳлил ва пешниҳод менамояд.


Муҳосиботи марказонидашудаи
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Муҳосиботи марказонидашудаи  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар коркард ва таҳлили ҳисоботҳои муҳосибию  оморӣ   ва манзури  саривақтии онҳо ба  мақомотҳои дахлдор масъул мебошад.

—  ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Душанбе  ёрии амалии иқтисодӣ расонида, дар рушди соҳаи маориф ва ғанӣ  гардонидани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маориф заминагузорӣ менамояд;

— фаъолияти муҳосиботи  муассисаҳои таълимии  зертобеи Сарраёсатро назорат менамояд;

— баҳри мувофиқи мақсад ва сарфакорона масраф намудани маблағҳои пешбинишуда масъул мебошад;