РӮЗИ ДОНИШ! Имрӯз дар Тоҷикистон соли нави таҳсил бо тамошои дастҷамъонаи суханронии Сарвари давлат оғоз меёбад

Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ соли нави таҳсил оғоз меёбад. Ин рӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо тамошои дастҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара дар назар дошта шудааст, оғоз мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Инак, таътили тобистонаи мактабиён ба анҷом расид ва хонандагони муассисаҳои умумӣ, миёнаву олии касбӣ имрӯз ба дарс шуруъ менамоянд. Бо ин мақсад Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми сохтори вазоратро барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва корҳои ободонӣ вазифадор намуд.

Бояд тазаккур дод, ки  соҳаи маориф дар сиёсати  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар мақоми аввал гузошта шудааст. Ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф зиёд мешавад, ки ин ба рушди соҳа таъсири мусбат мегузорад.

Танҳо дар соли таҳсили 2023-2024 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 312 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 68 ҳазору 138 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар айни замон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ 3967 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 301 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 431 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ  ва 3235 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Теъдоди муассисаҳои типи нав 159 адад буда, аз ҷумла 76 гимназия ва 83 литсей сабт шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили 2021-2022 дар мамлакат 27 муассисаи таҳсили умумӣ зиёд шудааст.

Шумораи умумии хонандагон 2 миллиону 232 ҳазору 114 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 1 миллиону 79 ҳазору 197 нафар духтарон мебошанд.

Инчунин соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 30 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди 4 муассисаи  таълимӣ барои 8632 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон 1 сентябри соли 2022 дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаи таҳсилоти касбӣ доранд, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти касбии тиббӣ вазифадор намуданд, ки ҷиҳати бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи мазмуну мундариҷаи онҳо аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, китобҳои дарсиро тибқи барнома ва нақшаҳои таълимии ин зинаҳои таҳсил таҳия намоянд.

Дар робита ба ин Вазорати маориф ва илм иттилоъ дод, ки дар ин самт корҳо пеш бурда шуда, дар шашмоҳаи якуми соли 2023 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 180 дастхати адабиёти таълимӣ ва методӣ ворид шуд. Ба Шурои миллии таҳсилот барои баррасӣ баъд аз таҳлилу ташхис 178 дастхат адабиёти таълимӣ ва бадеӣ пешниҳод гардида, ба ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорат 86 номгӯй адабиёти таълимӣ барои баррасӣ пешниҳод шуд.

Гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон 77 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди умумии 3 млн 792 ҳазор нусха барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баъд аз экспертиза ва таҳриру тасҳеҳи имлоиву адабӣ ва техникӣ ба озмуни чоп пешниҳод гардид. Бо мақсади иҷрои қарори ҷаласаи машваратии назди Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 январи соли 2023 аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дар баробари «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2023», инчунин 38 номгӯй китоби дарсӣ аз рӯйи эҳтиёҷоти шуъбаҳои маориф иловатан ба нақшаи мазкур ворид гардид. Дар ин давра раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо 89 номгўй китоби дарсӣ ба миқдори 3 млн 475 ҳазору 750 нусха таъмин  шуданд, ки ин 51 фоизи дархостро ташкил медиҳад. Инчунин дар ширкатҳои ватанӣ 82 номгӯй китобҳои дарсӣ ба миқдори 3 млн 167 ҳазор дона чоп гардида, ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ирсол шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр дар ҳамаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Рӯзи дониш маҳсуб мешавад. Имсол низ хонандагону омӯзгорони муассисаҳои мамлакат табрикот ва паёми Пешвои миллатро мунтазир мебошанд, то суханони Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.

Тавре Устод Садриддин Айнӣ гуфтааст:

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем!
Ба бекориву нодонӣ намонем…
Дар олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *