Падарону модарони арҷманд, омӯзгорони гиромиқадр, хонандагони азиз!
Тавре ки медонед, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба рушди маорифи кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешравии ин соҳаи ниҳоят муҳим мунтазам чораҳои судманд меандешад, чунки таълиму тарбияи наслҳои соҳибмаърифату созанда яке аз воситаҳои рушди ҷамъият, мустаҳкамии қудрати давлат ва побарҷойии тамаддунҳо мебошад.
Шоир ин нуктаро дарк намуда, гуфтааст:Пояи давлат намонад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.Ин ҳама таваҷҷуҳ ва дастгириҳо масъулияти моро беш аз пеш зиёд намуда, ҷиҳати дар сатҳи арзанда анҷом додани рисолати шаҳрвандиву касбии хеш ҳидоят мекунад.
Дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи маориф, аз ҷумла, таҳияи китобҳои дарсӣ тадбирҳои судманд андешида шуд. Дар давоми солҳои 2000 – 2022 850 номгӯйи китоби дарсӣ ба миқдори зиёда аз 50 млн нусха барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нашр ва дастрас гардонида шудааст. Айни замон бо дарназардошти ислоҳоти соҳаи маориф, татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим, “насли нав”-и китобҳои дарсӣ рӯйи чоп омада истодааст.
Ҷиҳати тарғиби истифодаи дуруст ва оқилонаи технологияҳои иттилоотии замонавӣ бо ҷалби омӯзгорони пуртаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ 2001 дарси видеоӣ барои хонандагони синфҳои 1 – 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯйи 14 фанни таълимӣ таҳия шудааст. Ҳамзамон, навори видеоии 21 китоби бадеии бачагона омода гардида, тариқи шабакаҳои телевизионӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Дар баробари ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас гардонидани шакли чопии китобҳои дарсӣ, гунаи компютерии 147 номгӯйи онҳо низ барои истифода дар телефонҳои ҳамроҳ, планшет ва компютерҳо мувофиқ гардонида шуда, дар сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.maorif.tj) ва китобхонаи электронии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (marifat.tj) ҷойгир карда шудааст.
Мову шумо бояд дар ҷавоб ба дастгириҳо ва ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистони азизамон пайваста кӯшишу ғайрат нишон дода, фарзандону шогирдонамонро дар руҳияи меҳандӯстӣ, хештаншиносӣ, башардӯстӣ ва ободкорӣ тарбия намоем, то ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, ҳамчун фарзандони бонангу номуси ин сарзамин ҳақгӯву ҳақҷӯй ба воя расида, бо корҳои шоиста номбардори Ватан бошанд.
Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ барҳақ зикр карда: «Барои ба роҳ андохтани мактаб ва маорифи тоҷик ҳозир намудани муаллим чӣ қадар лозим бошад, тайёр кардани китоб ҳам ҳамон қадар зарур аст».
Ҳарчанд масъалаи норасоии китоби дарсӣ дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то андозае ҷой дорад, баробари ин, имрӯз китобҳои дарсӣ барои аксарияти хонандагон дастрас мебошанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурра бартараф намудани мушкилоти норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд ва айни замон корҳо дар ин самт идома доранд.
Аммо санҷишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тартиб ва фарҳанги истифодаи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ беҳбудӣ мехоҳад. Ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аз беаҳаммиятии баъзе омӯзгорон ва падарону модарон истифода бурда, хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ бе китобҳои дарсӣ ҳозир мешаванд, ки чунин муносибат ба донишандӯзии онҳо ва умуман, ба сифати таҳсилот бетаъсир буда наметавонад.
Бинобар ин, аз падарону модарон ва омӯзгорон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ин масъала ҷиддан аҳаммият дода, ҷиҳати пешгирӣ кардани чунин ҳолатҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Хонандагони азиз! Китобҳои дарсиро самаранок истифода бурда, дониш андӯзед ва онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоед, то ба дасти хонандагони дигар дар шакли матлуб бирасанд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»