МАОРИФ-НЕРУИ АСОСИИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

Яке аз падидаҳои дурахшони даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба роҳ мондани озмунҳои дохили мамлакат  мебошад. Имсол дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 240 ҳазор довталаб,  215 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ  буда,  дар озмуни дигари ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 25 ҳазор нафар хонандагон фаъолона иштирок доштанд. Ин падида афзудани таваҷҷуҳи насли наврасро ба илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ гувоҳ аст. Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло оид ба рушди соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ  ибрози андеша намуд.

 Дар ҷодаи худшиносии миллӣ ва тарбият дар руҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, ватандӯстиву ватанпарварӣ корҳои зиёде ба сомон расидаанд, ки ахиран  баргузории озмуни  “Тоҷикон-оинаи таърих” дар саросари мамлакат намунаи инҳо аст . Ҳадаф- шинохтани таърих, огоҳӣ ёфтан аз решаҳои хеш ва ҳифзи гиромидошти  арзишҳои фарҳанги бостонии худ, бедор намудани масъулият нисбат ба онҳо мебошад.

Ҳанӯз аз оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари хирадпешаи он  нахустин ғамхориву арҷгузорӣ ва  афзалияти аввалинро ба соҳаи мактабу маориф изҳор доштанд ва ин амале буд дурбинонаву оқилона,  зеро воқеан маҳаки ҳама пешравиҳо, бунёди қавии ҳама тараққиёти зиндагиву хоҷагии ҳар халқро бе маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон наметавон тасаввур намуд.

Пешвои миллатамон борҳову борҳо дар суҳбату суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки дар замони муосир, дар даврони  тараққиёти босуръати илму техникаву инноватсияи ҷаҳонӣ танҳо миллате метавонад истодагарӣ кунад ва комёб гардад, ки мутахассисони донишманду варзидаи тамоми  соҳаҳои илму истеҳсолотро дошта бошад. Пӯшида нест, ки чунин мутахассисон маҳсули таълиму тарбияи сатҳи баланд дар ҳар давлат  мебошанд.

Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш дар оғози соли таҳсили нав  ин андеша бори дигар таъкид шуд. Ва чунонки Президенти муҳтарамамон дар ин суханронӣ бори дигар ёдовар шуданд: Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад”.

Агар мо ба таърихи гузаштаи инсоният ва халқамон назар афканем, мебинем, ки имрӯз ифтихори миллии мо бо номи фарзандони донишманду эҷодкорони бузурги он, ба шарафи дастоварҳои бузурги эҷодии олимону адибони он вобастагӣ дорад. Замонаҳо дигар мешаванд, аммо нақши илму маориф дар ҳама замонаҳо дар пешрафти ҷомеаву миллат бориз хоҳад монд. Таърих нишон медиҳад, ки гузаштагони фозили мо ҳамеша такя ба хирад, дониш, илму китоб доштаанд. Имрӯз низ танҳо халқу миллате  соҳиби нуфуз ва пирӯзӣ аст, ки бо кашфиёти нав ба нави илмӣ, донишу таҷрибаи истифодаи дастовардҳои навин метавонад ҳам худро ҳимоят намояд ва ҳам сатҳи зиндагии халқашро баланд бардорад. Далелҳо хеле зиёданд ва онҳоро ҳамагон медонанд.

Ин аст, ки имрӯз пас аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ  ва озодии миллӣ соҳаи аз ҳама афзалиятноктарин дар мамлакати мо мактабу маориф эълон гардида, маблағи афзунтари хазинаи давлат низ ба он равона шудааст. Соли равон барои соҳаи маориф 7, 2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2022 чаҳордаҳ фоиз афзунтар буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон азизи мо анъанаи неки бо Дарси сулҳ оғоз бахшидани соли таҳсили нав аввал гувоҳи сиёсати сулҳҷӯёни Ҳукумат ва Пешвои миллатамон бошад, баъдан ишора ва таъкиде аст аз  вазъи ноороми байналмиллалӣ, мухолифату низоъҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё ва хатарҳои дигаре, ки таҳдид ба сайёраи мо доранд. Ин аст, ки ба таъкиди Пешвои миллати мо “сулҳу амният, оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳои сайёра бояд аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста шаванд”.

Воқеан, суханронии Президенти Тоҷикистон дар рӯзи нахустини таҳсил аз рӯи анъана ҳамон дарси сулҳе буд, ки чун намунаи ибрат ба ҳама сокинони мамлакат ибратомӯз аст.  Маҳз ташаббуси Пешвои миллат аст, ки дар мамлакати мо  сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ пайваста мустаҳкам гардида, манфиатҳои миллӣ ҳифз мешаванду сиёсати хайрхоҳонаву сулҳҷӯёнаи байналмиллалӣ пеш гирифта шудааст.

Андешаҳои судманди Пешвои миллатамон дар мавриди он ки барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи мамлакат ва гирифтани пеши роҳи таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама, роҳнамоӣ ба баланд бардоштани руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ, суннату анъанаҳои неки миллӣ, ғанӣ намудани маънавиёти миллат нақши бузург мебозанд, роҳнамои ҷавонони мо бояд бошанд. Дар ин ҷода ҳифзу гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги бостонии халқи худ низ аз ҷониби Пешвои миллат хеле муҳим дониставу таъкид шудааст.

Дар вазъияти ноороми имрӯза мо бояд бикӯшем давлатамонро аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, фарҳангу маънавиёти бегона нигоҳ дорем ва ба муқобили ин мебоист халқамон ва хусусан ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва суннату оинҳои некамон парвариш бидиҳем. Барои амалӣ шудани ин мақсади наҷиб бояд  дар роҳи баланд бардоштани фарҳанги миллӣ ва ҳуқуқиву сиёсӣ ба ҷавонон ва насли наврас ба хотири таъмин намудани волоияти қонун ва амнияту субот таъсиргузор бошем.

Беҳуда нест, ки дар ин суханронии худ Пешвои миллатамон супориш доданд, ки  Вазорати маориф ва илм якҷо бо Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷиҳати бознигарӣ намудани барномаву стандартҳо ва мазмуни китобҳои дарсии фанҳои адабиёт ва таърихи халқи тоҷик дар ҳамаи  зинаҳои таҳсил тадбирҳои зарурӣ андешида, дар таҳияи консепсияи  таълифи китобҳои дарсии мазкур корҳои заруриро ба анҷом расонанд.

Таваҷҷуҳ ва эҳтироми Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба илму маориф ва мактабу муаллим дар даврони соҳибистиқлолӣ боиси рушди соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он, дарки заҳмати содиқонаи омӯзгорон гардид.  Ин аст, ки дар даҳсолаҳои охир низоми маорифи миллӣ дар заминаҳои суннату пояҳои дерини маорифпарварии халқамон ба дастовардҳои шоиста ноил гардид. Дар ин байн бо дарназардошти раванди афзоиши аҳолӣ барои сохтани мактабҳои наву замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимии мавҷуда, таъмин намудани онҳо бо шароиту таҷҳизоти зарурӣ ва муҳимтар аз ҳама, мунтазам беҳтар гардонидани имконияти моддии аҳли маориф, ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Ҷолиб аст, ки танҳо дар  ҳафт моҳи соли равон 57 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд ва тибқи нақша  то охири соли равон ба истифода супоридани зиёда аз 200 мактаби дигар дар назар дошта шудааст, ки ин худ далели дурахшони ғамхорӣ дар соҳаи маориф мебошад. Метавон ба ин илова намуд, ки дар ҳашт моҳи имсол 25 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди  беш аз як миллион нусха аз чоп баромадааст.

Дар мавриди комёбиҳои соҳаи маориф  изҳори назар намуда, наметавон аз падидаҳои дурахшони солҳои охир- озмунҳои дохиливу берунӣ ва иштироки фаъоли мактаббачагон дар онҳо сухан нагуфт. Танҳо соли равон қариб панҷ ҳазор нафар хонандагони мактабҳои Тоҷикистон дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ иштирок намуда, сазовори 124 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 21 медали нуқра ва 90 медали биринҷӣ гардиданд.

Овардани чанд далели дигарро аз суханрониҳои Пешвои миллат дар Рӯзи дониш  чун нишони пирӯзиҳои дурахшони бунёдкориҳои замони соҳибистиқлолӣ зарур мешуморем. Ва онҳо чунин мебошанд: Дар замони соҳибистиқлолӣ  дар қаламрави мамлакат 3700  бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда ба истифода дода шудааст, ки ин раванд идома дорад. Агар  дар соли таҳсили 1991-1992 шумораи хонандагон дар мамлакат як миллиону  325 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, ин шумора дар соли таҳсили 2022-2023 ба 2 миллиону 232 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 900 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Бо суръати баланд афзун шудани аҳолии мамлакат вомедорад, ки дар Тоҷикистон то 200 муассисаи таълимӣ ҳар сол сохта шавад ва ин кори саҳлу осон нест.

Метавон аз ҳамин гуна дастовардҳо дар бунёду рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ низ далелҳо овард. Ҳоло дар мамлакат 707 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 103  ҳазор  ва 211 маркази инкишофи  кӯдак бо фарогирии 69 ҳазор  кӯдак фаъолият дорад, ки 16 фоизи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат аз вазъи иҷрои  Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ  изҳори нигаронӣ намуданд. Вазорат, кумита ва идораҳои дахлдор аз ҷониби Пешвои миллат вазифадор шуданд, ки бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ барои бештар ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон тадбирҳо андешанд.

Хуллас, чунонки Президенти Тоҷикистон фармуданд: “Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози мамлакат бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода шавад”.

Дар  мавриди омода намудани кадрҳои коргарӣ нақши басе муҳим бозидани таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ  аз ҷониби Пешвои миллат иброз гардид, зеро пешрафти соҳаҳои  иқтисоди миллӣ, таъмини корхонаҳову  муассисаҳо ва ташкилоти давлативу ғайридавлатӣ бо мутахассисон вазифаи ҷиддии онҳо аст. Аз ин рӯ шумораи муассисаҳои ин зинаи таҳсилот, махсусан муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сол то сол афзуда истодааст ва мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии онҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаб ба шумор меравад.

Дар ин мулоқоташон Пешвои миллат бори дигар эътимоду бовари худро ба ҷавонони шарафманди мамлакат иброз доштанд. Сарвари давлат ҷавононро ба саводнокиву омӯзиши илму касбу ҳунар раҳнамоӣ  намуданд. Ва ин суханои Пешвои миллат бори дигар ҳақиқати имрӯзу фардоро ба ҷавонон ва ҷомеа расониданд, ки “вақте миллат бесавод мемонад, ҷомеа дар торикӣ мемонад ва ба ҷаҳолат гирифтор мешавад. Шумо хуб медонед, ки ҷаҳолат фақат сиёҳӣ, торикӣ ва бадбахтӣ меоварад”.

Ба таъкиди Пешвои миллатамон дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ “моро зарур аст, ки барои такмили мазмуни таҳсилот, боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати таълим, рушди имконияти молиявию моддии соҳа таваҷҷуҳи бештаре зоҳир намоем.”

Ва метавон ин андешарониҳои мухтасарро дар асоси  суханронӣ ва мулоқоти Пешвои миллат дар Рӯзи дониш бо суханони ҳидояткунандаву роҳнамои худи Пешвои миллат ҳусни ҷамъбаст бахшид:

“Агар мо хоҳем, ки дар чунин шароити мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон миллати тоҷик ва халқи азизи мо назди касе ва кишваре сари хам надошта бошад, бояд худамон барои пешрафту ободии Ватанамон талош намуда, ба мактабу маориф рӯ оварем, ба қадри заҳмати омӯзгор расем ва ба фарзандонамон тамоми шароитро барои фаро гирифтани саводу илму дониш ва касбу ҳунар муҳайё созем”.

Хуллас, суханронии навбатии Пешвои миллатамон дар Рӯзи дониш дастурӣ ғание аст, ки тамоми самтҳои маориф ва таълиму тарбияро фаро гирифта, фаротар аз он масъалаҳои ҷиддии зиндагиву рӯзгор ва хоҷгиву тараққиёту пешрафти ҷомеаи имрӯзии моро ба миён гузоштаву роҳҳои ҳалли онро низ пешниҳод ва роҳнамоӣ намудаанд. Аминем, ки ин дастури хеле муфиду саривақтӣ, ки  роҳнамои хубе дар соҳаи рушди мактабу маорифи мо мебошад, як ангезиши тоза ба пешрафти  зиндагиву рӯзгори мо медиҳад, ки маҳз мактабу маориф дар он нақши тақдирсоз доранд.

Камол НАСРУЛЛО,
 Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар» 

 АКС: АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *