Дар Маркази байналмилалии кӯдаконаи «Артек»-и Сочи натиҷаҳои озмуни умумирусиягии «Танаффуси калон» ҷамъбаст шуданд. Дар озмун зиёда аз 900 хонанда аз 30 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дар озмуни байналмилалӣ 12 ҷавони тоҷик аз Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд иштирок намуда, се нафарашон дар номинатсияҳои худ ғолиб омаданд. Ин се нафар ба «Сайри орзуҳо»- аз шаҳри Санкт-Петербург то Владивосток роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар идомаи сафар хонандаҳои тоҷик метавонанд кӯҳҳои Урал, Карелия, кӯли Байкал, космодром «Шарки» — ро бубинанд ва инчунин дар барномаи таълимӣ ва фарҳангӣ иштирок намоянд.
Дар озмун хонандаҳо ва хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои мамлакат лоиҳаҳои таҳиякардаи худро муаррифӣ намуда, назари худро дар бораи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон баён доштанд.