Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади абадӣ гардонидани хотира ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир гузошта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи ба номи шоири маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи 3 Бозор Собир гузоштани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод менамояд.
Ёдовар мешавем, ки маҷмуаҳои ашъори Бозор Собир «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳаводорони зиёд доранд. Шоир соли 1988 барои китоби «Бо чамидан, бо чашидан…» Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифтааст.
4 сентябри соли 2014 ба муносибати 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шоири маҳбуб Бозор Собир Ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи 3-ро тақдим намуданд.
Шоири тавонои тоҷик Бозор Собир дар шеърҳояш пайваста ватандӯстӣ, гиромӣ доштани забони модарӣ ва таъриху тамаддуни миллати тоҷикро тарғиб менамуд.