23 августи соли 2023 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, директори Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Солеҳов Фатҳуддин, Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм, муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷонзода Уктам, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимии методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Муясара Шариф, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо Ғафоров Муҳамадҷон Таваралиевич, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зуҳурова Зарина, муовинони раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ Шарифзода Дилбар, Сино Сафарализода Ситора Сафаралӣ, Шоҳмансур Нурляминова Саида, Фирдавсӣ Шукурзода Саодат, муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мансуров Баҳром, собиқадорони соҳаи маориф, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе таҳти унвони “Таҳсилоти рақамӣ – омили муҳими рушди соҳаи маорифи пойтахт” бо садо додани Суруди миллӣ баргузор шуд.
Тибқи рӯзномаи Конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа — Одилзода Дилбар Раҳим баромад намуда, зикр намуданд, ки танҳо дар соли соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 7 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 924 ҷой ва 10 адад муассисаи таълимӣ барои 9090 нафар хонанда дар як баст ба маблағи зиёда аз 606 млн. 927 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар назар аст, ки дар арафаи оғози соли таҳсили 2023-2024 2 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 350 ҷой ва 5 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4344 нафар хонанда дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду азнавсозии 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 2110 ҷойи нишаст ва 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 11396 ҷойи нишаст оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд.
Бояд қайд намуд, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо теъдоди 31471 нафар тарбиягиранда фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 732 тарбиягиранда зиёд гаштааст.
Шумораи муассисаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Душанбе айни замон 199 ададро бо фарогирии 274920 хонанда ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 6 адад муассисаи таълимӣ ва 6518 нафар хонанда зиёд мебошад.
“Таҳсилоти рақамӣ – омили муҳими рушди соҳаи маорифи пойтахт” унвон гирифтани ҳамоиши имрўза бесабаб набуда, он пеш аз ҳама ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ, истифодаи самарноку мақсаднок аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди соҳаи маориф бо истифода аз ҳамаи шароиту имконоти пойтахти кишвар, дастраси ба дастовардҳои илму техника ва фанновариҳои муосир, таҳким ва таъмини устувории робитаи муассисаҳои таълимӣ бо оила ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмини таҳсилоти босифат ва ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳони муосир дар шароити рушди технологияҳои рақамиро дар назар дошта, дар ин самт низ бо роҳнамоии мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Роҳандозии низоми муосири иттилоотӣ тавассути “Барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе самараи таваҷҷўҳи хосаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи маориф мебошад. Муҳим он аст, ки барномаи мазкур пурра ройгон буда, ҳамаи хароҷот вобаста ба татбиқи он бо дастгирии муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пардохт шудааст.
Ҳоло барномаи мазкур, дар 105 муассисаи таълимии пойтахт пурра роҳандозӣ гардида, шурӯъ аз соли таҳсили нав боз дар 45 муассисаи таълимӣ ин низоми нав тадбиқ карда мешавад.
Илова бар ин бояд қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт аз олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар маҷмуъ 1414 (1178 ҷумҳуриявӣ ва 236 байналмилалӣ) медал ба даст оварда, тибқи маълумотҳои ҷамъбастии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо сазовор гардидан ба 1178 ҷои ифтихорӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҷои аввал қарор дода шуд.
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм–фурӯғи маърифат» бошад, тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии онҳо 5 млн. 342 ҳазору 360 сомонӣ ҷудо карда шуда, дар ин давра марҳилаҳои якум ва дуюми озмунҳои мазкур бо иштироки 104386 нафар, аз ҷумла «Фурўҳи субҳи доноӣ китоб аст» 66534 нафар ва «Илм–фурӯғи маърифат» 37 852 нафар баргузор гардиданд, ки аз шумораи умумии иштирокчиёни ин даврҳо 66174 нафарашонро хонандагони муассисаҳои таълимӣ ташкил медиҳанд.
Ҷиҳати дарёфт, ҳавасмандагардонӣ ва рушди минбаъдаи қобилиятҳои хонандагони соҳибистеъдод бошад, дар ин давра бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе озмунҳои шаҳрии «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» ва «Тоҷи сар ҷумла ҳунарҳост илм» баргузор карда шуда, Форуми II навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе таҳти унвони «Килки сабз» ва Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кўдакон ва наврасон таҳти унвони «Истеъдодҳои наврас» доир гардида, иштирокчиёни фаъоли онҳо бо диплому ифтихорнома ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар тавраи таътили тобистонаи соли 2023 бошад, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 майи соли 2023, №229 ташкил карда шуда, тибқи он дар 4 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ 3320 нафар истироҳаткунада ва 472 кормандону мураббиён, инчунин дар 133 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассиаҳои таълимӣ 5760 нафар кўдакону наврасон дар 4 баст фаро гирифта шуданд. Илова бар ин дар давраи таътили тобистона дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Зимчуруд” ва “Шарора” барои таълимгирандагони Муассисаҳои давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо” ва “Маркази кўдакон ва наврасон” – и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе лагерҳои истироҳативу омўзишӣ бо фарогирии 200 нафар ҳар кадом ташкилу баргузор карда шуданд.
Дар шароити имрўза омўзиши фанҳои дақиқ, бахусус, омўхтани самтҳои техника ва технологияи муосир нақши калидӣ дошта, рўй овардан ба илмомўзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди кишвар ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ва бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва рушду тараққиёти илми муосир Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040 – ро “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”эълон намуданд.
Аҳли маорифи пойтахт баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омўзиши амиқи илмҳои табӣ, риёзӣ, дақиқ ва забономўзӣ, алалхусус, забонҳои русӣ ва англисӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар руҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намудани насли ояндасози миллатро маҳаки асосии фаъолияти худ ҳисобида, соли 2022-ро “Соли мутолиаи китоб ва рушди сифати таҳсилот” дар муассисаҳои таълимӣ эълон карда буд.
Бо қарори ҳайати мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мазкур соли 2023 ва панҷ соли минбаъдаро низ “Соли мутолиаи китоб ва рушди сифати таҳсилот” ва “Солҳои фарҳанги истифодаи фазои Интернет” эълон намудааст, ки боиси дастгирӣ мебошад.
Омили дигари баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дараҷаи азхудкунии фанҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ин таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ ба шумор меравад.
Дар амалигардонии мақсад ва вазифаҳои “Барномаи таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷҷаҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо 1962 адад кабинетҳои фаннӣ таъмин карда шудаанд.
Шумораи компютерҳо ба 15638 адад, тахтаи электронӣ 1906 адад, проектор 1999, принтер 1442 адад, сканер 452 адад, камераҳои мушоҳидавӣ 8495 адад расонида шуда, барои тарғибу оммафаҳм гардонидани раванди таълиму тарбия истифода бурда мешаванд.
Илова бар ин, баҳри омӯхтани таҷрибаи пешқадами мушаххаси босамари педагогӣ, усулҳои нави таълиму тарбия, технологияҳо ва инкишофи минбаъдаи онҳо, татбиқи босамари муносибати босалоҳият ба таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаи таълимӣ ташкил гардида, бо мақсади ноил шудан ба сатҳи баланд ва сифати таълими дарсҳо бо истифода аз принсипҳои муосири дидактикӣ, технологияҳои инноватсионӣ, равишҳои методӣ ва методологӣ дар назди Филилаи Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон” дар шаҳри Душанбе иттиҳоди ихтиёрии омӯзгорон зери унвони “Мактаби маҳорати педагогӣ” таъсис дода шуд, ки олимону мутахассисони соҳаи маориф ва омӯзгоронро муттаҳид намудааст.
Мақсади меҳварии семинар — машваратҳои августии кормандони соҳаи маориф, ки дар кори бахшҳои он имсол зиёда аз 8650 нафар аз ҷумла, устодон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тамоюли омӯзгоридошта, кормандони Маркази таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе”, мутахассисони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, Маркази таҳлили иттилоотӣ, Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдод, Марказҳои кӯдакон ва наврасони ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе, мураббиён, омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф, ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи маориф иштирок намуданд, баррасии масъалаҳо марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ҳамчун як раванди меҳварии тарбия ва таълим, кор бо омӯзгор ва роҳу усулҳои баҳодиҳӣ ба фаъолияти омўзгор дар шароити гузариш ба низоми рақамикунонии раванди таълим, дарки арзиши муоширати шахсии омӯзгор ва хонанда, ҷустҷӯи роҳҳои нави тарбияи кӯдакону наврасони замони мусоир ва қонеъ намудани талаботи онҳо дар ҷаҳони бемайлони тараққиёти техника ва технология, дарёфт, рушд ва дастгирии хонандагони болаёқату соҳибистеъдод буда, ҳар яки моро зарур аст, дар ба воя расонидани насли бедорфикру босавод, ватандӯсту худогоҳ, пешоҳангу бонангу номус ва ворисони асили ин сарзамину ин миллат саҳмгузор бошем.
Бо мақсади муҳайё намудани шароиту имкониятҳои замонавӣ барои тарбияи наврасону ҷавонон, ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва дар ин замина таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҷҷази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, дар ҳошияи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ намудани барномаҳои гуногун ва роҳандозӣ намудани озмунҳои зеҳнӣ ва тафаккурро таҳрикдиҳанда байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони болаёқат ва баланд бардоштани мақоми омӯзгорону мураббиён аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ гашта, ин иқдомоти созанда бо маром идома дорад.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро дар суханронияшон зикр гардид, ки воқеан такя кардан ба нерӯҳои зеҳнӣ, рушди тафаккури техникии аҳолӣ, фазои мусоид фароҳам овардан баҳри пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Дар ин самт бояд таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор дода, дар ҳама мулоқоту суҳбатҳо бо намояндагони аҳли маорифу зиё, олимону ихтироъкорон ва дар маҷмӯъ бо тамоми шаҳрвандон масъалаи мактабсозиву мактабдорӣ, китобхонию илмомӯзӣ ва ихтирои технологияи навинро пайваста талқин намуда, ба аҳли маориф роҷеъ ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии муҳассилин, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан, назорати доимии азхудкунии донишҳои замонавӣ, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ менамоянд.
Дар идома, муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Мансуров Баҳром ва директори муассиса давлатии “Маркази таҳлилӣ- иттилотии назди Сарраёсати маориф шаҳри Душанбе” Муродзода Зафар вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда баромад намуданд.
Дар анҷом ҷиҳати рӯҳбаланд намудан собиқадорону омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо ифтихорномаву сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва унвонҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.