РАВАНДҲОИ ПСИХОЛОГИИ ТАШАККУЛЛИ МАЪРИФАТ ВА ҶАҲОНБИНИИ КӮДАКОНИ СИННИ ТОМАКТАБӢ

Дар мақолаи мазкур нақши равандҳои психологӣ ба мисли эҳсос, идрок, диққат, хотир, тафаккур, нутқ, хаёл дар ташаккули шахсияти бачагони то синни мактабӣ, яъне боғчаю парваришгоҳҳо шарҳу тавзеҳи мухтасар меёбад.

Синни томактабӣ кӯдакони аз 3 то 7 соларо дар бар мегирад. Ин даврони асосии шакл гирифтан ва мазмун пайдо кардани ҷанбаҳои мухталифи ҷаҳоншиносии содда ва нахустини онҳо маҳсуб мешавад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар раванди ташаккули шахсияти баъдинаи инсон, ин даврон ҳамчун оғози ҷаҳоншиносӣ ва ҷаҳонфаҳмии ӯ нақши муҳим дорад. Аз ҷиҳати анатомӣ исбот аст, ки дар ин давраи синнусолӣ узвҳои бадан бо суръати тез инкишоф меёбад. Тағйиротҳои муҳими анатомию физиологӣ дар фаъолияти рагҳои хунгард, пайвандакҳо, бофтаҳо ба вуҷуд меоянд. Рафти ба устухон табдилёбии скелет ва зиёдшавии вазни мушакҳо давом мекунад. Узвҳои нафаскашӣ ва гардиши хун барои инкишофи муътадили узвҳои бадани бача аҳамияти калон дорад.

Мусаллам аст, ки дар баробари тағйиротҳои анатомию физиологӣ дар сиришту ниҳоди кўдакони ин давраи синнусолӣ тағйиротҳои муҳими психологӣ ба вуҷуд меояд. Ин имкон медиҳад, ки кўдак мустақилона амал карданро ёд гирад. Аз синни 3-4 солагӣ cap карда кўдак бо ашёҳои олами иҳота карда ба муносибати фаъолона дохил мешавад, ки он мазмун ва ҷараёни инкишофи психикаи ўро тағир медиҳад.

Шаклҳои нави муоширати кўдакон дар рафти машғулиятҳои кўдакистон шакл гирифта мустаҳкам мегардад. Дар рафти машғулиятҳо кўдак дар бораи муҳити иҳотакарда, ҳодисахои табиат, ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ донишҳои нав гирифта, тасаввуроташ ѓанӣ мегардад. Дар рафти машғулиятҳои таълимӣ (расмкашӣ, гулмонӣ, суробсозӣ, мехнати дастӣ) дар кўдакистон завқу шавқ ва фаъолиятҳои маърифатии кўдакон инкишоф ёфта, эҳсосу идрокашон равшану аниқ ме­гардад. Онҳо бедушворӣ хусусиятҳои ашёро номбар мекунанд, онҳоро аз рўи шакл, ҳаҷм ва мавқеи ҷойгиршавӣ дуруст муайян карда метавонанд. На танҳо намуди зоҳирии ашёҳоро идрок мекунанд, инчунин аз рўи истифодабарӣ ба гурўҳҳо ҷудо мекунанд: ашёҳои таълимӣ, сару либос, ашёҳои рўзгор, мева, сабзавотҳо, мебел, асбобҳои мусиқӣ ва ғайра.

Бозӣ яке аз фаъолиятҳои асосӣ, пешбаранда ва инкишофдиҳандаи шахсияти кўдакони синни томактабӣ ба шумор меравад. Дар рафти бозӣ кўдак мушоҳидаҳои ҳаёти ҳаррўза, дониш ва таҷрибаҳои андўхтаи худро ба таври васеъ истифода бурда, ба калонсолон пайравӣ мекунад, дар онҳо ҳаёту зиндагии калонсолонро инъикос карда, маҳорат ва малакаҳои меҳнатиашро ташаккул медиҳад. Агар дар синни 4 солагӣ бозӣ хусусияти кутоҳмуддатӣ дошта бошад, минбаъд он дурудароз давом карда, характери коллективӣ, гурўҳӣ, мақсаднок ва эҷодкорӣ пайдо намуда, муносибати байниҳамии кўдакон ташаккул меёбад. Дар рафти бозӣ фаъолияти маърифатии кўдакон зина ба зина инкишоф меёбад, онҳоро ба фаъолияти таълимї ва меҳнатӣ тайёр мекунад.

Яке аз роҳҳои ташаккули шахсияти кўдакони синни томактабӣ мушаххас кардани зинаҳои дарку маърифати онҳо мебошад. Фаъолияти маърифатии кўдакони синни томактабӣ дар ин давра хусусиятҳои ба худ хоси инкишофёбӣ дошта, бо равандҳои инкишофи психологӣ алоқамандӣ дорад ва заминаи муҳими омодагии психологии бача ба мактаб мегардад.

Эҳсос-зиннаи аввалин ва оддитарини инъикоси ашё ва ҳодисаҳои олами воқеӣ буда, тавассути узвҳои ҳиссӣ (чашм, гўш, бинӣ, забон, пўст) хусусияти алоҳидаи онҳо, ба мисли ранг, равшанӣ, пастию баландии овозҳо, дуруштию суфтагии қисмҳои болоии ашё, гармию хунукӣ, буйҳои хушу бад, маззаҳои туршӣ, ширинӣ, талхӣ, шурӣ, тезӣ ва ғайра аз тарафи одам дониста мешавад.

Албатта эҳсоси кўдакона аз калонсолон ба куллӣ фарқ дорад. Инкишофи эҳсос ва дар баробари он узвҳои ҳиссӣ дар синни томактабӣ давом мекунад. Кўдак ҳаррўз бо ашёҳо, ҳодисаҳои нав вомехўрад, шинос мешавад, хусусиятҳои онҳоро дониста мегирад ва бо ашёҳои пештар шинос шудааш муқоиса мекунад, таҷрибаи ҳиссии худро такмил медиҳад ва ин амал то охири умри одам давом мекунад, он гувоҳи доимо такмилёбӣ ва инкишофи фаъолияти маърифатии инсон аст.

Дар раванди муносибат ва муошират бо олами атроф эҳсоси кўдак сифатан тағйир меёбад, ки дар он нақши муайянро нутқ ва минбаъд машқҳои пайдарпаи ҳискунанда мебозад. Бе таълим ва ёддиҳии махсус кўдак дар бораи хусусияти алоҳидаи ашёҳо ва ҳодисаҳои олами атроф маълумот пайдо карда наметавонад. Ин дар навбати худ аз волидон, мураббия талаб меку­над, ки таваҷҷуҳи кўдаконро ҳангоми сайругашт ба табиат ва ху­сусияти алоҳидаи ашёҳои олами иҳотакарда ҷалб намуда, хусусияти монандӣ, умумият ва фарқкунандаи онҳоро дарку фањҳ намоянд. Кўдакон бояд ранг, шакл, садо, бўй, мазза ва дигар хусусияти ашёҳои дар табиат бударо ҳис карда, онҳоро ба хотир гиранд (осмон-ранги кабуд, гулҳо ранги сурху зард, барги растаниҳо сабз аст, ў бояд донанд, ки шамол мевазад, борон меборад, барф хунук аст, ранги сафед дорад, паррандаю ҳайвонҳо овозҳои гуногун доранд ва ғайра).

Мураббия ва калонсолон таваҷҷуҳи кўдаконро ба шакл, ранг, сохти барг, гул, меваи дарахту буттаҳо, ниҳолҳои сабзавотҳо ҷалб намуда мушоҳидаи онҳоро дар давоми фаслҳои сол таъмин менамоянд. Зеро хусусияти онҳо дар фаслҳои сол тағйир ёфта, мазза, бўй, сахтию мулоимӣ ва афзоишашон тағйир меёбад.

Ба инкишофи эҳсоси кўдакони синни томактабӣ ҳодисаҳои табиат: боридани борон, барф, жола, вазидани шамол, садои раъду барқ, баромадани тирукамон, ивазшавии шабу рўз, фаслҳои сол, таъсири мусбӣ расонида тасаввуроти онҳоро дар бораи хусу­сияти ашё ва ҳодисахои табиат бой мегардонад. Кўдакон ҳангоми сайругашт бо паррандаҳо (муқимӣ, мавсимӣ, хонагӣ), ҳайвонҳо (хонагӣ, ваҳшӣ, дарранда, хазанда, обӣ, хокӣ) ҳашаротҳо (хомўшак, гамбусак, гавҳораҷумбон, малах, мурча) шинос шуда, амал, овоз, хурокхӯрӣ, худмуҳофизаткунӣ, лонасозии онҳоро мушоҳида мекунад ва ҳамаи ин дар инкишофи эҳсоси онҳо таъсири калон мерасонад.

Яке аз раванди психологии ташаккули шавқу завқ ва дар умум эҳсосоти кўдакони синни томактабӣ машғулияти мусиқӣ мебошанд. Масалан, мутафаккири бузурги Чини қадим Конфутсий ва донишманди забардасти тоҷик Абўалӣ ибни Сино таълими мусиқиро яке аз роҳҳои асосии ташаккули зебоишиносӣ ва шахсияти кўдак донистаанд. Дар раванди омўзиши муиќӣ кўдакон бо садо, сохт ва шакли асбобхои мусиқӣ шинос мешаванд, маҳорати гўш кардан, дарк намудан, дар хотир нигох доштан ва фарқ кардани садоҳоро пайдо мекунанд. Ҳангоми сурудхонӣ овози худро ба мусиқи ҷўр карда эҳсоси шунавоиашонро такмил медиханд.

Зина ба зина инкишоф ва такмил ёфтани эҳсоси кўдакони синни томактабӣ ба ташкили дурусти таълим ва тарбия дар оила ва кўдакистон вобастагӣ дорад.

Идрок— ҳам ба монанди эҳсос зинаи аввалини фаъолияти маърифатӣ буда, ба воситаи он ашёҳои олами иҳотакарда дар шакли яклухт инъикос карда мешаванд. Калимаи идрок шакли ҷамъи дарк аст, ки раванди дарку фаҳми инсониро таҷассум менамояд. Бо тағйир ёфтани синнусол мазмуни идрок тағйир ёфта мураккаб, равшан, аниқ мегардад. Масалан, кўдаки 3-4 сола агар дар секунча боми хона, конус, дар росткунча тирезаро идрок кунад, бачаҳои 5-6 сола шаклҳоро бо ашё монанд карда доираро ба халқа, кубро ба пораи собун, силиндрро ба стакан монанд мекунанд. Шаклҳои геометриро номбар карда, шакли ашёро аз мазмуни он дур мекунанд. Масалан, дарро ба росткунча, офтобро ба дойра ва ѓайра монанд мекунанд.

Мушоҳидаи мутахассисон нишон дод, ки кўдакон ҳамон расмҳоро тезтар идрок карда метавонанд, ки ба мазмуни он сарфахм раванд, номи расмро фаҳманд. Чунки накши калима дар инкишофи идрок хело калон буда, захираи луғавии кўдаконро бой мегардонад.

Идрокро аз руи иштироки анализаторҳо ба идроки биноӣ, шунавоӣ, мазза, буй, ламс ва аз рўи ҳастии материя ба идроки фазо, ваќт ва ҳаракат чудо мекунанд. Идроки фазогии кўдакони синни томактабӣ дар машгулиятҳои расмкашӣ, гулмонӣ (дар мобайн, атроф, боло, поён) дар машғулияти мусиқӣ (ҳаракатҳои дасту пойҳо ҳангоми ракс) ташаккул меёбад.

Вақт ҳастии объективӣ буда, ҳамаи ҳодисаҳои олами воқеӣ на танҳо дар фазои муайян, инчунин дар вақти муайян мегузаранд. Ба анешаи Д.Б.Элконин идроки вақт ин инъикоси дурудароз, суръатнокӣ ва пайдарпаии ҳодисаҳои ҳақиқати объективии магзи cap мебошад.

Барои кўдакони синни томактабӣ инъикоси вақт нисбати идроки фазо душвортар буда, кори таълимии махсусро талаб мекунад. Зеро ваќт гузаранда буда, одам дар як ҳолат хурдтарин воҳиди вақтро идрок карда наметавонад, танхо пайдарпаии он: аввал, баъд ва дар охир (сония, дакика, соат) — ро идрок мекунад. Барои идроки вакт дар одам анализатори махсус вучуд надорад. Вакт тавассути ҳаракат ва ритми фаъолияти ҳаётии набз, нафаскашӣ ва ё бо ёрии асбоби махсус — соат чен карда мешавад. Шахсони калонсол вақтро ба воситаи анализаторҳои биноӣ дониста мегиранд, ки ин анализатор холо дар кўдакон инкишоф наёфтааст.

Дар барномаи таълимию тарбиявии кўдакистон доир ба идрои вақт як қатор чорабиниҳои муайян пешбинӣ карда шудааст, ки он ба идроки вақти кўдакон кумак мерасонад. Бошуурона дарк кардани лаҳзаҳои вақт ба кўдакон аз он ҷихат муҳим аст, ки онҳо фаъолияти худро ба нақша мегиранд, ба низом медароранд, суръати иҷрои амалро тез ё суст мекунанд. Маҳорати ба накша гирифтан ва ба тартиб даровардани фаъолият дар кўдакон сифатҳои ташки- лотчигӣ максаднокӣ, аниқ амал намудан ва муташаккилиро ташаккул медиҳад. Зеро сифатҳои дар боло номбар карда шуда, дар рафти фаъолияти таълимии бача дар мактаб ва дар ҳаёти ҳаррўзаи вай зарур ва муҳим аст. Вақт тағйирёбанда буда, доимо дар ҳаракат аст, аз ин рў, кўдакони синни томактабӣ вақтро ҳамчун ҳақиқати воқеӣ дуруст дарк карда наметавонанд. Вақт як ченак дорад ва он баргарданда нест, ҳамеша ба пеш харакат мекунад. Барои калонсолон ва мураббия лозим аст, ки дар кўдакон идроки вақтро тарбия намоянд. Малакаҳои аниқ муайян кардани вақт ба дониш, таҷрибаи шахсии ҳар як бача ва ҳаёти ҳаррўзаи ў вобастагӣ дорад. Бача дар рафти фаъолият ба мазмуни ченаки вақт ва пайдарпаии он сарфаҳм меравад.

Ченаки вақт аз сония, дақиқа, соат, шабонарўз, ҳафта, моҳ, сол ва аср иборат буда, системаи муайяни меъёри вақтро дар бар мегирад. Ҳар як ченаки вақт ба идроки ҳодисахои гузашта, ҳозира ва оянда нигаронида шудааст. Аз ин ҷиҳат, дар рафти шинос намудани кўдакон бо меъёри вақт ба мураббия ва калонсолон зарур аст, ки новобастагии вақтро ба шахс фаҳмонанд. Маълум аст, ки кўдакон хелс барвақт дар бораи ҷоришавии лаҳзахои вақт тасав- вуроти муайян пайдо мекунанд. Махсусан ҳамгоми бо калонсо­лон муоширати нуткӣ барқарор намудан кўдак на танхо бо мафҳумҳои «пагоҳирузӣ», «нисфирузӣ», «бегоҳӣ» ва «шаб» ши­нос мешавад, инчунин дар нутқаш аз ин мафҳумҳо истифода мебарад. Масалан, «Ман имрўз барвақ аз хобам хестам», «Шаб шудааст, ман хоб меравам», «Пагоҳ ба боғча намеравам, чунки пагоҳ рўзи истироҳатӣ аст» ва ҳоказо.

Тадқиқотҳои гузаронидаи равоншиносон ҳаминро собит мекунад, ки идроки вақт дар кўдакони синни томактабӣ бо фаъолият ва амалҳои мушаххаси онҳо алоқаманд аст. Масалан, ба кўда­кон расмеро, намоиш доданд, ки дар он духтарча бо варзиши пагоҳирузӣ машғул аст ва баъд ба онҳо бо саволи зерин муроҷиат намуданд: «Дар ин расм шумо чиро мебинед?», «Духтарча чи кор карда истодааст? », «Кадом лаҳзаи вақт дар расм тасвир шудааст?» Қисми зиёди кўдакон ҷавоб доданд, ки духтарча пагоҳирӯзӣ ба варзиши бадан машғул аст. Ё ин, ки кўдакон расми писарбачае, ки хоб аст тамошо карда ҷавоб доданд: «Шабона вақто, ки ҳаво торик мешавад, бачаҳо ва калонсолон хоб мекунанд».

Диққат— яке аз равандҳои ташаккул ва бой гардонидани маърифат, дониш ва ҷаҳонбинии инсон аст. Дар синни томактабӣ диққати кўдакон дар рафти машғулиятҳои таълимӣ, фаъолиятҳо, бозӣ, меҳнаткунӣ, ҳангоми сайругашт характери ихтиёрӣ пайдо мекунад. Аввалан, ҳаҷми диққат васеъ мешавад. Баъдан, устувории диққат мустаҳкам мегардад, бомақсадона ба ягон ашё, ҳодиса равона намудани фаъолияти психикӣ ташаккул меёбад.

Таҷрибаҳо ба исбот расонидаанд, ки дар васеъшавии ҷами диққат нақши нутқ ва фаъолиятҳо (бозӣ, таълим, меҳнат, расмкашӣ, гулмонӣ, тартибдиҳӣ) хеле калон аст. Кўдакони синни томактабӣ нисбати кўдакони синни барвақти бачагӣ калима, нутқи калонсолонро бо осонӣ дарк карда, ба мазмуни он сарфаҳм мераванд ва аз ин лиҳоз, дар инкишофи диққати онҳо нақши нутқи калонсолон калон аст. Кўдакони синни калони томактабӣ танҳо ба як ашё ва ё расм диққаташонро равона карда онҳоро идрок мекунанд, инчунин диққаташонро ба ду ва зиёда ашёҳо равона карда, инчунин пайдарпай ва равшан онҳоро идрок карда метавонанд, ки ин амал ба кўдакони 4-5 сола хос нест.

Диққати кўдакони синни томактабӣ зина ба зина устувор мегардад. Тадқиқотхои гузаронидаи Бейрл нишон медиҳад, ки агар устувории диққати кўдакони яксола ба ягон ашё дар давоми 4,5 дақиқа нигоҳ дошта шавад, дар кўдакони сесола то 27 дақиқа ва дар синни 5-6 сола то 96-100 дақиқаро ташкил медиҳад.

Таҷрибаҳои гузаронидаи В.В.Ночевкина нишон медиҳад, ки устувории диққат инчунин ба давомнокии танаффус вобастагӣ дорад. Фаъолияти бозии кўдакони 2,6 сола- 3,6 сола агар 17,5 дақиқа давом кунад, ба ҳисоби миёна 7-8 дақиқа диққаташон парешон мешавад. Устувории диққати кўдакони 5-6 сола чор маротиба дарозтар давом мекунад. Масалан, агар фаъолияти бозиашон 62,8 дақиқа давом кунад, парешонии диққатии онҳо 1,6 дақиқаро ташкил мекунад.

Аз руи маълумотҳои ба даст овардаи В.В. Ночевкина ҳисоби миёнаи парешон диққатии кўдакони давраи миёна, калон ва омодагӣ ба мактаб ҳангоми аз ёд кардани шеър 3,7 маротиба,дар машѓулияти математика 2,7 маротиба, дар машғулиятҳое, ки маҳорати фикркуниро талаб мекунад 1,8 маротиба мушоҳида мешавад.

Бояд қайд кунем, ки устувории диққат ба хусусияти фардӣ- психологии кўдакон вобастагӣ дорад. Дар кўдаконе, ки диққаташонро идора карда, метавонанд ва системаи асабашон баробарвазн аст, устувории диққат 1,5-2 маротиба нисбати бачаҳои ҳаячоннок зиёдтар аст.

Муттамарказият ва устувории диққати бача дар рафти машғулиятхо ва ташкили мушоҳидаю мушоҳидакорӣ зина ба зина ин­кишоф меёбад. Ҳангоми сайругашт кўдак бо ашё ва ҳодисаҳои олами иҳотакарда шинос мешавад, хусусияти онҳоро ҳамон вақт ҳаматарафа дониста мегирад, ки калонсолон диккати вайро ба он чалб намоянд. Масалан, калонсолон хангоми сайругашт, машғулиятҳои таълимӣ таваҷчуҳи бачаро ба тағйиротхои фаслҳои сол, амалу рафторҳои ҳайвону паррандаҳо, ҳашароту хазандаҳо ҷалб намо­янд. Дар рафти мушоҳидаю мушоҳидакорӣ кўдак на танхо хусусияти ашёҳои олами иҳотакардаро дониста мегирад, инчунин умумият ва фарќияти онҳоро муайян мекунад, ба инкишофи амалҳои фикрии тафаккури кўдак: муқоиса, таҳлил, таркиб, ҷамъбаст, абстраксия ва мушаххаскунии вай замина пайдо мешавад.

Хотир-бузургтарин таассуми фикрӣ ва ақлонии инсон аст. Ташаккули хотира дар кўдакони синни томактабӣ боиси мустаҳкамии зеҳн ва шуури онҳо мегардад. Яқин аст, ки ашё ва ҳодисаҳои олами атроф на танҳо ҳисси таваҷҷуҳи кўдаконро ба тарафи худ ҷалб менамоянд, инчунин онҳоро ба хотир мегиранд, дар хотир нигоҳ медоранд ва дар вақти зарур аз нав ба хотир меоранд. Ҳодисаю воқеаҳое, ки кўдак мебинаду мешунавад дер гоҳ дар лавҳи хотираш нигоҳ медорад. Масалан, ҳар як шахси калонсол ҳамеша воқеаои давраи кудакӣ ва шеърҳои аз ёд кардаашонро бедушворӣ ба хотир оварда метавонад.

Таъкид кардан зарур аст, ки бо тағйир ёфтани синнусол таҷрибаи ҳаётии кўдакон пай дар пай васеъ ва бой мегардад , ки он хотирашонро инкишоф медиҳад. Тасаввуроти кўдакон оид ба мафҳуми ашёҳо васеъ гардида як атор маҳорат ва малакаҳоро аз худ мекунанд. Аввалан, онҳо фикрашонро ба тартиб медароранд ва дер гоҳ дар хотир нигох медоранд.

Хотири кўдакони синни томактабӣ характери механикӣ, образӣ ва ғайриихтиёрӣ дошта, онхо бештар ҳодисаҳои шавқовару таъсирбахшро ба хотир мегиранд. Бачаҳои ин синнусол дар раф­ти машғулияти инкишофи нутқ бе сарфи қувваи зиёдати шеъру сурудҳоро аз ёд кунанд ҳам, вале ба мазмуни онҳо пурра сарфаҳм намераванд. Ё дар рафти машғулияти инкишофдихии тасаввуротҳои оддитарини математикӣ бача ададҳоро пай дар пай номбар кунад ҳам, вале бо тағйир додани пайдарпаии рақамҳо онҳоро дуруст номбар карда наметавонад. Аз ин ҷиҳат, ба мураббия ва калонсолон лозим аст, ки дар рафти машғулиятҳои инкишофи нутқ, шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ таваҷҷухи кўдаконро ба кали маю ибораҳои нав ҷалб намуда захираи луғавии онҳоро бой гардонанд, мазмуни калимаҳои навро фаҳмонанд, то ки дар вақти аз нав нақл кардани афсонаю ҳикояҳо ва хондани шеър бача моҳияти онҳоро дуруст дарк карда тавонад.

Хотири образӣ дар ин давраи синнусолӣ бо суръат инкишоф меёбад. Кўдак образи ашёҳои пештар идрок кардаашро дар хотир нигоҳ дошта, маълумотҳои худро дар бораи одамони иҳотакарда, меваю сабзавотҳо, дарахту буттаҳо, ҳайвону парранда, ҳашроту хазанда, ашёҳои рўзгор, фазо ва вақт бой гардонанд ҳам, вале тасаввуроташон норавшану пароканда, беҳаракату омехта мебошад.

Хотири ғайриихтиёрии кўдакон хусусияти бавоситагӣ дошта, бача бештар он ашёҳоро ба хотир мегирад, ки бо амалҳои мушаххаси онҳо алоқаманд бошад. Масалан, мураббия ба бача супориш медиҳад, ки ашёҳоро вобаста ба тарзи истифодабарӣ ба гурўҳҳо чудо кунад: ашёҳои барои машғулияти варзишӣ, ошхона, ба хонаи гурўҳ тааллук дошта. Кўдак аввал расмҳои дидаашро ба хотир меорад, баъд онҳоро ба гурўҳҳо ҷудо мекунад. Аз синни миёнаи томактабӣ cap карда дар кўдак бахотиргирӣ ва аз нав ба хотироварии ихтиёри мушоҳида мешавад, ки он минбаъд такмил меёбад.

Яке аз шартҳои бомуввафаққият ба хотир гирифтан, дар хотир нигоҳ доштани ашё ва ҳодисаҳои олами иҳотакарда дар рафти фаъолияти бозӣ ба амал меояд. Ин дар навбати худ аз бача талаб мекунад, ки нақши ба зимма гирифтааш: духтур, ронанда, ошпазро дуруст ба хотир гирад ва амалҳои лозимиро дуруст иҷро кунад.

Бояд қайд кард, ки миқдори калимаҳое, ки бача дар рафти бозӣ ба хотир мегирад ва аз онҳо истифода мебарад, нисбати миқдори калимаҳое, ки барои ба хотир гирифтан калонсолон пешниҳод мекунанд, зиёдтар аст. Масалан, бача нақши фурўшандаро иҷро кар­да, бо харидор муносибат намуда аз таҷриба, дониш ва мушоҳидаҳои худ ба таври васеъ истифода мебарад. Ҳангоми ихтиёрона ба хотир гирифтани ашё, ҳодисаҳою воқеаҳо бача аз тарзу усулҳои зарурии бахотиргирӣ истифода намебарад. Вале дар назди худ мақсад мегузорад, ки онҳоро ба хотир гирифта, дар хотир нигоҳ дорад. Бача мефаҳмад, ки агар ашё ё ҳодисаҳои дидаю шунидаашро хуб ба хотир нигоҳ надорад, он гоҳ дар вақти зарурӣ аз нав ба хотир оварданаш душвор мешавад.

Хотир бо тасаввурот алоқаи ҷудонашаванда дорад. Хотири калимагӣ-мантиқии томактабиён ба инкишофи қобилияти фикрии онҳо мусоидат мекунад. Агар дар кўдакони хурдсол хотир хусусияти зоҳирӣ дошта бошад, ашё ва ё ҳодисаҳои дидаю шунидаашонро айнан нақл кунад, дар давраи калон ва омодагӣ ба мактаб мазмуни чизҳои дидаю шунидаашонро гуфта медиҳанд.

Маълумотҳои ба даст овардаи мутахассисон нишон дод, ки дар кўдакони синни хурди томактабӣ хотири калимагӣ-мантиқиро мушоҳида кардан мумкин аст, ба шарте, ки кўдак мазмун ва моҳияти чизҳои дидаю шунидаашро дуруст дарк кунад, ба хотир гирад, онҳоро бо чизҳои дигар дар алоқамандӣ дида тавонад.

Инкишофи хотири калимагӣ- мантиқӣ ба тағйиротҳои фаъолияти хаёл бевосита таъсир мерасонад. Дар инкишофи хотири ихтиёрии кўдакони синни томактабӣ аз нав ба хотир овардан нисбати ба хотир гирифтан бартарӣ дорад. Чунки аз нав ба хотир овардан бо фаъолияти дар хотир нигоҳ доштан алоқаманд мебошад. Кўдакон шеъри дар хотир нигоҳ доштаашонро тавассути аз нав ба хотир овардан такрор меку­нанд. Фаъолияти дар хотир нигоҳ доштан ба фаъолнокии худи кўдак вобаста мебошад. Агар супориши ба кўдак дода шуда ҳаваси маърифатии ўро бедор кунад, вай супориш, калима ва ё ашёи гуфтаи мураббияро хуб ба хотир мегирад ва дер гоҳ аз хотир фаромўш намекунад. Инчунин ихтиёрона, бомақсадона ба хотир гирифтан, дар хотир нигоҳ доштан ва аз нав ба хотир овардан аз моҳият ва аҳамияти чизи ба хотир гирифта шаванда вобастагӣ дорад. Масалан, мураббия ба кўдак супориш медиҳад, ки шеъри ба ў дода шударо то рўзи ид аз ёд кунад. Кўдак дар назди худ мақсад мегузорад, ки шеърро аз ёд кунад ва дар хотир нигоҳ до­рад.

Ҳаҷми хотири кўдакони синни томактабӣ зина ба зина васеъ шуда, ба хотиргириашон аниқ, равшан ва мустаҳкам мегардад. Ба таври эҷодӣ истифода бурдани тасаввуротхои дар хотир нигоҳ доштаи кўдакон дар фаъолиятхои гуногун (бозӣ, таълим, меҳнат) минбаъд такмил меёбад.

Тафаккур-фаъолияти олитарини маърифатӣ буда, тавассути он одам дар бораи алоқа ва муносибати байниҳамии ашёҳо, њодисаҳою воқеаҳои олами иҳотакарда маълумот мегирад.

Аз рўзҳои аввали ба дунё омадан кўдак бо ашё ва ҳодисаҳои олами иҳотакарда шинос мешавад, қонуниятҳои табиатро дониста мегирад. Хусусиятҳои ашёҳоро эҳсосу идрок карда ба хотир мегирад, дар хотир нигоҳ медорад ва дар вақти зарурӣ онро аз нав ба хотир меорад. Дар соли дуюми ҳаёт тафаккури ў ба инкишофёбӣ оғоз мекунад.

Инкишофи тафаккур бо роғгардӣ, шаклҳои ҳаракат, васеъшавии ҷаҳонбинӣ ва ба вуҷудоии нутқи кўдак алоқаманд аст.

Педагогони барҷаста Я. А. Коминский, Ж. Ж. Руссо, И. П. Пестолотсий, Ф. Фребель, К. Д. Ушинский, Н. К. Крупская, А. И. Тихеева ва дигарон наќши табиатро дар инкишофи қобилияти зеҳнии кўдакон қайд карда онро ҳамчун сарчашмаи бузурги инкишофи дониши шахс баҳо дода буданд. Минбаъд ин ақида дар корҳои тадқиқотии як зумра педагогу психолог ва табиатшиносон бо монанди Л.С. Виготский, А.В.Запорожес, Н.Н.Поддьяков, С.Н.Николаева ва дигарон дастгири ва мавриди омўзиш қарор гирифта буд.

Аз ин рў, ба падару модарон ва мураббия зарур аст, ки таби­атро барон инкишофи ҳаматарафа, аз ҷумла қобилияти фикрии кўдакон ба таври васеъ истифода баранд. Зеро кўдак аз рўзҳои аввали ба дунё омаданаш ҳайвону паррандаҳо, растанию гулҳо, буттаю дарахтонро, ки ўро иҳота мекунанд мебинад, садои онҳоро мешунавад, ҳаракат ва рафторҳои онҳоро мушоҳида карда, тасаввуроташ зина ба зина ташаккул ёфта, ба қобилияти зеҳнии ў таъсири калон мерасонад (С.Н.Николаева).

Тафаккури кўдакон зина ба зина дар рафти мушоҳидаҳои ҳаррўзаи ҳодисаҳою воқеаҳо, амалу рафтори одамон, ҳайвонхо, паррандагон, тағйироти фаслҳои сол, ҳодисаҳои табиату муносибатҳои иҷтимоии атрофиён инкишоф меёбад. Ҳангоми иҷрои намудҳои гуногуни фаъолияти бозӣ, расмкашӣ, суробсозӣ, машғулиятҳои таълимӣ ва меҳнат дар табиат кўдак бо хусусияти ашё шинос шуда, дониш ва таҷрибааш васеъ мешавад. Ў аз амалҳои фикрии тафаккур (муқоиса, таҳлил, таркиб, ҷамъбаст, абстраксия, мушаххаскунӣ) истифода бурда, хусусиятхои монандӣ ва фарқкунанда, алокаи байни онҳоро дониста мегирад. Минбаъд дар рафти ҳалли ягон масъала аз он ба таври васеъ истифода мекунад.

Тафаккур бо нутқ алоқаи ҷудонашаванда дорад, тафаккур бе нутқ, нутқ бе тафаккур вуҷуд дошта наметавонад. Зеро одам тавассути калима, сухан дониш, таҷриба, ҷаҳонбинии худро ба дигарон дастрас мекунад, мефаҳмонад, исбот мекунад ва худ хаљми муайяни дониш, маълумот, тасаввурот, маҳорату малакаҳоро аз худ мекунад.

Нутқ — ҳодисаи психикиест, ки тавассути забон ифода мегардад. Инкишофи нутқ дараҷаи инкишофи тафаккурро муайян мекунад. Вобастагии сифати тафаккур бо нутқро К.Д.Ушинский, Л.С.Виготский, С. Л. Рубинштейн, А.Р.Лурия ќайд карда буданд. Амалҳои алоҳидаи фикр дар забон дар шакли яклухт ифода мешавад. Нутқ ба инкишофи тафаккур замина мегузорад. Муҳаққиқ Жинкин Н.И. менависад: «Нутқ ин воситаи инкишофи фикр буда, дар қадаре, ки кўдак забонро тезтар аз худ кунад, хамон қадар донишро бо осонӣ ва ба пуррагӣ аз худ мекунад».

Мушоҳидаҳо ва тадқиқотҳои илмии солҳои охир собит месозанд, ки дараҷаи инкишофи нутқи кўдакон ба синнусоли онҳо мувофикат намекунад. Дар нутқи кўдакони ҳозира хатогиҳои зиёде мушоҳида шавад ҳам, вале онҳо хоҳиши ислоҳ кардани нутқашонро надоранд. Нутқашонро ба нақша дароварда наметавонанд. Яке аз сабабҳои ба нуксони нутқӣ гирифторшавии кўда­кон мавқеи «хомўшӣ»-ро ишғол кардани онҳо мебошад.

Аз рўи далелҳои ба дастовардаи тадқиқотҳои ЮНЕСКОмаълум мешавад, ки 93 % кўдакони 3-5 сола дар як ҳафта 28 соат ва дар як шабона рўз 4 соат дар назди экрани телевизор нишаста барномаҳои гуногунро тамошо мекунанд. Ин аз вақти бо калонсолон муносибати нутқӣ барқарор кардаи кўдак зиёдтар аст. Чунин тарзи вақтгузаронӣ на танҳо ба кўдак (хомўшона нишаста барномаҳои телевизониро тамошо мекунад, ба калонсолон халал намерасонад), инчунин ба калонсолон (кўдак дар хона, ба ў ягон хатаре таҳдид намекунад) низ қулай аст. Калонсолон ақида доранд, ки тавассути барномаҳои телевизони кўдак ахборотхои нав мегирад, филмҳои тасвириро тамошо карда, мазмуни онҳоро дониста мегирад. Вале падару модарон намедонанд, ки ин машғулияти «қулай»-и кўдакон оқибатҳои бад дошта, на танҳо ба вазъи саломатии бача (узвхои биноии ўро монда мекунад, ҳангоми ни­шаста тамошо кардани барномаҳои телевизони онҳо кам ҳаракат мекунад, дурудароз нодуруст мешинад, ки сабаби камшавии сутунмуҳра мегардад), инчунин ба инкишофи психикаи ў таъсири манфӣ мерасонад (дар нутқи кўдак лакнат ба вуҷуд меояд, захираи луғавиаш васеъ намегардад, камбудиҳо дар нутқрониаш мушоҳида мешавад).

Бояд қайд кунем, ки дар синни томактабӣ амалҳои фикрии тафаккур аз тафаккури нутқӣ пеш меравад. Агар барои инкишофи нутқ ба кўдак шароитҳои заруриро муҳайё насозем, на танҳо нутки вай инкишоф намеёбад, балки ба инкишофи тафаккур таъсири манфӣ мерасонад.

Инкишофи тафаккур ба инкишофи эҳсосу идрок вобастагии калон дорад. Чунки тафаккур аз эҳсосу идрок бо хусусияти ҷамъбасткуниаш фарқ мекунад. К.Д.Ушинский қайд карда буд: «Дар ҷараёни аз худ намудани калимаҳои забони модарии кўдак на танҳо калимаҳоро, инчунин мафҳумҳо ва фикрҳои зиёдеро, ки ба ашё тааллуқ дорад, аз худ мекунад».

Тихеева Е.И. нақши муҳим доштани узвҳои ҳискуниро дар инкишофи нутқ қайд карда, онҳоро олоти донистагирии олами иҳотакарда мешуморид.

Нутқи кўдакони синни томактабӣ дар рафти машғулиятҳои инкишофи нутқ, шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ, тайёрӣ ба таълими савод инкишоф ёфта, дар рафти машғулияти инкишофдиҳии тасаввуротҳои оддитарини математикӣ, санъати тасвирӣ, тарбияи ҷисмонӣ, хештаншиносӣ ва халқомузӣ ташаккул ёфта, захираи луғавии онҳо бо мафҳумҳои барояшон нав бой мегардад. Онҳо фаҳмида мегиранд, ки як калима маънои дигар ҳам доштааст. Масалан, калимаи «офтоб»-ро бо калимаи «хуршед», калимаи «падар»-ро бо калимаи «дада», «ота», калимаи «модар»-ро бо калимаҳои «оча» иваз кардан мумкин аст.

Хаёл -инкишофи хаёли кўдакони синни томактабӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар соҳаи психологияи бачагона нисбатан кам тадқиқ карда шудааст. Натиҷаи тадқиқотҳои психологи намоён Л.С.Виготский нишон медиҳад, ки хаёл дар рафти фаъо­лиятхои гуногун (бозӣ таълим, мехнат) зина ба зина инкишоф меёбад.

Л.С.Виготский хаёлро ҳамчун фаъолияти мустақили психикӣ ба қалам дода, таъкид мекунад, ки хаёл ҳам ба монанди дигар фаъолиятҳои психикӣ (эҳсос, идрок, хотир, тафаккур) олами воқеиро ииъикос мекунад ва инкишофи он аз синни томактабӣ оғоз меёбад.

«Ҳар чи қадаре, ки кўдак зиёдтар дида , шунида ,аз cap гузаронад, ҳар чи қадаре, ки онҳоро бештар аз худ кунад, ҳамон қадар аломатҳои ашёҳоро дониста мегирад ва хаёли ў сермаҳсул мешавад» -нависта буд Л.С.Виготский. Аќидаҳои Л.С.Виготскиро до­ир ба масъалаи хаёл минбаъд психологон Т.А.Репин, Л.С.Славина, Ф.И.Фрадкина ва чанде дигарон инкишоф дода, қайд карданд, ки хаёли кўдакони синни томактабӣ дар рафти фаъолиятҳои сермаҳсул: расмкашӣ, суробсозӣ, гулмонӣ, тартибдҳӣ фаъолияти бозӣ, махсусан бозиҳои нақшдору мазмуннок, сохтмонӣ ва дар рафти шунидани афсонаю тамошои филмхои тасвирӣ инкишоф меёбад. Нақши саёҳат ба осорхона, ҷойҳои таърихӣ, табиат дар инкишофи хаёл аҳамияти калон до- рад. Дар заминаи онҳо кўдак тасаввурот, тахаюллоти худро дар фаъолияти расмкашӣ, гулмонӣ суробсозӣ инъикос намуда, аз маводҳои табии чизҳои аљоибро месозад, бозичањои сохтаашро ба ҳаракат дароварда, амалҳои гуногунро иҷро мекунад.

Инкишофи хаёл ба дониш, таҷриба ва синнусоли кўдакон вобастагӣ дорад. Ҳар қадаре, ки кўдак бо ашёҳои гуногун бисёртар шинос шавад, аҳамият ва моҳияти онҳоро дониста гирад, хусусияти ашёҳоро эҳсосу идрок карда ба хотир гирад, ҳамон қадар тасаввуроташ бой мегардад ва ба инкишофи хаёл замина ба вучуд меорад.

Хаёли кўдакони синни томактабӣ хислати ғайриихтиёрӣ до­рад. Объекти тахаюлоти онҳоро ҳодисаҳою воқеаҳо ва ашёҳои олами воқеӣ, наву ғайримуқаррарӣ ташкил мекунанд ва дар натиҷа хаёли ғайриихтиёрии онҳо шакл мегирад.

Хаёли ихтиёрӣ дар давраи калон ва омодагӣ ба мактаб ба инкишофёбӣ оғоз мекунад. Дар рафти фаъолиятхои бозӣ ва сермаҳсул таҳти роҳбарии калонсолон хаёли ихтиёрии кўдакон инки­шоф меёбад. Дар инкишофи хаёли ихтиёрӣ нақши сухан хеле ка­лон аст. Ҳангоми таъсирбахш, бо эмотсия хондан ва ё накл кардани афсонаю ҳикоя олами тахаюлоти кўдакон бою рангин ме­гардад. Онҳо бо диққат суханони мураббия ва ё калонсолон гўш мекунанд. Рафти ҳодисаю воқеаҳоро ба худ тасаввур мекунанд, худашонро ба мавқеи қаҳрамонони он тасаввур карда дар қиёфаашон тағйиротҳо ба вуҷуд меояд.

Сарчашмаи инкишофи хаёли кўдакон олами воқеӣ буда, бо баробари васеъшавии сатҳи дониш, таҷрибаи онҳо бой мегардад ва ба инкишофи хаёли эҷодиашон заминахои мусоидро ба вуҷуд меорад. Инкишофи хаёл аз сифати эҳсосу идрок, хотир, диққатнокӣ вобастагии калон дошта, ҳар қадаре, ки кўдак хусусиятҳои алоҳидаи ашёҳоро дуруст ва пурра эҳсос кунад, дар яклухти онҳоро идрок карда, дар лавҳи хотираш дурудароз нигоҳ дорад, ҳангоми эҷод кардани чизи нав аз он донишу таҷрибаҳояш ба таври васеъ истифода бурда метавонад. Дар инкишофи хаёл нақши амалҳои фикрии тафаккур муқоиса, таҳлил, таркиб, ҷамъбаст, абстраксия, мушаххаскунӣ хеле калон аст. Кўдак ашёю ҳодисаҳои дидаю шунидаашро ҳамон вақт ба таври эҷодӣ исти­фода бурда метавонад, ки агар онҳоро муқоиса карда хусусиятҳои монандӣ ва фарқкунандаашонро муайян кунад.

Дар кўдакони синни томактабӣ хаёли аз навҳосил шуда бештар мушоҳида мешавад. Масалан, баъди нақли ягон ҳодиса ва ё воқеа кўдакон вобаста ба дониш ва таҷрибаҳои андўхтаи худ рафти онро ба таври худ тасаввур карда, бо саволҳои гуногун ба калонсолон муроҷиат мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки паҳлўҳои дигар масъаларо дониста гиранд ва роҳҳои ҳалли онро ҷўянд.

Ҳамин тавр, инкишофи фаъолиятҳои маърифатии кўдакони синни томактабӣ зина ба зина дар рафти бо диққатона эҳсосу ид­рок кардани ашёҳо, ҳодисаю воқеаҳо ба хотир гирифтану дар хотир нигоҳ доштан ва аз нав ба хотир овардани онҳо инкишоф меёбад. Ашёю ҳодисаҳои ба хотир гирифтаашонро тавассути амалҳои фикрии тафаккур дар майнаи capмуқоиса, таҳлилу тар­киб, ҷамъбаст карда, хулоса намуда, фикрашонро ба воситаи нутқ ифода мекунанд. Дониш, таҷрибаи андўхтаашонро бо донишҳои нав якҷоя карда чизи навро эҷод мекунанд.

Сармураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №132-и ноҳияи Фирдавсӣ Ҷ.Султонова

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *