13-15 март дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Анҷумани ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Анҷумани мазкур таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» доир карда шуда, зимни он ректорони ду давлат дар самти ташкили самараноки раванди таълим ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави таълимӣ табодули таҷриба хоҳанд намуд.
Зимни он дар назар аст, ки ректорони донишгоҳҳои олии ду давлат байни ҳам созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.