Вазири маориф ва илм бо шароити озмоишгоҳҳои Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд шинос гардид

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки таълиму тарбия, шароиту имконияти таҳсилу фаъолият ба пойгоҳи моддии муассисаи таълимӣ вобаста буда, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба он вобастагии зич дорад. Ташкили теъдоди зиёди озмоишгоҳҳои фаннӣ мувофиқ ба ихтисосҳои донишкада намунаи пайравӣ ба дигар муасссисаҳои олии мамлакат арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон ба иҷрои Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба сатҳи омодагиҳо ба соли нави хониш, фаъолияти дохилии комиссияи қабули донишкада ва дигар масоили рўзмарра таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ба роҳбарияти донишкада ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши донишҷўён, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дастуру супоришҳои махсус дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *