Шуруъ аз 15 августи соли 2023 аз ҷониби гуруҳи кории Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт вазъи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли таҳсили 2023-2024 мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.
Аз ҷумла, 15 август гуруҳи корӣ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 6, 8, 10, 11 ва Литсейи №5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дидан намуданд. Гуруҳи корӣ аз рўйи номгўи масъалаҳо: оинномаи муассиса, аттестатсия ва аккредитатсия, қабули хонандагон ба синфи якум, лоиҳаи нақшаи корӣ ва ҳисоботи солона, иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, журналҳо ва ҷадвали дарсии муваққатӣ, камераҳои назоратӣ, ҳолати физикии бино, гирду атроф, вазъи санитарӣ-гигиении муассиса, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва аз назорати тиббӣ гузаштани кормандон, ҳолати компютерҳо, ороиши синфхонаҳо ва кабинетҳои таълимӣ, омодагии муассисаҳо ба фасли зимистон (шишабандии дуқабата, бо маводҳои безараргардонӣ коркард намудани бомҳо, санҷиши ноқилҳои барқӣ, харидани маводҳои сўзишворӣ, мавҷуд будани генераторҳо), ҳолати зидди сўхтор дар муассиса, фаъолияти иттифоқи касаба ва ҳуҷҷатгузории он, аз аттестатсия ва курсҳои такмили ихтисос гузаштани кормандон, ҳолати варақаи шахсии кормандон ва дафтарчаҳои меҳнатӣ, таъмини муассиса бо кадрҳои омўзгорӣ, базаи моддӣ-техникии муассиса ва ғайра мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дидашуда, таъмири ҷории биноҳо, рангуборкунии синфхонаҳо ва роҳравҳо, таъминот бо мизу курсӣ ва тахтаҳои синфии электронӣ, таъмини синфхонаҳои физика, химия бо мизу курсиҳои замонавӣ ва инчунин анҷом додани корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ дар гирду атрофи муассисаҳо ташкил карда шудааст.
Ҳоҷатхонаҳои дохилии бино ва наздиҳавлигӣ аз таъмир баровардашуда бо хатти об таъмин ва бо қубурҳои корезӣ ва ба системаи корезии умумишаҳрӣ пайваст карда шудааст.
Дар маҷмуъ муассисаҳои таҳсилоти умумии мавриди омӯзиш қарордодашуда ба соли нави таҳсили 2023-2024 омода буда, аз ҷониби гуруҳи корӣ оид ба бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта кӯмакҳои методӣ расонида шуд.