Дирӯз
Душанбеи мутамаддин ва гулгулшукуфо, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, хонаи умеди тоҷикистониёну тоҷикони олам аст. Ин шаҳри дилоро дар худ фарҳанги волои шаҳрнишинӣ, таърихи куҳани шаҳрсозӣ ва санъати нотакрори миллати моро инъикос менамояд. Ҳарчанд қалби Тоҷикистон бо номи кунунияш аввалин бор дар осори хаттии соли 1676, ҳамчун деҳае бо 8 ҳазор сокин, зикр шуда бошад ҳам, вале ҳанӯз дар замони ҳукмронии Кӯшониён (асрҳои III-IV-и пеш аз мелод) дар мавзеъи имрӯзаи шаҳри Душанбе вуҷуд доштани шаҳракҳо далели раднашавандаи таърих аст. Дар аввалин харитае, ки соли 1875 шаҳри Душанбе тавсир ёфта, аз он чун Душанбе-қурғон (яъне қалъаи Душанбе) ном бурда шудааст, нишонаҳои умумии ин шаҳр бо дигар шаҳрҳои қадимаи тоҷикон бараъло ошкор аст. Чунончи, кӯчаҳои шаҳр аз рӯи навъи кор ва тахассуси ҳунармандону косибон ҷудо ва номгузорӣ гардида буданд, ки ин урф дар дигар шаҳрҳои тоҷикнишин, махсусан, дар Самарқанду Бухоро низ ҷой дошт.
Соли 1991, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, интизор мерафт, ки шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд кунад ва намоди давлатдории навини тоҷикон гардад. Аммо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раванди рушди онро муддате боздошт.
Талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории милӣ, истиқрори сулҳу субот ва амнияти сартосарӣ самараи мусбат ба бор оварданд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди марҳилаи навини рушду шукуфои гардид. Барои пойтахти кишвар шаҳри Душанбе низ фурсат муяссар гардид, ки масири нави рушдро интихоб карда, тай созад.
Имрӯз
Имрӯз шаҳри Душанбе рушди бемайлони рӯзафзун дорад ва дар баробари шаҳрҳои мутамаддини олам эътироф шудааст. Душанбешаҳри муосир дорои имкониятҳои васеъ ва шароити муосир буда, ҳамчун макони таҷлилии идҳои ҷаҳонӣ, баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва қабули меҳмонони олиқадр шинохта шудааст. Ин аст, ки шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе-бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ВО ОГМВ) ва узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) мебошад.
Ин ҳама дастовардҳои бесобиқа самараи иродаи шаҳрдорӣ ва ободкориву созандагии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, махсусан, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст. Кам нестанд афроде, ки Душанбеи то давраи соҳибистиқлолиро чун шаҳри хурдакак бо биноҳои пасту шароити носозгор ба ёд доранд. Барои онҳое, ки солҳо Душанберо надидаанд, шароити имрӯзаи ин шаҳри ҳамешасабз боварнокарданист. Албатта, ин ҳама пешрафт натиҷаи татбиқи ҳидояту роҳнамоиҳо ва талошу созандагиҳои Пешвои муаззами миллат ва заҳматҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Рушди мунтазами пойтахт, аз ҳар диде назар афканем, ба фаъолияти пайваста, лаёқату маҳорат, садоқат ба миллату Ватан ва неруи созандаи ин шахсиятҳои бунёдкор пайванди ногусастанӣ дорад.
Душанбеи “ҳушманд”
Бо баробари ба роҳбари ҷавону кордон ва оқилу тадбиркор муҳтарам Рустами Эмомалӣ вогузор гардидани масъулияти раёсати пойтахт, Душанбе низ вориди марҳилаи навине аз рушду шукуфоӣ гардида, дар самти расидан ба “шаҳри ҳушманд (Smart city)” гомҳои устувор ниҳод. Дар натиҷаи фаъолияти чанд соли охир техникаву технология ба ҳамаи соҳаҳои фаъолияти шаҳр ва сокинони он ворид гардида, истифодаи хизматрасониҳои давлатӣ тавассути технологияи муосир амали маъмулӣ гаштааст ва дар рифоҳу осоиши бештари сокинони пойтахт заминаи мусоид фароҳам сохтааст. Аз ҷумла:
— Рафтуои пиёдагардон осон шуда, шумораи садамаҳои нақлиётӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, зеро дар тамоми роҳҳову хиёбонҳо камераҳои назоратии “Шаҳри бехатар” насб гардида, дилхоҳ қонунвайронкунии ронандагонро фавран ба қайд мегиранд;
— То чанд сол пеш, агар мусофире ҳамён ё ягон ашёи қимматбаҳои худро дар нақлиёт ё ҷойҳои ҷамъиятӣ фаромӯш мекард, чанд бор тариқи радио эълон медод ва аз ёфтани моли худ дасти умед мешуст. Имрӯз, ҳар корафтода ба осонӣ ба “Шаҳри бехатар” ё корхонаҳои тобеи “Душанбенақлиётхадамотрасон” муроҷеъ мешавад ва дар бештарин мавридҳои ашёи гумкардаи худро пайдо мекунанд;
— Дар хотираҳо нақш бастааст, ки чанд сол қабл, барои қабул ва интиқоли маблағҳо ё пардохти ягон намуд хизматрасонӣ кормандонро зарурат пеш меомад, ки рухсат пурсида, паси дари бонкҳо дар навбатҳои тӯлонӣ соатҳо интизорӣ кашанд. Имрӯз бо шарофати пардохти ғайринақдӣ қабулу интиқоли маблағ ё пардохти дилхоҳ хизматрасонӣ, махсусан, барои барқ, об ва дигар пардохтҳои коммуналӣ ба маротиб осон гардида, чанд сония вақт ва дар дастгоҳҳои мобилӣ иҷрои чанд амалиётро талаб мекунад;
— Ҳамдигарнофаҳмии мусофирону ронандаҳо дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ва кори “душвор”-и пулчинакҳои нақлиёт низ акнун моли таърих шудааст, чун низоми кортҳои нақлиётӣ назорати пардохти маблағи роҳкироро комилан қуллай кардааст. Дар ин баробар, танҳо дар доираи ҳамин низом ба хонандагону донишҷӯён ва солмандону нафарони имтиёздошта пешниҳоди имтиёзҳои пардохтӣ осон гашт;
— Нозирони барқро низ, чун солҳои пеш, лозим намеояд, ки дар алоҳидагӣ назди дари ҳар хона рафта, огоҳиномаҳоро пушти дар гузоранд ва ин ки оё он огоҳинома ба дасти соҳибхона мерасад, ё не, муаммо бошад. Системаи пилингӣ дар ин соҳа корро содаву осон гардонид;
— Назорати таҳсили фарзандон дар баробари дигар мушкилоти мубрам маблағ, вақт ва неруи зиёди волидонро талаб мекард. Акнун, танҳо тариқи телефонӣ мобилӣ ва истфодаи барномаи «eDonish» назорат бурдан мумкин аст, ки кӯдак кадом соат вориди мактаб шудааст, чанд соат дарс хондааст, баҳои чанд гирифтааст ва кадом соат мактабро тарк кардааст. Ҳамзамон, тариқи ҳамин барнома мукотиба бо омӯзгорон ва маъмурияти мактаб низ мумкин аст.
Ин ва чандин мисоли дигар аз рӯзгори сокинони шаҳри Душанбе ва фаъолияти корхонаҳои шахсиву давлатӣ мисолҳои боризи шаҳри ҳушманд гаштани Душанбе мебошанд. Дар баробари иқдомоти боло, ҷиҳати ҳамоҳангсозии кор дар самти рушди шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри ҳушманд ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ бо истифодаи иттилооти шаҳрӣ баҳри қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасониҳои электронӣ тавассути технологияҳоӣ иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ташкил шудааст, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз 7 майи соли 2019, таҳти №276 Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, таъсис дода шудааст. Корхонаи мазкур дар фаъолияти пурсамари хеш дар самти рақамикунонии соҳаҳои мухталифи шаҳр корҳои назаррасеро амалӣ намуда истодааст, ки ин раванд мунтазам идома дорад.
Фардо
Албатта, бо тадбирҳои то ин ҷониб андешидашуда, раванди рушди Душанбе ҳамчун шаҳри ҳушманд ба охир нарасида, ба нақша гирифта шудааст, ки технологияи муосир ба ҳамаи соҳаҳои фаъолият ворид гардида, боз ҳам васеъ паҳн карда шаванд. Шаҳри ҳушманд, ба маънои томаш, бояд маконе бошад, ки зиндагӣ дар он бо шарофати технологияи муосир бароҳат, бехатар ва осон гардад. Хизматрасониҳои шаҳри ҳушманд бояд вазифаҳои мураккабро ба корҳои оддӣ табдил диҳанд. Ин аст, ки дар баробари корхонаҳои муаззаф, ҷавонону наврасони лаёқатманду эҷодкор низ ба ин кор ҷалб шуда, тавассути озмунҳои гуногун, аз ҷумла лоиҳаи “Ҳафтаи илм, технология ва ихтироъкории ҷавонону наврасони шаҳри Душанбе” пешниҳодҳои он мавриди омӯзиш қарор гирифта, лоиҳаҳои нав манзур мегарданд. Итминони комил меравад, ки бо ин тадбирҳо раванди шаклгирии Душанбе ҳамчун шаҳри ҳушманд таъмин гардида, дар ояндаи наздик технология ба ҳамаи соҳаҳои зерин ворид мегардад: ҳукумати ҳушманд; экологияи ҳушманд; хонаи ҳушманд; иқтисоди ҳушманд; бехатарии ҳушманд; нақлиёти ҳушманд; нерӯи ҳушманд; тибби ҳушманд; таълими ҳушманд ва оби ҳушманд.
Зафар МУРОДЗОДА,
директори Маркази таҳлилӣ—иттилоотии
назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе