8 феврали соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи онлайнӣ оид ба роҳҳои татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои Миллат ва вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, муовинони соҳавии раисони тамоми шаҳру ноҳияҳо, мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 3991 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 717 нафар мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, сол то сол маблағгузорӣ ба соҳа афзоиш меёбад, ки он барои рушди мунтазам шароити мусоид фароҳам меорад. Дар баробари ин, татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои Миллат аз мо – аҳли маорифи кишвар масъулияти бештарро талаб менамояд.
Сипас Раҳим Саидзода оиди вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва дастоварду мушкилотҳои ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бартараф намудани мушкилотҳо омили таъсиррасон дар рушди босуботи соҳаи маориф мебошад.
Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз ҷумла фарогирии бештари кӯдакон ба кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак, интизоми меҳнат ва давомоти хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалб ва дастгирии омӯзгорони ҷавон, гузариши хонандагони синфҳои 9-и муассисаҳои таълимӣ ба синфи 10, пурра бартараф намудани норасоии кадрӣ, назорати муассисаҳои таълимӣ дар самти таълиму тарбия, сохтмон ва таъмиру азнавсозии онҳо аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, наовардани китобҳои дарсӣ ва маводҳои хониш, риояи сару либоси тавсиявӣ, азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон, дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, зиёд намудани иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, таъмини шаффофият дар онҳо ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассиаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда дар ҷаласа қарорҳои зерин қабул гардид:
Дар муассисаҳои томактабӣ:
— интизоми меҳнат тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шуда, мудири муассисаи томактабӣ, сармураббия, мураббия, ҳамшираи шафқат, кормандони хоҷагӣ ва техникӣ дар вақти муқарраршуда ба ҷойи кор ҳозир шаванд;
— дар дохили даромадгоҳи муассисаҳои томактабӣ ҳангоми қабулу гусели кӯдакон навбатдорӣ ташкил карда шуда, мураббиён кӯдаконро қабул ва то гурӯҳ роҳнамоӣ кунанд;
— ҳолати санитарии муассиса, аз ҷумла саҳни ҳавлӣ, гурӯҳҳо, ошхона ва ҳуҷраҳои машғулияту ҷойи хоби кӯдакон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, бо ҳавои тоза, ҳароратсанҷ ва ҳарорати муътадили муқаррарӣ таъмин карда шавад;
— хӯроки кӯдакон тибқи таомномаи тасдиқшуда ва саривақт пешниҳод карда шавад;
— реҷаи рӯз қатъиян риоя гардида, қабули кӯдакон, машқи пагоҳирӯзӣ, субҳона ва машғулиятҳо тибқи реҷаи ягона ва ҷадвали машғулиятҳо доир карда шавад;
— сармураббиён ва мудирони муассисаҳои томактабӣ нақшаҳои мавзуӣ-конспектии мураббиёнро саривақт аз назар гузаронида, ҷиҳати такмили маҳорат ва истифодаи аёниятҳои мувофиқ тавсияҳои методӣ пешниҳод намоянд;
— то соати 8:00 ба кӯдакистон ҳозир шудани кӯдаконро назорат намуда, ба падару модарон моҳияти омодагӣ ба мактабро шарҳ диҳанд;
— маблағи падару модар барои нигаҳдории кӯдакон тибқи нишондиҳандаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайринақдӣ қабул карда шавад;
— нуқтаҳои тиббиро бо таҷҳизот ва дорувориҳо тибқи фармоиши якҷояи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ:
— интизоми меҳнат тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шуда, директорони муассисаи таҳсилоти умумӣ, муовинони директор, кормандони хоҷагӣ ва техникӣ дар вақти муқарраршуда ба ҷойи кор ҳозир шаванд;
— муовинони директор оид ба таълим план-конспектҳои яксоатаро саривақт аз назар гузаронида, ҷиҳати такмили маҳорат ва истифодаи аёниятҳои мувофиқ тавсияҳои методӣ пешниҳод намоянд.
— то соати 8:00 ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳозир шудани хонандагонро назорат ва таъмин намоянд;
— директорони муассисаи таҳсилоти умумӣ дар давоми соли таҳсил на кам аз 70 соат дар дарсҳои омӯзгорон иштирок намуда, натиҷаи таҳлили дарсҳоро ба самъи омӯзгорон расонанд;
— иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимиро зери назорат қарор диҳанд (аз ҷумла гирифатни корҳои хаттӣ);
— назорати дохилии муассисаи таълимиро дуруст ба роҳ монда, раванди таълиму тарбияро назорат намоянд;
— ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд;
— китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамарӯза дар синфҳо гашта, вазъи бо китобҳои дарсӣ ҳозир шудани хонандагонро назорат намоянд;
— директорони муассисаи таҳсилоти умумӣ ва муовинони директор алоқаи байни муассисаи таълимӣ ва падару модари хонандагонро дуруст ба роҳ монанд;
— директор ва муовинони директор оид ба корҳои тарбиявӣ ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чораҳои иловагӣ андешанд;
— директор ва муовинони директор оид ба корҳои тарбиявӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе, ба Вазорати маориф ва илм оиди давомоти хонандагон ҳисобот ирсол намоянд.
Дар охир, вазири маориф ва илм бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳо ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, назорати ҳатмии давомоти хонандагон ва интизоми меҳнат дар муассисаҳои соҳаи маориф дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон