Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш

Ҳамватанони гиромӣ!

Омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони азиз!

Имрӯз дар саросари кишвар соли нави таҳсил оғоз гардид, ки онро тамоми муассисаҳои таълимӣ бо дарси сулҳ шурӯъ мекунанд.

Ба ин муносибат устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва бахусус, кӯдаконеро, ки имсол ба боргоҳҳои маърифат қадами нахустин мегузоранд, табрик мегӯям.

Ҳамчунин, сокинони кишварро ба ифтихори бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ — 28 — солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз таҷлил мегардад, самимона шодбош гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ орзу менамоям.

Дар замони пуртазод ва зудтағйирёбандаи муосир нақши сулҳ ва пойдории он нисбат ба ҳар вақти дигар аҳаммияти хосса касб кардааст. Зеро сулҳу оромӣ муҳимтарин омили рушди аҳли башар мебошад.

Мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд.

Зеро ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ хоинони миллати тоҷик бо пуштибониву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ мардуми моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

Онҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ виҷдону имон ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта буданд ва мехостанд ба мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил карда, дар кишвари тозаистиқлоли мо давлати исломӣ барпо намоянд.

Ин хиёнати таърихии онҳо боиси қурбон шудани беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон, ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакони бегуноҳ, ба гуреза табдил ёфтани бештар аз як миллион сокинони мамлакат ва хисороти азими моддиву молиявӣ гардид. Дар маҷмӯъ, ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири рушд даҳсолаҳо ба ақиб партофт.

Дар робита ба ин, ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон менамоям, ки иддае аз хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати мо то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд ва дар хориҷи кишвар бо кумаки хоҷаҳои берунии худ ба тӯҳматсозӣ ва дурӯғбофиву дасисабозӣ идома дода истодаанд.

Дасисаву тӯҳматбофӣ дар ҳаққи Ватан, модар, миллат, давлат ва зодгоҳи худ, яъне обу хоке, ки онҳоро парваридааст, хусусияти зотӣ ва хислати пасти инсонии чунин шахсони хиёнатпеша мебошад.

Лекин онҳо набояд фаромӯш созанд, ки халқи мо, яъне миллате, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони миллати тоҷикро хуб мешиносад, дигар ҳаргиз ба доми фиребу найранги гирифтор намешавад ва оқибатҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Такроран хотирнишон месозам, ки барои чунин хоинон мафҳумҳои муқаддаси Ватан, модар, миллат, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ягон арзиш надорад.

Дигар ин, ки мардуми мо таърихи бостониву пурифтихор, фарҳанги қадима, забони ширину шоирона, расму ойинҳои ҳазорсола ва мазҳаби худро доранд, ба онҳо арҷ мегузоранд ва онҳоро дӯст медоранд.

Даҳсолаҳои охир баъзе доираҳои манфиатҷӯй исломро ҳамчун омили муборизаи сиёсӣ истифода карда, боиси бадномии дини ислом ва мардуми мусулмон шуда истодаанд.

Мо чунин кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини исломро ҳамеша маҳкум мекунем ва бар зидди хурофот ва таассуби динӣ мубориза мебарем. Чунки хурофот садди роҳи пешрафт мебошад ва мо оқибатҳои ин раванди хатарнокро дар мисоли баъзе кишварҳои минтақа дида истодаем.

Гузашта аз ин, хурофот-ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат, ки бесаводиву бемаърифатӣ асоси он мебошад, сабаби ҳамаи бадбахтиҳо ба ҳисоб меравад.

Маҳз бо дастгирии мардуми сулҳдӯсту таҳаммулгароямон мо дар кишвар сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллиро таъмин кардем ва боз ҳам бо заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон хисороти ҷанги шаҳрвандиро бартараф карда, барои расидан ба марҳалаи рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ роҳ кушодем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба тамоми хонандагону донишҷӯён ва ҷавонони кишвар хотиррасон месозам, ки мо ба шарофати иродаи қавӣ ва рӯҳи шикастнопазири халқамон ва бар ивази ҷони ҳазорон нафар фарзандони шуҷои миллат барои хушбахтӣ ва рӯзгори босаодати халқамон ҷон ба гарав гузошта, истиқлолияту озодии Тоҷикистон ва якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намудем, давлати ҷавони худро аз хатари нобудшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот додем.

Дар ин даврони орому осоишта ва пешрафти бесобиқаи кишварамон мо ҳамаи шароиту заминаҳоро барои таҳсилу омӯзиш ва зиндагии шоистаи ҷавонон фароҳам овардаем ва ният дорем, ки дар оянда барои насли ояндасоз заминаҳои боз ҳам беҳтарро муҳайё кунем.

Дар оғози соли нави таҳсил, яъне дар рӯзе, ки мо ба донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ ва ибтикору созандагӣ арҷ мегузорем, бори дигар таъкид менамоям, ки нерӯи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқат роҳи шуморо дар идома додани корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик равшан хоҳад кард.

Сабақҳои таърих ҳушдор медиҳанд, ки шумо — ҷавонони кишвар ва наслҳои оянда дар назди давлат ва сарнавишти халқи тоҷик масъулияти бузург доред.

Арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон, аз худ намудани илму дониш, касбу ҳунар, навовариву ихтироъкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани давлату миллат вазифаи муқаддаси шумо – наслҳои замони истиқлолият мебошад.

Итминони комил дорам, ки шумо – насли ояндасоз ба қадри истиқлолияту озодии Ватан – ин неъмати бебаҳо мерасед ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунед.

Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дастоварди таърихии халқи тоҷик мебошад, зеро ба шарофати ин неъматҳо мардуми мо аҳлона заҳмат кашида, то имрӯз садҳо иншооти хурду бузургро бунёд намуданд, фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз нав барқарор карданд, ба кишоварзӣ такони ҷиддӣ бахшиданд, роҳу пулҳо бунёд карда, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшиданд ва Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил доданд, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ шабонарӯзӣ кор карданд ва дар натиҷа ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муваффақ шуданд.

Бо вуҷуди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, то ки камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем, Ватани худро обод гардонем ва бо истифодаи самараноки тамоми захираву имкониятҳо рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем.

Ман борҳо гуфтаам ва мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки хонаи мо, яъне Ватан ва давлати моро каси дигар обод намекунад. Мо кишвари азизамонро худамон пешрафта мегардонем ва ба наслҳои оянда як мулки ободро ба мерос мегузорем.

Дар ин раванд, мо бояд зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, яъне дар ғафлат намонем, кишвар ва мардуми худро аз таъсири хатарҳои замони имрӯза эмин нигоҳ дорем, барои ҳифзи давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, инчунин, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллӣ ҳамеша омода бошем.

Мо бояд ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, хариду фурӯши одамон, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар омилҳои хатарзо, ки ба сулҳу суботи ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо таҳдид менамоянд, мубориза барем.

Имрӯз вазъи ҷаҳон бисёр мураккабу буҳронӣ гардидааст. Агар баъди ҷанги дуюми ҷаҳон тайи даҳсолаҳо ҷанги сард омили бесуботии дунё гардида бошад, ҳоло терроризму экстремизм ба мушкилоти ҷиддитарини глобалӣ табдил ёфтаанд.

Яъне вазъияти ҷаҳон дар зарфи даҳсолаҳои охир ҳаргиз чунин печидаву хавотиромез набуд. Рӯйдодҳои вақтҳои охир дар минтақа ва ҷаҳон, бахусус, нишасти сатҳи олии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, равшан сохтанд, ки мавзӯъҳои геополитикӣ ва геостратегӣ барои кишварҳои ҷаҳон аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, илова ба ин, ки дар давраи раёсати худ дар фаъолияти ин ҳамоиш тайи солҳои 2018 – 2020 ҷиҳати амалӣ намудани панҷ ченаки асосии он — иқтисодӣ, экологӣ, арзишҳои инсонӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои замони муосир, ҳамчунин, дар арсаи низомиву сиёсӣ нақши назаррас бозида истодааст, инчунин, омода аст, ки минбаъд низ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалӣ, пеш аз ҳама, пойдории сулҳу суботи сартосарӣ ва тавсеа бахшидан ба ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа саҳми арзишманд гузорад.

Зеро мо хуб медонем, ки ҷанг бенизомиву беқонунист, хунрезиву куштори одамони бегуноҳ аст ва ҳамеша гуруснагиву қашшоқӣ ва харобиву бадбахтӣ меорад.

Сулҳу оромӣ шарти ободиву пешрафт ва амалӣ гардидани ҳамаи нияту орзуҳои неки ҳар як инсон мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва аз зиндагии орому осудаи имрӯза шукрона мекунанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Рӯзи дониш ва дарси сулҳ имсол дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз таҳсилоти олии касбӣ зодаи даврони истиқлолият мебошад.

Ҳанӯз дар солҳои нахустини истиқлолият зарурати ба давраҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани ҳайати роҳбарикунандаи тамоми мақомоти давлатии марказиву маҳаллӣ пеш омад.

Ба ин хотир, мо соли 2013 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Донишкадаи идоракунии давлатиро таъсис дода, дар он на танҳо давраҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро ба роҳ мондем, балки зинаҳои таҳсилоти бакалавр ва магистратураро ташкил карда, таълими технологияҳои иттилоотӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, менеҷменти сиёсӣ, идоракунии ҳайати кадрӣ ва идоракунии давлатиро ҷорӣ намудем.

Соли 2016 тасмим гирифтем, ки дар шафати биноҳои мавҷудаи донишкада иншооти замонавӣ бунёд карда, мушкилоти ин муассисаро пурра ҳал намоем.

Бинои навбунёд аз 12 ошёна ва ду қисм — қисми таълимӣ бо 1320 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 130 нафар иборат мебошад ва масоҳати умумии сохтмон қариб 20 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Донишкада ягона муассисае мебошад, ки таълим дар он пурра тавассути низоми электронии худидора ба роҳ монда шудааст.

Умедворем, ки устодону донишҷӯён ва шунавандагону коромӯзони ин муассиса аз чунин шароити замонавӣ самаранок истифода карда, раванди таълимро бо сифати баланд ба роҳ мемонанд, таҷриба меомӯзанд, такмили ихтисос намуда, аз мактаби роҳбарӣ мегузаранд ва дар таҳкиму рушди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд.

Ҳозирини арҷманд!

Барои таъмин намудани пешрафти бонизоми давлати миллӣ мо ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ ниёз дорем.

Зеро рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як халқу миллат аз сатҳи саводу маърифат, савияи донишҳои касбии хизматчиёни давлатӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, мо бештар ба тарбияи кадрҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва забондон бошанд, эътибори аввалиндараҷа медиҳем.

Хизмати давлатӣ бояд ба татбиқи сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳли ҷомеа нигаронида шавад.

Мо бояд кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои балналмилалӣ, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва кормандони ватандӯсту масъулиятшиносро омода намоем.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки шахсони босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо, нерӯи тавонои зеҳнӣ ва кафили пешрафти давлату ҷомеа ба шумор мераванд. Дар ин раванд, ҳамеша дар ёд бояд дошт, ки мо ворисони мероси бузурги маънавии гузаштагони некноми худ ҳастем.

Аҷдоди мо ҳанӯз чанд ҳазор сол пеш соҳиби фарҳанг, забон ва хат буданд ва ба ояндагон осори гаронбаҳое ба ёдгор гузоштаанд.

Дар асрҳои баъдӣ низ бо вуҷуди мушкилоту монеагузориҳои зиёд маданияти китобдориву пешбурди илму фарҳанг дар байни аҷдоди мо ривоҷ доштааст, ки осори ҷовидонаи илмӣ ва хусусан, мероси адабие, ки аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то устод Мирзо Турсунзода боқӣ мондааст далели бебаҳси ин гуфтаҳо мебошад.

Мо бо таърих, илму адаб ва маънавиёту фарҳанги бостонии худ ифтихор мекунем ва дар баробари ин, мероси бойи гузаштагонро барои тарбияи наслҳои ҷавон ва кадрҳои ояндасоз васеъ истифода мебарем.

Бо мақсади дар сатҳи талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондани таҳсил ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ҳайати омӯзгорони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ таҷриба андӯхта, усулҳои идоракунӣ ва хизмати давлатиро аз худ намудаанд ва минбаъд низ донишу малакаи худро мунтазам такмил медиҳанд.

Олимону омӯзгорони Донишкадаи идоракунии давлатӣ бояд таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯзанд, дар ин замина барномаҳои гуногунро таҳия кунанд ва ба истифодаи технологияҳои муосир ҷиҳати татбиқи нақшаи ҳукумати электронӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибкасб барои амалисозии ин мақсад саъю кӯшиш намоянд.

Ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани нерӯи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ, инчунин, таҳлили илмии сифат ва самаранокии идоракунӣ ва хизмати давлатӣ зарурати баланд бардоштани мақоми ин муассиса ба миён омадааст.

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.

Таъсиси Академияи идоракунӣ ба омодагии сифатан беҳтари касбии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Ин иқдом метавонад, инчунин, ба ташкили боз ҳам васеътари давраҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ташкили таҳқиқоти бунёдӣ оид ба идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се моҳ лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумати мамлакатро оид ба ин масъала таҳия ва пешниҳод намояд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд.

Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад.

Қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳимми давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори олимону омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид.

Мо бояд минбаъд низ ба соҳаи маориф, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, нақши омӯзгорон дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан, давлат ва миллат боз ҳам бештар таваҷҷуҳ намоем.

Равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири донишҷӯёну хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд.

Яке аз ҳадафҳои муҳимме, ки дар назди устодону омӯзгорон қарор дорад, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.

Барои ин бояд раванди ихтироъкорӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ, ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот ва самарабахш гардонидани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ вусъат бахшида шавад.

Дар ин росто, эътибори асосӣ на ба шумора, балки ба сифат бояд дода шавад. Дар робита ба масъалаи тарбияи кадрҳо бори дигар таъкид месозам, ки Вазорати маориф ва илм якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута доир ба омӯзиши дақиқи талаботи воқеии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба кадрҳо чораҷӯӣ карда, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот азхудкунии илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷиро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.

Ҳамчунин, зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба сатҳи донишҳои иқтисодиву хуқуқӣ ва малакаи пешбурди соҳибкориву ҷалби сармоя барои соҳибкорони оянда эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Маблағгузории соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлат ҳар сол зиёд карда мешавад.

Ҳамчунин, ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ — сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бузурги созандагӣ ҷиҳати беҳтар намудани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, сохтмони инфрасохтори ба талаботи муосир ҷавобгӯ, сохтмони мактабҳо дар мавзеъҳои аҳолинишини навбунёд ва бунёди муассисаҳои тандурустӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, пеш аз ҳама, дар деҳаҳои дурдаст ва маҳалҳои аҳолинишин бомаром идома доранд.

Фикр мекунам, ки дар сурати амалӣ шудани нақшаҳои қабулшуда то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ мушкилоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ асосан ҳал мегарданд.

Бояд гуфт, ки вазъи таълими фанҳои табиатшиносиву дақиқ, аз ҷумла фанҳои таҷрибавӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ ҳанӯз моро қонеъ гардонида наметавонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоми банақшагирӣ ва маблағгузории соҳаи маориф бартарияти таълими таҳсилоти миёнаи умумӣ, хусусан, бахши илмҳои дақиқ ба қадри кофӣ ба назар гирифта намешавад.

Ин раванд собит месозад, ки ҷиҳати ба талаботи бозори меҳнат ва соҳаҳои афзалиятноки рушди давлат мувофиқ кардани низоми маориф ҳанӯз ҳам як қатор масъалаву мушкилот вуҷуд доранд.

Аз ин рӯ, имрӯз сатҳу сифати таълими фанҳои табиатшиносиву дақиқ ва таҷрибавӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар ба дастгирӣ ниёз дорад, зеро таълими фанҳои зикршуда ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир бе озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва таҷҳизоти замонавӣ ғайриимкон мебошад.

Ҳоло омӯзгорони фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҳангоми анҷом додани озмоишҳо бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардидаанд. Бо ин сабаб хонандагон мактаби миёнаро бе андӯхтани чунин таҷриба хатм карда, ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд ва ба иллати мавҷуд будани чунин камбудӣ дар макотиби олӣ ин муассисаҳоро низ бе анҷом додани таҷриба дар озмоишгоҳҳо ба итмом расонида, соҳиби дипломи таҳсилоти олии касбӣ мегарданд.

Бо дарназардошти чунин вазъ, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” қабул шуд, ки ҳадафи он беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Вале тибқи таҳлилҳо иҷрои барнома қонеъкунанда нест. Илова бар ин, барномаи зикршуда фақат шумораи муайяни муассисаҳои таҳсилоти умумиро қисман фаро гирифта, солҳои 2018-2019 аз ҳисоби буҷетҳои марказӣ ва маҳаллӣ умуман маблағгузорӣ нашудааст. Гузашта аз ин, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиву таҳқиқотӣ аз доираи амали он берун мондаанд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати молия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм бо дарназардошти муҳим будани масъалаи зикршуда иҷрои пурраи барномаро то ҷашни 30-солагии истиқлоияти давлатӣ таъмин намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Тоҷикистон рушди илмро дар баробари маориф ва тандурустӣ самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эълон намудааст.

Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакат ба масъалаи мустаҳкам кардани пояҳои моддиву техникии Академияи илмҳо бо мақсади таъмин намудани самаранокии фаъолияти он эътибори доимӣ медиҳад.

Муассисаҳои академӣ вазифадоранд, ки дар рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлати соҳибистиқлолу озодамон саҳми бештар ва муассир дошта бошанд. Ягона талаби давлат аз роҳбарон ва олимону кормандони муассисаҳои илмӣ ин аст, ки илм бояд ҳамқадами замон бошад.

Аз ҷумла, вазифаи Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ки дар иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар фаъолона саҳм гузоранд.

Якум, дар самти ҳифзи амнияти озуқаворӣ. Доир ба ин масъала на танҳо олимони соҳаи кишоварзӣ ва биологӣ, балки олимони илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ низ бояд бо дарназардошти дастовардҳои илми ҷаҳонӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом диҳанд. Таъмин намудани пешрафти илмҳое, ки ба офаридани навъҳои гуногуни наботот мусоидат менамоянд, зарур мебошад.

Инчунин, масъалаи бехатарии биологӣ, ки дар самти ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти инсонро фаро мегирад, аз ҷумлаи мушкилоти глобалӣ ба шумор меравад.

Дар замони муосир, яъне дар шароите, ки хатари силоҳи биологӣ ва биотерроризм зиёд шуда истодааст, ин масъала аҳаммияти махсус пайдо менамояд.

Паҳн гардидани вирус ва генҳои бемориовар, бо бактерияҳо олуда шудани маҳсулоти озуқа, олудашавии хок ва обу ҳаво, ворид гардидани шаклҳои бегонаи организмҳои зинда ба экосистемаҳо омилҳои манфӣ ва номатлубе мебошанд, ки андешидани чораҳои муассирро вобаста ба бехатарии биологӣ тақозо мекунад.

Фаъолияти олимонро ба самтҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ки бидуни онҳо пешрафти иқтисодиёти миллӣ ғайриимкон аст, равона намудан талаби замон аст.

Таҳқиқоти дар ин самт амалигардида бояд ҳатман дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ карда шаванд. Бо ин мақсад ба роҳ мондани робитаи илм бо истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи Академияи илмҳо ва вазорату идораҳои дахлдор ба ҳисоб меравад.

Дигар рисолати муҳимми олимони кишвар поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ, густариши доираи истифодаи он, суфтаву ғанӣ гардонидани забони адабӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҳёи фарогири забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгони мо, ки дар ғанисозии тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд, соҳибӣ намудани мероси онҳо ва мубориза бо таҳрифгарони таърихи пурифтихори халқамон мебошад.

Бинобар ин, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самтҳои афзалиятноки илми кишвар боз ҳам пурзӯр намуда, иҷрои барномаву стратегияҳои дар соҳаи илм қабулгардидаро сари вақт ва босифат таъмин намоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Сифати таҳсилот дар оянда низ ҳамчун масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад. Қобили зикр аст, ки барои таъмин намудани сифати таълим то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва худи муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёде амалӣ гардидаанд, вале барои ислоҳи вазъ дар ин самт бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Аввалан, вобаста ба он, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар робита ба гузариш ба низоми кредитии таҳсилот низоми холгузориву рейтингии садхоларо ҷорӣ кардаанд, бояд дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ барои гузариш ба ин низом ва меъёри баҳогузорӣ ҳарчи зудтар чора андешида шавад.

Масъулони соҳаро зарур аст, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва дар баъзе муассисаҳои таълимии кишвар ба таври таҷрибавӣ ҷоригардидаро натиҷагирӣ карда, ин масъаларо ҳаллу фасл намоянд.

Дуюм, чунонки маълум аст, дар муассисаҳои таълимии тамоми зинаҳои таҳсилот аз соли 2007 низоми назорати сифати таҳсилот ва аз соли 2010 низоми идоракунии таҳсилот амал мекунад.

Вале бо сабаби нокифоя будани таҷриба ва камфаъолиятии масъулон, ки дар сохторҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, амалӣ нашудани баъзе принсипҳои идоракунии ин самти муҳимтарини фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба назар мерасад.

Дар робита ба ин, роҳбарони Вазорати маориф ва илм ва масъулини соҳаро зарур аст, ки тавассути татбиқи самараноки принсипҳои идоракунии сифат барои гузариш ба низоми муосири таъмини сифати таҳсилот замина муҳайё созанд.

Сеюм, мо сиёсати давлати худро дар соҳаи маориф ба сӯи наздикшавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот равона сохтаем. Дар ин росто, моро зарур аст, ки низоми арзёбии сифати таҳсилотро низ ба ин меъёрҳо мутобиқ гардонем.

Аз ҷумла, мо бояд низоми кафолати сифати таҳсилотро, ки дар кишварҳои пешрафта, махсусан, дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ роҳандозӣ шудааст, ҳамаҷониба омӯхта, барои гузариш ба ин низом замина фароҳам оварем.

Ҳоло бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилоти олии касбӣ ва мутобиқ кардани он ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар дар доираи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф ислоҳоти ҷиддии таҳсилоти олии касбӣ оғоз шудааст.

Илова ба корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида, Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар хусуси ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устувор гардонидани мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар арсаи байналмилалӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки мо бояд ба сатҳу сифати таҳсилот аз ҳарвақта дида, бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем, дар ҳамаи зинаҳои таълим усулҳои пешқадамро ҷорӣ созем ва талаботро нисбат ба таълими донишҳои назариявӣ ва амаливу таҷрибавӣ пурзӯр намоем. Мо илмро пояи устувори давлат ва ҷомеа дониста, барои рушди пайвастаи он шароити боз ҳам беҳтар фароҳам меорем.

Ҳамзамон бо ин, олимонро зарур аст, ки ҳамкориро бо истеҳсолот густариш бахшанд, навгониҳои илмиро дар истеҳсолот бештар ҷорӣ намоянд, барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ талош варзанд, ҷавононро ба илмҳои бунёдӣ васеъ ҷалб созанд ва дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа саҳмгузорӣ намоянд.

Омӯзгорони мо бояд меъёрҳои арзёбии дониши шогирдонро тавсеа бахшанд, барои омӯзонидани таърих, забон, адабиёт, фарҳангу санъати гузаштаву муосир, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ зиёдтар талош намоянд, ба хонандагону донишҷӯён арзишҳои муқаддаси истиқлолият ва озодиро дуруст шарҳ диҳанд, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созанд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ талош карда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демокративу дунявӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Падару модарон ба сифати нерӯи асосӣ ва фаъоли ҷомеа бояд ба таълиму тарбияи фарзандон зиёдтар аҳаммият диҳанд, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва омӯзгорон тарбия карда, барои боло рафтани сатҳи ҷаҳонбиниву дониши наврасону ҷавонон саъю талош варзанд, завқи онҳоро ба китобхонӣ, донишандӯзӣ, забономӯзӣ ва варзиш зиёд гардонанд ва барояшон ҷиҳати омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оваранд.

Падару модарони муҳтарами мо бояд назоратчӣ набошанд, балки фарзандони худро тарбия кунанд ва барои ҳамчун инсони комил ба воя расонидани онҳо заҳмат кашанд. Ин кор танҳо вазифаи мактаб ва омӯзгор нест.

Наврасон ва ҷавонон, ки мо онҳоро наслҳои ояндасози кишвар медонем, вазифадоранд, ки ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҷиддӣ машғул шаванд, ду — се забони хориҷиро мисли забони модарии худ донанд ва истифодаи технологияҳои электронии муосирро аз худ намоянд.

Шумо — ҷавонони азиз, ҳаргиз фаромӯш накунед, ки гузаштагони мо — тоҷикон дар тӯли тамоми таърих соҳиби саводу маърифат, китобу қалам, илму дониш ва офарандагони яке аз тамаддунҳои бостонӣ, инчунин, шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд.

Мисоли равшани ин Саразми 5500-сола ва дигар шаҳрҳои қадимии тоҷикон мебошанд.

Миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз таърихан соҳиби ғурури миллӣ ва ҳисси баланди миллӣ мебошад.

Итминон дорам, ки шумо-ворисони аҷдоди сарбаланду некноми мо бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки давлату Ҳукумат бароятон муҳайё кардааст, ҳамчун насли сазовори номи неки миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли худ ба камол мерасед.

Ватанро сидқан ва мисли ҷони хеш дӯст медоред, барои ҳимояи он ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани азизи худ, яъне давлати соҳибистиқлолу озоди тоҷикон заҳмат мекашед.

Бо чунин орзуҳои нек тамоми хонандагону донишҷӯён, аҳли маориф, олимону донишмандон, падару модарон, сокинони мамлакат ва ҳамаи шумо — ҳозирини муҳтарамро бори дигар ба ифтихори муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни миллӣ — 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил, табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Саодатманду сарбаланд ва муваффақу пирӯз бошед!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *