25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави иловагии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат мебошад.
Аснои шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, аз муҳайё гардидани имкониятҳои васеи илму касбомӯзӣ масъулонро барои омода кардани мутахассисони дорои маълумоти миёнаи касбӣ дар соҳаи тиб роҳнамоӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дорои 25 синфхона, аз ҷумла 7 толори барҳавои лексионӣ ва 10 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва таҷҳизоти муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз карда шуда, барои таҳсили 1300 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат 7 факултет ва 12 кафедра амал мекунад.
Мутахассисони маълумоти миёнаи тиб аз рӯи 7 ихтисос, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, кори тиббӣ — ташхисӣ, кори тиббӣ — офиятӣ, кори момодоягӣ ва тиббӣ — профилактикӣ омода карда мешаванд.
Айни замон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат 2 ҳазору 424 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 2 ҳазору 110 нафари онҳо духтар ва 314 нафар писар мебошанд. Дар коллеҷи мазкур 210 омӯзгор, аз ҷумла 2 нафар доктори илмҳои тиббӣ ва биологӣ, 9 нафар номзадҳои илм, 3 нафар доктор Пиэйҷдӣ (PgD) ва 33 нафар омӯзгорони ҷавони соҳибтахассус фаъолият менамоянд, ки ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Бо мақсади мутобиқ намудани раванди таълим ба меъёрҳои муосир дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат марказу озмоишгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва ташхиси фарматсевтӣ, фанҳои морфологӣ, кабинетҳои фанни химия, биология, физика ва Маркази таълимӣ — клиникӣ таъсис дода шудааст.
Дар таҳхонаи бинои нави иловагии муассисаи таълимӣ ошхона бо 60 ҷойи нишаст, китобхонаи барҳаво бо зиёда аз 25 ҳазор нусха адабиёти таълимӣ, тахассусӣ, бадеӣ, сиёсӣ ва таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳамарӯза донишҷӯён аз ин ганҷинаи илму хирад бо самар истифода менамоянд. Толори китобхона 60 ҷойи нишаст дорад. Инчунин дар китобхона 10 ҳазор нусха адабиёти зарурӣ дар шакли электронӣ махфуз буда, компютерҳо ба шабакаи байналмилалии интернет пайваст гардидааст.
Дар ошёнаи сеюми бинои нав бо 160 ҷойи нишаст толори маҷлисӣ сохта шудааст, ки минбаъд ҷамъомаду чорабиниҳои илмию оммавӣ ва фарҳангию сиёсӣ дар ин толори барҳаво баргузор карда мешавад. Толори маҷлисӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст.
Раванди таълим дар коллеҷ тавассути дастгоҳҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Бинои навбунёди коллеҷ бо шабакаи мустиқили гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, дар фасли зимистон гарм карда мешавад.
Дар шафати бинои иловагии таълимӣ толори барҳавои варзишӣ ва майдончаи муосир барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол сохта шуда, барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб кардани донишҷӯёну омӯзгорон шароити мусоид фароҳам гардид. Толори варзишӣ дар масоҳати 335 метри мураббаъ ва майдончаи замонавӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шудааст.
Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорону донишҷӯён Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мутахассисони баландихтисоси ватандӯсту хештаншиносро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳайати омӯзгорон арзёбӣ карданд.