Баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар шаҳри Душанбе

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» санаи 14 сентябр дар МТМУ №15-и ноҳияи Сино оғоз гардид. Дар маросими оғози даври шаҳрии озмуни мазкур муовин вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Илҳомуддин, муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа — муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим, муовини Сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Исвализода Сулаймон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт,
ҳайати ҳакамони озмун ва иштирокчиён иштирок доштанд.
Зимни суханронии масъулин гуфта шуд, ки бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар якчанд озмунҳо гузаронида мешавад, ки барои тақвияти донишу маҳорати ҳама қишри ҷомеа кумак карда, бадин васила барои шинохт ва муаррифии осори гузаштагон ва фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик заминаи хубе мегузорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар пойтахт бо роҳбарӣ ва дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мунтазам ҷиҳати босифат амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра чораҳои муҳим андешида шуда, доир ба ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуну чорабиниҳои гуногун тадбирҳои зарурӣ татбиқ шуда истодаанд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло зикр менамоем, ки Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026, №АП-950 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат”, қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар шаҳри Душанбе” аз 20 январи соли 2026, №52 ба тасвиб расидааст.
Мақсад аз баргузории озмун ин пеш аз ҳама рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.
Ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва диқиқ аҳамияти хоса дода шуда, самтҳои афзалиятноки илмҳои табиӣ муайян, нерӯҳои илмӣ ва воситаҳои моддию техникӣ дар ин самт муттамарказонида шавад.
Дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани шароити мусоид барои гузаронидани озмуну чорабиниҳои гуногун дар амалишавии Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиноси дақиқ ва риёзӣ эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар соҳаи илму маориф муҳим арзёбӣ гашта, ба рушди пояҳои моддию техникии илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҳамзамон, таваҷҷӯҳ намудан ба фаъолияти инноватсионии насли ояндасози миллат зери таваҷҷӯҳи хосаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли илму маориф ба шумор меравад.
Бо мақсади истифодаи мақсадноку самараноки техника ва технологияи инноватсионӣ, шабакаи Интернет дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ тадбирҳо андешида шуда, барои иҷрои ин мақсад бо дастгирии бевосита Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муассисаҳои таълимии пойтахт бо компютер ва техникаи муосири иттилоотӣ ва таҷҳизоти лабораторӣ таъмин карда шудаанд.
Зеро парвариш ва ташаккули шахсиятҳои босаводу соҳибмаърифат бо истифода аз технологияи муосир ва таъмини шароиту имкониятҳои хуби таълимӣ яке аз ҳадафҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба шумор меравад.
Барои амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми шароити зарурӣ дар пойтахт муҳайё карда шуда, ба фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ тақвият дода шуда, озмунҳои ихтироъкориву навоварӣ, таъмини иштироки хонандагон дар озмунҳои фаннии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Дарёфти истеъдодҳои нав, рушди малакаву маҳорати онҳо ба таври доимӣ қадршиносӣ намудани ғолибон баҳри ноил гаштан ба дастовардҳои назаррас дар шаҳри Душанбе мусоидат намудааст.
Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” тибқи Низомнома аз рӯйи ҳашт номинатсия: математика; физика ва астрономия; химия; биология; география; технологияи иттилоотӣ; зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва 4 давр: дохилимуассисавӣ ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад, ки мо имрӯз шоҳиди баргузории даври сеюми озмуни мазкур мебошем.
Дар даври якуми озмун дар умум 85662 нафар иштирок намуданд, ки аз он 7484 нафар ғолиби даври якум дониста шуда, ба даври дуюм роҳхат гирифтанд
Дар даври дуюми озмун 7484 нафар иштирок намуда, аз шумораи умумии довталабон 602 нафар ғолиби даври дуюм дониста шуда, ба даври сеюм роҳхат гирифтаанд, мо имрӯз шоҳиди сабқати онҳо дар даври сеюм мегардем.
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати ҳакамон, ки даври шаҳрии озмунро доварӣ менамоянд аз мутахассисони сатҳи баланди касбӣ буда, аз ҷониби Комиссияи даври ҷумҳуриявии озмун тасдиқ гардидаанд ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки ба дониши довталабон воқеъбинона баҳо медиҳанд.
Ба иштирокчиёни даври шаҳрии озмун, ки маррифгари пойтахти азизамон шаҳри Душанбе мебошанд, барору комёбӣ таманно намуда, итминон дорем, ки бо донишу маҳорати худ ғолибиятро ба даст оварда, дар даври ҷумҳуриявӣ низ дастболо гашта, пешсафиро аз даст нахоҳанд дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *