«ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН». Дар ин мавзуъ дар Душанбе машварати омӯзишӣ доир гардид

Дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати бозомӯзии мушовирони томактабии раёсат ва шуъбаҳои маориф ва роҳбарони машваратҳои доимамалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар мавзуи «Таҳсилоти томактабӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» машварати омӯзишӣ идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.\

Дар он муовини Вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, мушовирони кабинетҳои методӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муассисаҳои томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати маориф ва илм мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва амалигардонии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» зарур мебошад.

Машварати  мазкур 11 октябр оғоз ёфта, имрӯз ҷамъбаст мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *