«ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН — 2023». Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун оғоз гардид

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф имрӯз Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2023» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар озмун 5 нафар: омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Роштқалъа Дилдор Суҳробов, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Мастчоҳ Раҳима Ҳидоева, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сиратулло Зоиров, омӯзгори фанни физика ва астрономияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб Сулаймон Абдуқаҳҳор ва омӯзгори фанни химияи Гимназия — парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ Санавбар Абдуллозода иштирок намуда, аз рӯйи ҳафт шарт ҳунару маҳорат месанҷанд.

Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023» 3 рӯз давом намуда, 29 сентябр ҷамъбаст мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *