Дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе — Бобозода Асомиддин, директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» — Раҳимӣ Комил Маҳмадраҳим, директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии пойтахт, роҳбарони маҳфилҳо ва иштирокчиёну ғолибони озмунҳое, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар давраи таътили зимистонаи хонандагон ташкил ва баргузор гардиданд, маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо баргузори гардид.
Сараввал директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» — Раҳимӣ К.М. суханронӣ намуда, меҳмонон — иштирокчиёни чорабиниро ба ин даргоҳи илму ҳунар хайрамақдам гуфта, ғолибони Озмунҳоро бо ин дастовардашон самимона табрику муборакбод гуфтанд.
Сипас, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе — Бобозода Асомиддин баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҳамаи он озмунҳое, ки аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ташкил ва гузаронида мешаванд, саривақтӣ буда, дар ташаккули маҳорату истеъдод ва ҷаҳони маънавии наврасон саҳми хеле арзанда доранд.
Баъдан ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукоти Озмунҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Суратгузориш аз рафти баргузории ин чорабинии танатанавӣ: