СЕМИНАР — МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар таърихи 19 августи соли 2023 дар асоси фармоиши Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 3 августи соли 2023, №100/7 ва мактуби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 1163/2 аз 3 августи соли ҷорӣ оид ба ташкил ва баргузор намудани машваратҳои августӣ ва маҷлисҳои васеи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади паҳн кардани таҷрибаи пешқадам, дастовардҳои илми педагогӣ, истифодаи технологияи муосири таълим, тарғиби эҷодкорӣ, воқиф намудани омӯзгорон аз тағйиру иловаҳои нақшаву барномаҳои таълимӣ, муайянкунии роҳҳои самарабахши баланд бардоштани сатҳ ва сифати таҳсилот дар заминаи филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе барои мудирон ва мушовирони кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маориф, кормандони самти педагогикаи истисноӣ (инклюзивӣ) ва марказҳои инкишофи кӯдакон, семинар машварти августӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе аз тарафи маъмурияти филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе профессорон, дотсентон, номзадони илм ва омӯзгорони кафедраҳо даъват шуда, оид ба мавзӯҳои интихобӣ семинар – машварат баргузор намуданд. Рафти семинар — машварат бо мудирон ва мушовирони кабинетҳои методии раёсату шуъбаҳои маориф дар мавзуҳои «Муносибати босалохият дар раванди таълим ва афзалияти он дар беҳтар гардидани сатҳ ва сифати таълим» ва «Арзёбии сифати дониши хонандагон — омили муҳими баланд бардоштани сифати таълим» зери роҳбарии омӯзгорони калон — Қодиров Набӣ ва Бобоҷонова Ҳафиза, маркази инкишофи кӯдакон дар мавзуҳои «Истифодаи маводи аёнӣ — омили муҳими ташаккули фикрии кӯдакон» ва «Мавқеъи омӯзгор — мураббӣ дар амалӣ намудани омӯзиши фаъол дар инкишофи кӯдакони синни томактабӣ» зери роҳбарии дотсент, номзади илмҳои педагогӣ — Қурбонова Гулру ва Одинаева Ноз ва бо педагогикаи истисноӣ (инклюзивӣ) дар мавзӯҳои «Заминаҳои ҳуқуқӣ, равонӣ ва педагогии ташкили таҳсилоти маҳдуддошта дар раванди таҳсилоти фарогир» ва «Мушкилоти тарбия ва таъмин намудани омодагии бачагони имконоти маҳдуддошта ба ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзанд» зери роҳбарии профессор — Маҷидова Бибиҳафиза.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *