БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ”

Имрӯз бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” даври ниҳоии озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи Конститутсия” оғоз гардид. Ин чорабинии муҳимми маърифатӣ бо ҳадафи таҳкими донишҳои ҳуқуқии насли наврас, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба қонуни асосии кишвар роҳандозӣ шудааст.

Дар маросими кушодашавӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе – Исмоилзода Баҳром Мансур, кормандони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, кормандони муассисаҳои давлатии марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе, омӯзгорон ва хонандагон ширкат варзиданд.

Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур бо сухани табрикотӣ баромад намуда, таъкид карданд, ки баргузории чунин озмун дар арафаи Рӯзи Конститутсия дорои аҳаммияти махсуси сиёсӣ ва маънавӣ дошта, аз он шаҳодат медиҳад, ки Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи ягонагӣ, сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ аст. Ӯ бо хонандагон суҳбати озод ороста, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳуқуқдонӣ ва ҳуқуқшиносии худро такмил дода, арзишҳои конститутсиониро дар зиндагии ҳаррӯза амалӣ намоянд. Конститутсияро барҳақ бахтномаи миллат меноманд, зеро он ифодакунандаи манфиат ва ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст.

Ин санади тақдирсози миллат бо ибтикор ва ташаббуси ваҳдатофаринӣ ва меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковату иродаи мардуми фарҳангсолор ва тамаддунофари тоҷик қабул гардида, барои амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷиҳати эъмори бинои муҳташами Истиқлолият ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии кишвар пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявию маънавии давлат ва роҳи интихобкардаи моро муайяну мушаххас намуда, сарчашмаи тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимоятгарӣ манфиатҳои ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад.

Имсол қабули Конститутсияро 31 сол мешавад. Воқеан ҳам, 31 соли эҳё ва рушди Конститутсия аз рӯйдодҳои бузурги созандагӣ ва дастовардҳои беназир дар соҳаҳои мухталиф шаҳодат медиҳад. Дар ин солҳо дар ҳаёти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ рӯй кор омаданд.

Бо мақсади дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ҷашни 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ, дуруст дарк намудани Конститутсия аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, инчунин, иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23.09.2025, №613 “Дар бораи таҷлили ҷашни 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” миёни хонандагони синфҳои 8-11 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсия” ба нақша гирифта шуда ва имрӯз оғози он мебошад.

Шумо хонандагони гиромӣ, иштирокчиёни даври шаҳрии озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсия” буда, ҳамчунин хонандагони фаъоли ноҳияҳои пойтахт ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, барои бозҳам рушди сифати таҳсилот ва ошкор ва муайян намудани донишҳои шумо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки чунин як озмуни муҳимро ба роҳ монад.

Ҳамзамон, дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни шаҳрии иншои беҳтарин ва расми беҳтарин таҳти унвони «Конститутсия – рамзи Истиқлол» баргузор гардид.

Дар идомаи чорабинӣ қайд карда шуд, ки ҷараёни озмун бо шаффофият сурат мегирад ва баҳогузорӣ аз рӯйи дониш, малака ва сатҳи фаҳми ҳуқуқии иштирокчиён анҷом дода мешавад. Дар фазои идона ва пурмасъулият иштирокчиён ба саволҳои тестӣ ва шифоҳӣ посух дода, аз муҳаббат ва эҳтироми хеш нисбат ба Қонуни асосии кишвар шаҳодат доданд. Озмун одилона натиҷагирӣ гардида, беҳтаринҳо дар арафаи Рӯзи Конститутсия аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *