Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 дар деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ сохта шудааст.

Масоҳати умумии замини мактаб 1,75 гектарро ташкил дода, худи бинои таълимӣ дар масоҳати 748 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 40 мутахассис ба ҳайси омӯзгор бо ҷойи кор ва маоиши хуб таъмин шуданд.

Даргоҳи нави маърифат дорои 12 синфхона, аз ҷумла химия, физика, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои духтарон ва писарон, китобхона бо толори хониш ва 4 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ дар масоҳати 375 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ифтитоҳи иншоот барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳаҳои Сангпар ва Баҳористон имконияти хубу мусоидро фароҳам овард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас дар бинои нави таълимӣ омӯзгорону дигар масъулонро ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва тарбияи хуби онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.

Бунёд ва ба истифода додани бинои нави таълимӣ ин идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат мебошад.

Фармоишгари иншоот филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буда, корҳои сохтмонию паймонкорӣ дар бинои таълимиро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Уҳда» аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» бо сатҳу сифати баланд дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонданд.

Атрофи бинои таълимӣ сабзу хуррам карда шуда, барои истироҳату фароғати хонандагону омӯзгорон нишастгоҳҳо низ гузошта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои замонавии таълимиро барои сокинони деҳаҳои Сангпар ва Баҳористони шаҳри Кӯлоб туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, хонандагону омӯзгоронро барои истифодаи пурсамару мақсаднок аз шароити фароҳамкарда роҳнамоӣ карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *