Ифтитоҳи Маҷмааи муосири варзишӣ ва шиносоӣ бо лоиҳаҳои иншооти маишию хизматрасонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҷмааи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маҷмааи варзиширо, ки дар оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад, ба хотири истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд.
Иншоот бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби 6 ширкати сохтмонии ватанӣ дар масоҳати 17 406 метри мураббаъ сохта шудааст. Лоиҳаи маҷмааро Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии “САНИИОСП” бо дарназардошти талаботи замони муосир ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ тарҳрезӣ намудааст. Дар рафти сохтмон бештар аз 350 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гиифтани маҷмааи муосири варзишӣ 70 нафар мутахассиси соҳаи варзиш ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ҳуҷраҳои кории кормандон бо лавозимоти зарурӣ таъмин буда, барои онҳо шароити мукаммали корӣ мавҷуд мебошад.
Маҷмаа бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин беназир мебошад.
Маҷмааи муосири варзишӣ аз чор қисм иборат аст. Дар қисми аввали иншоот, ки аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад, толорҳои аэробика, саққобозӣ, шоҳмот, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, толори маҳси бадан, ҳамчунин осорхонаи варзишии донишгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасонро ҷой додаанд.
Дар қисми дуюми бино бошад, толори умумии варзиш бо навтарин таҷҳизот ташкил гардидааст. Дар таҳхонаи ин қисмати иншоот толори вазнбардорӣ (фитнес) ҷойгир аст. Дар толори вазнбардорӣ навтарин таҷҳизот барои обу тоби бадан мавҷуд мебошад ва шароити машқу тамрин низ мукаммал фароҳам гардидааст.
Масоҳати толори умумии варзиш дар қисми дуюми маҷмааи муосири варзишӣ 4320 метри мураббаъро дар бар мегирад. Ин толор барои баргузор намудани намудҳои варзиши волейбол, баскетбол ва футболи хурд пешбинӣ шуда, дорои 980 ҷойи нишаст мебошад.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин маркази радиошунавонӣ бо ҳуҷраҳои техникӣ ва анборхона ташкил намудаанд.
Қисми сеюми маҷмаа аз толори гимнастика ва толори хурди умумии варзиш иборат мебошад. Масоҳати умумии ин қисми иншоот ба 2592 метри мураббаъ баробар аст. Толори хурди умумии варзишӣ, ки дар таҳхона ташкил карда шудааст, дорои шароити мукаммал барои машқу тамрин кардан аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили гӯштини миллӣ, ҷудо, бокс, карате ва муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.
Ҳавзи калони шиноварӣ дар қисми чоруми маҷмааи муосири варзишӣ ташкил шуда, масоҳаташ 4320 метри мураббаъ мебошад. Паҳноии ҳавзи шиноварӣ 21 метр ва дарозиаш 50 метр буда, аз 8 қатор ва 732 ҷойи нишаст иборат аст. Шароити фароҳамгардида дар ҳавзи шиноварӣ ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамзамон, дар ин қисмат толорҳои гуногуни хизматрасонӣ ҷой дода шудааст.
Барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи барҳавои муҷаҳҳаз бо воситаҳои зарурии техникӣ ташкил гардидааст. Дар маҷмаа завқмандон имкон доранд ба машқу тамрин ва омӯзиши намудҳои зиёди варзиш машғул шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳо ба сохтмончиён изҳори миннатдорӣ намуда, масъулони донишгоҳро муваззаф карданд, ки имкониятҳои мавҷударо самаранок ва оқилона истифода баранд.
Сипас, Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои бунёди Маркази саломатии Шаҳраки донишҷӯён ва хобгоҳ барои кормандону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуданд.
Тибқи лоиҳа Маркази саломатӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар масоҳати умумии 2336 метри мураббаъ сохта мешавад. Дар маркази саломатӣ имкон фароҳам меояд, ки дар як вақт ба 300 нафар хизмати тиббӣ расонида шавад. Маркази саломатӣ бо дарназардошти талаботи муосири соҳавӣ бунёд хоҳад ёфт ва барои муоинаву муолиҷаи омӯзгорону кормандони донишгоҳ шароити зарурӣ фароҳам мегардад. Инчунин, Маркази саломатӣ ҳамчун пойгоҳи факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биология истифода бурда мешавад.
Дар асоси лоиҳа хобгоҳ барои омӯзгорон ва дигар кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 12-ошёна буда, аз 118 хонаи истиқоматии аз як то сеҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Хонаҳо бо усули муосир сохта мешаванд ва барои истиқоматкунандагон шароити мукаммал ташкил хоҳад шуд. Намои берунаи бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ оро дода мешавад, ки ба ҳусни шаҳраки донишҷӯён зебоии дигар зам менамояд. Бунёд гардидани боз як хобгоҳи нав дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боис мешавад, ки барои омӯзгорону дигар кормандон шароти хуби зиндагӣ фароҳам ояд ва ин омил дар беҳтар гардидани сатҳу сифати таълими донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази саломатӣ ва хобгоҳ барои омӯзгорону дигар кормандон дар доираи лоиҳаи сохтмони навбати дуюми Шаҳраки донишҷӯён бо маблағгузории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ бунёд карда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмончиён ва дигар масъулон назорати сифати корҳои сохтмониро талаб намуда, онҳоро барои дар муҳлатҳои муайяншуда ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта ба истифода додани иншоот вазифадор карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *