МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Маълумот
дар бораи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе амалӣ менамояд, танзими санадҳои меёъёрию ҳуқуқии соҳа, фаъолияти мақомоти маҳаллии идораи маориф, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти иловагӣ ва дигар сохторҳои марбути маорифро таъмин намуда, фаъолияти идоракунӣ, назоратӣ,    таълимӣ ва тарбиявӣ дорад. Инчунин васояту парасторӣ, дастгирии хонандагон, тарбиятгирандагон ва ҳифзи иҷтимоии кормандони омӯзгории соҳаи  маорифи шаҳрро амалӣ мегардонад.

Сарраёсати маориф аз 5 шӯъба иборат мебошад.

Шӯъбаи таъминоти методии Сарраёсат. Муассисаҳои таълимиро бо дастурҳои  методӣ таъмин намуда, оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши назариявӣ ва  такмили маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Шӯъбаи Хадамоти давлати назорат дар соҳа маориф.
Иҷрои стандартҳои таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии пойтахт новобаста  аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагон ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти муассисахои таълимӣ баҳо медиҳад.

Шӯъбаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ.
Сиёсати давлатро  дар муассисахои таълимӣ оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот таъмин менамояд.

Шӯъбаи иқтисодӣ, банақшагирӣ, таҳияи буҷет ва таъмини моддӣ- техникӣ
Маълумоти омориро оид ба инкишофи соҳаи маориф ҷамъ намуда, дар асоси таҳлили ҳаматарафа тибқи тартиби муқарра гардида, ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд.

Шӯъбаи  таъминоти кадрҳо ва баландбардории ихтисос
Муассисаҳои таълимиро бо кадрҳои омӯзгории ихтисосманд  таъмин намуда, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҳсилоти иловагии кормандони соҳаи маорифи пойтахтро амалӣ мегардонад.
Дар давраи Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе шахсони зерин ба ӯҳда доштанд:

  1. Додхудоева Басгул — соли 1995 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб, соли 1964 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ва соли 1980 Мактаби Олии партиявии Тошкандро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии  худро  аз соли 1964 ба ҳайси  омӯзгори мактаби миёна оғоз намуда, солҳои 1988-1992 вазифаи сардори  Идораи маорифи шаҳри Душанберо  ба ӯҳда дошт.
  2. Хушвақтов Файзулло — соли 1965 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе, факултаи забон ва адабиёти тоҷикро хатм кардааст. Аз соли 1965 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаб- интернати № 1-и  ноҳияи  ноҳияи Данғара оғоз намуда, солҳои 1992-1993  роҳбарии  Идораи маорифи шаҳри Душанберо  ба ӯҳда дошт.
  3. Қаҳҳорова Нарзихон Умаровна – соли 1963 Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Шевченкоро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи № 15 шаҳри Душанбе аз соли 1963 оғоз намуда, солҳои 1994-1997 дар вазифаи сардори  Идораи маорифи шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.
  4. Нуриддинова Маҳбуба Сироҷиддиновна- соли 1982 факултаи забон ва адабиёти руси Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, худи ҳамон сол ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти рус фаъолияти меҳнатии худро оғоз намуда, солҳои 1997-1999 ба ҳайси сардори Идораи маорифи шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
  5. Ғайратов Файзалӣ Табарович- соли 1981 Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Қ. Ҷӯраевро бо ихтисоси муаллими фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро  ба ҳайси сарвожатии мактаби миёнаи № 34  шаҳри Душанбе оғоз намуда, солҳои 1999-2002  роҳбарии Идораи маориф шаҳри Душанберо ба  ӯҳда дошт.
  6. Қаландаров Абдуллохон – соли 1973 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси омӯзгори физика- математика хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгор дар мактаби миёнаи № 15 ноҳияи Данғара оғоз намудааст. Аз соли 1999 то соли 2004 дар вазифаи сардори  Идораи маорифи шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
  7. Назарова Робия Шарифовна- соли 1979 Донишгохи давлатии педагогии шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси муаллими фанни физика-математика хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1979 ба ҳайси ҷонишини директор дар мактаби № 29 ноҳияи Восеъ оғоз намуда, солҳои 2004-2006 роҳбарии  Идораи маорифи шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошт.
  8. Исломов Шамсулло— Соли 1977 Институти педагогии давлатии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро бо ихтисоси муаллими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1977 ба ҳайси китобдор дар мактаби миёнаи № 38 шаҳри Ваҳдат оғоз намудааст. Аз соли 2006—то соли 2010 дар вазифаи сардори Сарраёсати маорфи шаҳри Душанбе адои хизмат намудааст.
  9. Бобоева Гулнора Исломовна— соли 1986 Донишгоҳи давлатии шахри Кӯлобро бо ихтисоси муаллими фанни забони русӣ хатм намуда, ҳамон сол фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгор дар мактаби № 5 шаҳри Кӯлоб оғоз  кардааст. Аз соли 2010 то соли 2012 дар вазифаи сардори Сарраёсати маорфи шаҳри Душанбе адои хизмат намудааст.
Ном ва насаб Соли фаъолият
1 Додхудоева Басгул 1988-1992
2 Хушвақтов Файзулло 1992-1993
3 Қаҳҳорова Нарзихон Умаровна 1994-1997
4 Нуриддинова Маҳбуба Сироҷиддиновна 1997-1999
5 Ғайратов Файзалӣ Табарович 1999-2002
6 Қаландаров Абдуллохон 1999-2004
7 Назарова Робия Шарифовна 2004-2006
8 Исломов Шамсулло 2006-2010
9 Бобоева Гулнора Исломовна 2010-2012
10 Фақеров Ҳамидуллохон Нуридинович 2012