Имрӯз дар шаҳри Душанбе аз 13 фанни таълимӣ олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид.
Олимпиадаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва рушди зеҳнии хонандагони боистеъдод баргузор карда мешавад.
Дар даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаи фаннӣ аз чор ноҳияи пойтахт 5 ҳазору 769 довталаб ба олимпиада роҳ ёфтанд, ки аз ин шумора 3 ҳазору 783 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва 1 986 нафар аз фанҳои табиӣ-риёзӣ мебошанд.
Олимпиада пурра тибқи Низомномаи олимпиадаҳои фаннӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ гардида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод мегарданд.
Олимпиадаи фаннӣ то 6 январ идома ёфта, баргузории он яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб намудани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад.