28 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Матлубахон Сатториён ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Зимни он раиси комиссия аз ҳайати доварон даъват ба амал овард, ки дар ҷараёни озмун шаффофиятро таъмин намуда, бо иштирокдорон вобаста ба синну сол муносибат намоянд.
Зимни баррасии масъалаҳо муовини Сарвазири мамлакат, нахуст, раис ва аъзои ҳакамон, комиссияи апелятсионӣ, инчунин ҷадвали баргузории озмунро муаррифӣ намуда, таъкид дошт, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар чор озмуни ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби аҳолӣ, махсусан, хонандагону омӯзгорон ва ҷавонону табақаи калонсоли кишвар дастгирии васеъ пайдо кардааст.
«Ҳадафи асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз баргузории ин озмунҳо, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг, илму дониш ва китобу китобхонӣ дар байни аҳолии мамлакат аст. Дар ин росто, барои ғолибони ин озмунҳо дар баробари мукофотҳои пулӣ як қатор имтиёзҳо низ муқаррар гардидааст», — таъкид намуд Матлубахон Сатториён.