ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ДАВРАИ МУТОБИҚШАВИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ ЯКУМ БА МУҲИТИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2023-2024

27 июли соли ҷорӣ бо мақсади ташкил ва баргузор намудани давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ барои соли таҳсили 2023-2024 фармоиши вазири маориф ва илм ба имзо расид, ки дар он гуфта мешавад:

1. Давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ барои соли таҳсили 2023-2024 аз 07.08.2023 то 18.08.2023 ба муҳлати 10 рӯзи таълимӣ муқаррар карда шавад.

2. Ба сардорони Сарраёсати маорифи шахри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон ва сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода шавад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимиро тибқи муқаррароти Барномаи давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ (қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/18) амалӣ намоянд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *