15 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар оғози чорабинӣ раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён тазаккур дод, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони мамлакат соли панҷум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Имсол озмуни мазкур аз рӯйи 6 номинатсия – адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Ҳамин тариқ ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4) дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон хонандаи синфи 1-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Зафаробод Мадина Амонзода соҳиби ҷойи 1, хонандаи синфи 1-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Данғара Бежан Абдуалиев соҳиби ҷойи 2, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шоҳмансур Шукрия Мусаябова соҳиби ҷойи 2, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ёвон Гесу Сироҷиддинова соҳиби ҷойи 3, хонандаи синфи 4-и гимназияи инноватсионии «Душанбе» дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фирдавс Фирдавсов соҳиби ҷойи 3, хонандаи синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №139-и шаҳри Ваҳдат Осия Аминова соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94-и ноҳияи Сино Муҷтабо Толибзода соҳиби ҷойи 1, хонандаи синфи 2-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Шаҳристон Абдураҳим Шарипов соҳиби ҷойи 2, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Ванҷ Гулчаман Ҷонова соҳиби ҷойи 2, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Данғара Муҳаё Маҳмудзода соҳиби ҷойи 2, хонандаи синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Хуҷанд Аниса Мамадҷонова соҳиби ҷойи 3, хонандаи синфи 2-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бӯстон Аҳдия Қодирова соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и шаҳри Ваҳдат Суман Саидова соҳиби ҷойи 1, хонандаи синфи 4-и гимназияи инноватсионии “Душанбе” дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Осия Ғафорова соҳиби ҷойи 2, хонандаи синфи 1-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бӯстон Сафия Маҳмудова соҳиби ҷойи 2, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Бӯстон Сумайя Қодирова соҳиби ҷойи 3, хонандаи синфи 4-и гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан Шараф Исмоилов соҳиби ҷойи 3, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансур Омина Ҷураева соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Исфара Нозанин Бойсаризода соҳиби ҷойи 1, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ноҳияи Шоҳмансур Шукрия Зиёева соҳиби ҷойи 2, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсӣ Қурбоналӣ Сафолов соҳиби ҷойи 2, хонандаи синфи 2-и гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ Азамат Гадоев соҳиби ҷойи 3, хонандаи синфи 4-и литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Оиша Асророва соҳиби ҷойи 3, хонандаи синфи 4-и литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Карина Шоназарова соҳиби ҷойи 3 гардиданд.
Дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон Маликабону Муҳиддинзода-хонандаи синфи 9-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи 1, Нурбону Расулова-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи 2, Нозанини Шуҳрат-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-и ноҳияи Сино соҳиби ҷойи 2, Комила Мадуллоева-хонандаи синфи 5-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соҳиби ҷойи 3, Адиба Шукрихудоева-хонандаи синфи 6-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и ноҳияи Рӯшон соҳиби ҷойи 3, Ситора Саидзода-хонандаи синфи 5-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Мафрӯза Шарофова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Муъминобод соҳиби ҷойи 1, Нозанин Салимзода-хонандаи синфи 10-и литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 2, Малика Сайвализода-хонандаи синфи 10-и мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи 2, Маҳваш Бойматова-хонандаи синфи 6-и гимназияи №1-и шаҳри Гулистон соҳиби ҷойи 3, Омина Одинаева-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи 3, Меҳровар Муллоҷонов-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Абдуҷалил Сайдалиев-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи 1, Мунира Неъматова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 2, Раҳмон Маъмурзода-хонандаи синфи 10-и литсейи “Ориёно”-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи 2, Лоиқ Боқиев-хонандаи синфи 8-и гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиби ҷойи 3, Мафтуна Ҷафарова-хонандаи синфи 10-и литсейи №5-и шаҳри Исфара соҳиби ҷойи 3, Умар Орзуев-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Ванҷ соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Зулайхо Юсупова-хонандаи синфи 9-и литсейи №3-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиби ҷойи 1, Асмоа Қурбонова-хонандаи синфи 11-и гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи 2, Сумая Асророва-хонандаи синфи 8-и литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 2, Саидикром Самадов-хонандаи синфи 10-и литсейи “Ориёно”-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи 3, Манижа Нарзиқулова-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи 3, Акбар Айдимамадов-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷоди назм Шукрона Сайдализода-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиби ҷойи 1, Паншери Давлаталӣ-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин соҳиби ҷойи 2, Санавбар Ибодова-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Сино соҳиби ҷойи 2, Улвияи Раҳмонхуҷа-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Дарвоз соҳиби ҷойи 3, Фазлидин Носирзода-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94-и шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, Нушофарин Ҳусейнова-хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №112-и шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷоди наср Мақсуда Ҳакимзода-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и шаҳри Ҳисор соҳиби ҷойи 1, Субҳия Умархонзода-хонандаи синфи 11 (курси 1)-и Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова соҳиби ҷойи 2, Робия Ҳакимова-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Сино соҳиби ҷойи 2, Ҳизбулло Орипов-хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Исфара соҳиби ҷойи 3, Меҳрубон Мақсудова-хонандаи синфи 9-и мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи 3, Исломиддин Асоев-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94-и ноҳияи Сино соҳиби ҷойи 3 гардиданд.
Дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Манижаи Баҳодур-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 1, Лола Абдуллоева-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Назокат Орифова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи 2, Маъво Хошокова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи 3, Ҳадиса Расулова-донишҷӯи курси 1-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, Бибимарям Исломова-донишҷӯи курси 1-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Шаҳноза Додхоева-донишҷӯи курси 3-и Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи 1, Гулрахшон Ҷумъаева- донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Адиба Бегова-донишҷӯи курси 3-и Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойи 2, Раҳимҷони Ватанқул-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи 3, Шабнам Фатҳуллозода-донишҷӯи курси 2-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, Муродбек Боқиев-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Саёҳат Назарова-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 1, Саидмухтор Муҳаммадҷонзода-донишҷӯи курси 4-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 2, Биомина Нарзиқулова-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Марворид Асомиддинова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ соҳиби ҷойи 3, Фарзона Раҳимова-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи 3, Шукрона Файзуллозода-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷоди наср Амакова Малоҳат-магистранти курси 1-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи 1, Дороҷон Маҳкамов-докторанти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соҳиби ҷойи 2, Ҳалима Сафарова-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Сафия Маҳмадуллозода-донишҷӯи курси 1-и Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, Фаррух Ҳотамов-магистри курси 1-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби ҷойи 3, Ҷамила Акрамова-донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷод назм Баҳманёр Худойбердиев-донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи 1, Мавҷуда Шарипова-донишҷӯи курси 4-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соҳиби ҷойи 2, Қаюмӣ Парвиз-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Шукрона Самадзода-донишҷӯи курси 1-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соҳиби ҷойи 3, Дилноза Холматова-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи 3, Шодигули Манучеҳрдухт-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи 3 гардиданд.
Дар байни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Парвинаи Шариф-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Ховалинг соҳиби ҷойи 1, Рухшона Одинаева-хонашин аз ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи 2, Фарзона Саидова-омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Шодрӯзи Комил-корманди Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” соҳиби ҷойи 3, Ҷалолиддин Амиров-сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, Саъбагул Одинаева-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик Ҷамила Шукурова-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и ноҳияи Хуросон соҳиби ҷойи 1, Ҳаитбой Шарипов-омӯзгори гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан соҳиби ҷойи 2, Нигора Ҷумаева-сокини ноҳияи Сино соҳиби ҷойи 2, Ҷамшед Давлатов-корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, Довудхуҷа Маҳмадуллозода-корманди раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 3, Гулрухсор Назарова-омӯзгори Литсей барои хонандагони болаёқати ноҳияи Шаҳринав соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Мастура Гулямова-докторанти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соҳиби ҷойи 1, Матлуба Муминова-омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Назира Ғаниева-омӯзгори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Гулноза Қурбонназарова-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи 3, Гавҳар Сайфиддинова-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи 3, Мусо Алиев-сармутахассиси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷоди назм Бахтиёр Раҳмонов-омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 1, Одинамаҳмад Суфиев-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи 2, Фарида Давлатова-омӯзгори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ соҳиби ҷойи 2, Суман Қосимзода-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби ҷойи 3, Умеда Алимова-омӯзгори гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби ҷойи 3, Муродгул Саъдуллоева-омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи 3, дар номинатсияи эҷоди наср Диловар Саъдуллоев-омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара соҳиби ҷойи 1, Фирӯза Муъминова-корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода соҳиби ҷойи 2, Эҳсон Хуршед-корманди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 2, Миҷгона Халилова-корманди нашрияи “Адабиёт ва санъат” соҳиби ҷойи 3, Нозимҷон Соҳибов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Деваштич соҳиби ҷойи 3, Камолиддин Каримов-омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ соҳиби ҷойи 3 гардиданд.
Ҳамчунин 13 ноябр барои дарёфти «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 20 ғолиби ҷойҳои якум 10 нафар иштирок намуданд, ки донишу ҷаҳонбинии довталабон аз рӯйи номинатсияҳои озмунӣ санҷида шуд.
Дар натиҷаи ниҳоӣ Шукрона Тоҳирӣ — донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолиб ва барандаи «Шоҳҷоиза» эълон гардид.
Ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25 000 ва ҷойи сеюм 20 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон ба 60 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, маблағи 10 000 сомонӣ супорида шуд. Дар баробари ин ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 49 ҷой, вилояти Суғд 27 ҷой, вилояти Хатлон 24 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 ҷой ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби 6 ҷой гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 13 ноябр дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён маросими супоридани нишони «Маърифатпарвар» ба падару модарон, нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ба омӯзгорони ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», мукофотҳои пулӣ, ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллӣ, мукофотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба иштирокчиёни даври чоруми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд, баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиш 60 нафар падару модарони ғолибон бо нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон, як қатор омӯзгорон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», кормандони Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар баргузории даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, қадрдонӣ шуданд.
Инчунин бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор иштирокчиёни фаъоли озмун, хусусан, 26 нафар пиронсолону ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, нафароне, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон