
23-юми октябри соли 2026 бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Асомиддинзода Шарофиддин, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муҳтарам Исмоилзода Баҳром Мансур, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзоёни ҳакамон, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ғолибони озмун ва падару модарон, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи шоҳмансури шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим оғоз намуда, тамоми иштирокдоронро ба чорабиниии бошукуҳи маърифатӣ самимона аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, ғолибону ҷоизадорони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро барои дастоварди арзандаашон табрик намуданд.
Инчунин, қайд карданд, ки мо дар фазои тантанавӣ на танҳо ғолибони як озмуни ҷумҳуриявиро қадршиносӣ мекунем, балки ба неруи ақлу хирад, қудрати дониш, фарҳанги китобхонӣ ва талошҳои созандае арҷ мегузорем, ки заминаи пешрафти ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллатро фароҳам меоранд.
Китоб дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамеша ҳамчун сарчашмаи дониш, хираду маърифат, омили ташаккули ҷаҳонбинӣ ва воситаи муҳимми камолоти маънавии инсон мақоми шоиста дошт ва дорад. Китоб инсонро ба андешидан водор месозад, уфуқҳои тафаккурро фарох мегардонад, роҳи шинохти таърих ва фарҳанги миллатро мекушояд ва ӯро ба сӯйи худшиносӣ, худогоҳӣ ва дарки масъулият дар назди ҷомеа раҳнамун месозад.
Маҳз аз ҳамин ҷост, ки фарҳанги китобхонӣ дар тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон ҷойгоҳи хосса дошта, осори гаронбаҳои ниёгони бузурги мо то имрӯз ҳамчун ганҷинаи бебаҳои маънавӣ хизмат менамоянд. Мероси Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо нобиғаи дигари илму адаб моро ба донишомӯзӣ, хирадварзӣ, инсондӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии башарӣ ҳидоят мекунад.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рақобат барои дониш, технология ва захираҳои зеҳнӣ рӯз ба рӯз меафзояд, китобхонӣ дигар танҳо як одати маънавӣ нест, балки яке аз омилҳои асосии рушди неруи инсонӣ, ташаккули тафаккури созанда ва таъмини пешрафти устувори давлату ҷомеа мебошад. Миллате, ки мехоҳад дар арсаи ҷаҳонӣ мақому манзалати шоиста дошта бошад, бояд пеш аз ҳама ба рушди маърифат, таҳкими дониш ва тарбияи насли соҳибхирад таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намояд.
Бо дарназардошти ҳамин ҳақиқати бунёдӣ, ташаббуси созанда ва маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аҳамияти бузурги миллӣ ва иҷтимоӣ касб менамояд.
Ин иқдоми арзишманд бо ҳадафи баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, кашфу муаррифии истеъдодҳои нав, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии ҷомеа роҳандозӣ гардида, дар ташаккули муҳити созгори маърифатӣ нақши муассир мегузорад.
Моҳияти аслии ин озмунро танҳо рақобат барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ ё дарёфти ҷоиза набояд маҳдуд созад. Арзиши бузурги он, пеш аз ҳама, дар бедор намудани муҳаббат ба китоб, ташаккули фарҳанги мутолиаи мустақилона, рушди қобилияти таҳлилӣ ва эҷодӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа таҷассум меёбад.
Муҳимтар аз ҳама, озмун ба мо ёдрас менамояд, ки ояндаи миллат аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавон вобастагии мустақим дорад. Насле, ки китоб мехонад, андеша мекунад, аз таърихи худ сабақ мегирад ва арзишҳои фарҳанги миллиро мешиносад, метавонад дар баробари мушкилоти замон устувор истода, барои ободиву пешрафти Ватани азиз саҳми арзанда гузорад.
Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатии мамлакат дар татбиқи ҳадафҳои давлат дар самти рушди маориф, тарбияи насли донишманд ва густариши фарҳанги китобхонӣ масъулияти хосса дорад. Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони пойтахт таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.
Дар ин замина, иштироки фаъолонаи хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногуни пойтахт дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шаҳодати он аст, ки муҳаббат ба китоб ва талош барои донишомӯзӣ метавонад ҷомеаро дар атрофи арзишҳои волои маърифат муттаҳид созад.
Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин ҳаракати маърифатиро ба як ҷузъи устувори фарҳанги рӯзмарраи ҷомеа табдил диҳем. Зарур аст, ки китобхонӣ на танҳо дар рӯзҳои баргузории озмун, балки дар тамоми давраи таҳсил ва зиндагии ҳар як шахс мавқеи арзанда дошта бошад. Муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо, оила ва ҷомеа бояд дар ин самт ҳамкории пайваста ва ҳадафмандона дошта бошанд.
Дар ин раванд, нақши омӯзгорон ниҳоят муҳим аст. Омӯзгор танҳо интиқолдиҳандаи дониш набуда, ӯ роҳнамои маънавӣ, тарбиятгари тафаккур ва бедоркунандаи шавқи маърифат дар қалби шогирдон мебошад. Маҳз омӯзгор метавонад тавассути муносибати эҷодӣ ба таълиму тарбия, тавсияҳои дуруст ва ташвиқи мутолиаи мустақилона дар ниҳоди хонанда муҳаббати пойдор ба китобро парвариш намояд. Ва имрӯз дар баробари омода намудани шогирдон ба озмун худ иштирок ва ғолибияти омӯзгорони шаҳри Душанбе дар озмуни мазкур моро хеле руҳбаланду мамнун гардонидааст.
Ҳамзамон, масъулияти падару модарон низ дар ин раванд басо бузург аст. Фарҳанги китобхонӣ нахуст дар муҳити оила ташаккул меёбад. Вақте кӯдак мебинад, ки китоб дар зиндагии падару модараш ҷойгоҳи муҳим дорад, ӯ низ ба мутолиа таваҷҷуҳ пайдо мекунад. Аз ин рӯ, бояд муҳаббат ба китоб ба як арзиши муштараки оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа табдил ёбад.
Имрӯз дар ин маросим мо заҳмату талоши нафаронеро қадршиносӣ менамоем, ки бо мутолиаи пайваста, иродаи қавӣ ва шавқи беандоза ба дониш ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Ба ҳамаи ғолибон ва ҷоизадорони озмун самимона табрик мегӯям. Дастоварди имрӯзаи шумо натиҷаи заҳмати пайваста, муҳаббат ба китоб ва саъю талош барои такмили дониш аст. Ҷоизаи бадастовардаатон на танҳо нишони эътирофи қобилияту кӯшишҳои шумо, балки масъулияти бештар дар роҳи донишандӯзӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа мебошад. Барои Шумо ғолибони озмун комёбӣ дар даври ниҳоии озмун таманно дорам.
Дар баробари ин, мехоҳам таъкид намоям, ки иштирок дар чунин озмун худ дастоварди шоиста аст. Ҳар касе, ки барои мутолиаи китоб, такмили дониш ва рушди маънавии худ талош мекунад, дар роҳи камолоти шахсӣ қадами муҳим мегузорад. Аз ин рӯ, ҳамаи иштирокчиёни озмун сазовори эҳтиром ва қадршиносӣ мебошанд.
Ба омӯзгороне, ки дар омодасозии иштирокчиён саҳми арзанда гузоштаанд, ба падару модароне, ки фарзандони худро ба роҳи донишомӯзӣ ҳидоят намудаанд, инчунин ба аъзои комиссия, ҳайати ҳакамон ва ҳамаи масъулони баргузории озмун барои заҳмати софдилона ва саҳми арзандаашон изҳори сипос намуданд.
Сипас сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Асомиддинзода Шарофиддин ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муҳтарам Исмоилзода Баҳром Мансур суханронӣ намуда, тамоми ғолибон ва дастандаркоронро барои дар сатҳи баланд баргузор ва ҷамъбаст намудани озмуни мазкур изҳори сипос ва миннатдорӣ намуданд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки бовар дорем, ки дастовардҳои имрӯзаи ғолибон барои дигар ҷавонону наврасон намунаи ибрат гардида, онҳоро ба мутолиаи бештар, омӯзиши амиқи осори адабӣ ва илмӣ ва ҷустуҷӯи пайвастаи дониш ҳидоят хоҳанд кард.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки сармоягузорӣ ба дониш ва маърифати инсон сармоягузорӣ ба ояндаи давлат аст. Китобхонӣ бояд ба фарҳанги устувори ҷомеа, донишомӯзӣ ба арзиши зиндагӣ ва маърифат ба омили асосии пешрафти ҳар як шахс табдил ёбад.
Бигзор, чароғи маърифат дар ҳар хонадон фурӯзон, муҳаббат ба китоб дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар пойдор ва саъю талоши насли ҷавон дар роҳи донишомӯзӣ пайваста бошад ва шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти соҳибистиқлоли Тоҷикистон минбаъд низ ба маркази пешрафти илму маърифат, кашфи истеъдодҳо ва тарбияи насли соҳибхирад табдил ёфта, дар таҳкими фарҳанги китобхонӣ ва рушди неруи зеҳнии миллат саҳми арзанда гузорад.
Тибқи натиҷаҳои даври шаҳрии озмун, 114 нафар иштирокчӣ барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибону ҷоизадорони даври шаҳрии озмун ва омузгороне, ки шогирдонашон ҷойҳои 1, 2 ва 3 ишғол намудаанд бо Ҷом, диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба хотири бозҳам болидарухии иштирокдорон ва ғолибони озмун чорабинии фарҳангӣ, ки аз ҷониби муҳассилини Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе омода гардида буд, пешкаш карда шуд.












