Муҳтарам аҳли маорифи кишвар!
Устодон ва шогирдони азиз!
Мо хушбахтем, ки дар кишвари ободу зебо ва пешрав кору зиндагӣ мекунем, ҳаёти осоишта дорем. Диёри арҷмандамон пайваста рушд меёбаду қадамҳои устувор ба пеш мегузорад. Ин ҳама муҳити созгор ва комёбиҳои беназир дар Ватани маҳбуби мо ба шарофати азму иродаи қавии давлатдорӣ, ҷасорату матонати бузург, азму талоши пайваста ва хиради волою сиёсати ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст. Сарвари кишвари мо аз нахустрӯзҳои ба фаъолияти роҳбарӣ оғоз бахшиданашон баҳри таъмини амният ва бартарафсозии кулли мухолифатҳои дохилӣ ҷидду ҷаҳд карданд ва азм бар он намуданд, ки дар ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Ваҳдати миллӣ пойдору устувор карда шавад. Пешвои миллат Ваҳдати миллиро муҳимтарин омили истиқлоли воқеӣ ва ободонии мамлакат эълон карда, ҳамагонро ба ҳиссагузорӣ барои расидан ба ин омили давлатсозу неруи сулҳофар даъват намуданд. Пешвои миллат худ бо тамоми ҳастӣ, бо иродаи устувору азми қатъӣ ҷон ба гарав барои тантанаи ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар мубориза бурданд ва ба комёбӣ расиданд. Корномаи қаҳрамононаи Сарвари кишвари тоҷикон дар арсаи Сулҳу Ваҳдати миллӣ ҷаҳониёнро ангушти ҳайрат ба лаб гузошт, таваҷҷуҳи бузургтарин сиёсатмадорони оламро ҷалб намуд ва ба мактаби беназири сулҳофаринӣ табдил ёфт. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора худ чунин зикр кардаанд: «Ҳарчанд ки ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди бисёр вазнину сангин ва тӯлониву пурмашаққат буд, вале хушбахтона, ҷаҳду талоши фарзандони содиқи халқи тоҷик бо сулҳу оштӣ ва ваҳдату ягонагӣ анҷом пазируфт, ки он имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ эътироф шудааст». Пешвои миллат Ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди ниҳоят пурарзиши тоҷикон, шарти асосии некуаҳволии халқ ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватан тавсиф бахшидаанд.
Дар воқеъ, ҳодисае, ки бисту шаш сол қабл аз ин – 27 июни соли 1997 ба вуқуъ пайваст — Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон саҳифаи наву бесобиқа ва пурифтихоре дар таърихи давлату давлатдории тоҷикон зам кард. Тоҷикистон ваҳдатистон шуд, ба ошёни сулҳ табдил ёфт ва марҳалаи тозаи ҳаёти худро, марҳалаеро, ки ҳамагон ба ҷовидониву безаволии он итминони комил дорем, оғоз бахшид. Бо имзои ин санади тақдирсози Сулҳу Ваҳдати миллӣ обрӯю эътибори миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бештар афзуд ва ҳамакнун даҳсолаҳост, ки: Қиссаи Ваҳдати моро ба ҳама ҷо донанд,
Сухан аз Сулҳ равад, Сарвари моро хонанд.
Ваҳдати миллӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвари маҳбубамон бахту барор, комёбию пирӯзӣ ва неруи тоза овард, илҳомбахши ҳамагон дар ҷодаҳои зиндагӣ гардид ва марҳалаи бузурги бунёдкориҳоро оғоз бахшид. Аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ дар як давраи начандон тӯлонӣ дар ҷумҳурӣ он қадар навгониҳои нишотбахше рух доданд, ки таърихи миллат ёд надорад. Дар азму талошҳои бунёдкоронаи халқи тоҷик ҳаққонияти ин ҳикмати дерин бори дигар собит гашт: «Агар халқ якдилу иттифоқ ва ҳаммаром бошад, давлат мешукуфад». Имрӯз шукуфоиву пешрафти кишвари тоҷиконро метавон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба мушоҳида гирифт. Аз ин лиҳоз, қотеъона метавон гуфт, ки файзи Ваҳдати миллӣ дар соҳаи маориф, соҳае, ки аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдирсоз ва афзалиятнок эълон шудааст, бозтоби бештар муҷалло дорад. Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари кишвар давра ба давра маблағгузорӣ ба соҳаи маориф зиёд гардида, қарору қонунҳои муҳим ба тасвиб расонида шуданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва як силсила барномаҳои давлатӣ бунёди ҳуқуқии таҳсилотро дар мамлакат устувор намуда, ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд. Ҳамчунин, бунёди муассисаҳои таълимӣ дар саросари кишвар тақвият ёфт ва ҳамасола даҳҳо муассисаи нави таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданду ин раванд то ба имрӯз бомаром идома дорад.
Мазмуну муҳтаво ва сатҳу сифати таҳсилот ба шарофати кӯшишу азми аҳли маориф дар ҷумҳурӣ пайваста такмил бахшида мешавад. Ҳоло дар мамлакат Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) бомуваффақият идома дорад ва ба ин муносибат тадбирҳои зиёде дар амал татбиқ карда мешаванд. Мо ифтихормандем, ки хонандагони таълимгоҳҳоямон дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мунтазам ширкат варзида, ба комёбиҳо даст меёбанд ва Парчами ҷумҳуриро дар арсаҳои байналмилалӣ баланд мебардоранд. Сафи омӯзгорони навовару эҷодкори мамлакат батадриҷ меафзояд ва аҳли таълиму тарбия ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолияти худро пайваста вусъат мебахшанд. Аҳли маориф дар қатори тамоми сокинони Ватани азизамон шукрона аз он доранд, ки Сулҳу Ваҳдати миллӣ барояшон муҳити созгори кору зиндагӣ фароҳам овардааст ва фазои сиёсию маънавии ҷумҳурӣ ҳамеша поку беғубор аст. Ин гуна муҳити дилписанду фараҳбахшро бояд мудом ҳифз карду пос дошт, ба қадри он бояд расид ва аз он ифтихор бояд кард. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид бинмудаанд: «Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати миллию давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».
Дар ҷодаи Ваҳдати миллӣ ин суханони падаронаи Сарвари кишвар бояд ҳамеша дар мадди назари мо — аҳли Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз! Ҳамеша хушбахту сарбаланд ва комёбу сиҳатманд бошед!