БАРОИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» 2 МИЛЛИОНУ 467 ҲАЗОРУ 400 СОМОНӢ ҶУДО МЕГАРДАД

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №81 АЗ 28.02.2023

Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-330 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, инчунин, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии пойтахт дар ин самт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”ҚАРОР МЕКУНАМ :

1. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”дар шаҳри Душанбе тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2022, №АП-330 тасдиқ гардидааст, баргузор карда шавад.

2. Ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҷӯӣ намоянд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда барои соҳаи маориф 2 467 400 (ду миллиону чорсаду шасту ҳафт ҳазору чорсад) сомонӣ дар соли 2023 ба таври нақд ҷудо намояд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории озмунро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Рустами Эмомалӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *