САФАР БА ТОҶИКИСТОН — ҚАДАМИ НАВ БАРОИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Дар доираи ташрифи ректори Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Пензаи Федератсияи Русия Пащенко Дмитрий Владимирович барои ширкат дар Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон 3 марти соли 2023 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо хатмкунандагони синфи 11-и гурӯҳҳои забони таҳсилаш русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №16, 20, 28, 32, 42, 54, 66, 78, 92, Гимназияи №74 ва Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар оғоз Пащенко Дмитрий Владимирович бо ҳамроҳии директори Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” Р.Одиназода ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Б.Исмоилзода аз шароиту имконият ва дастовардҳои муассиса шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби Пащенко Дмитрий Владимирович вобаста ба шароити таҳсил, имконияту имтиёзҳои довталабон барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Пензаи Федератсияи Русия маълумоти мушаххас дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳ аз 7 факулта ва 26 кафедра иборат буда, айни ҳол зиёда 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муассиса таҳсил менамоянд.

Дар анҷом хатмкунандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Маълумоти бештарро метавонед аз Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо суроғаи Мирзо Турсунзода 47 ё ин, ки тавассути рақамҳои телефонии +992 372 232359 дастрас намоед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *