Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқбол аз ҷашни байналмилалии Наврӯз 21 марти соли равон вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар ҳамроҳӣ бо раиси ноҳия Икромиддин Вализода бо собиқадорони меҳнат суҳбату дидорбинӣ намуданд.
Зимни дидорбинӣ вазири маориф ва илм ва раиси ноҳия бо омӯзгорони собиқадор Талбак Файзуллоев (соли таваллудаш 1940) ва Абдухолиқ Холов (соли таваллудаш 1939), ки айнӣ ҳол дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён давлати пирӣ меронанд, суҳбати самимӣ карда, онҳоро аз номи Пешвои муаззами миллат бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, хонаободӣ, хотирҷамъӣ ва рӯзгори некро таманно намуданд. Ба омӯзгорони собиқадор барои хизматҳои бисёрсола ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас туҳфаи Вазорати маориф ва илм ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён тақдим гардид.
Ҳамчунин, Раҳим Саидзода ва Икромиддин Вализода аз ҳолу аҳволи модари 112-сола Ғазалбӣ Низомова шинос гардида, ба ӯ бахшида ба ҷашни байналмиллаии Наврӯз туҳфаҳои моливӣ супориданд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон