Дар доираи даври «Менеҷменти роҳбарӣ», ки тибқи нақшаи тақвимии даврҳои такмили ихтисос ва машваратҳои махсуси филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, вобаста ба мавзуи лаёқатмандии хонадагон машғулияти таълимӣ баргузор гардид.
Машғулияти мазкур бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф аз ҳисоби кормандони фаъоли соҳа, махсусан занон ва ҷавонони болаёқат ва таъмини ҳайати захираи кадрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мегардад.
Дар машғулият роҳбари Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба иштирокчиён роҳу усулҳои муосири дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқатро тавзеҳ дода, ғолибияти хонандагон дар озмунҳои сатҳи шаҳр, ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ, инчунин дар миқёси ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои олимпиадаҳои фаннӣ ҷойи аввал касб карданро ҳамчун натиҷаи татбиқи методологияи мукаммали кор бо хонандагони болаёқат шарҳ дод.
Дар интиҳои машғулият иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни масъала, аз ҷумла нуктаҳои ташхиси лаёқатмандӣ ва самтҳои он ва тартиб додани барномаҳои инфиродӣ барои самт ва сатҳҳои гуногуни лаёқатҳо саволҳои худро манзур намуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.