Дар Душанбе Мактаби химикони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегузарад

Аз 27 ноябр то 2 декабр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мактаби химикони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Дастовардҳои муосири илм ва технологияи химия» мегузарад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ доир гардида, дар он олимону коршиносони соҳа дар ҳайати 36 нафар аз Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Арманистон иштирок доранд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова дар робита ба тавсеа ва густариши ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаву созмонҳои байналмилалии илмӣ ибрози андеша намуд.

Иштирокдорони мактаби химикон дар ин рӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни илми химия оид ба маводи органикӣ ва ғайриорганикӣ, кимиёи полимерҳо ва дорусозӣ, инчунин дар соҳаи кимиёи сабз маъруза пешниҳод ва муҳокима менамоянд. ­

Ёдовар мешавем, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз соли 2019 Мактаби химикони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баргузор менамояд. Мактаб барои ташкили фазои ягонаи илмӣ ва таълимӣ пешбинӣ шуда, муҳаққиқони соҳаи химияи органикиро муттаҳид менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *