Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд

ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии вазорат аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, лоиҳа бо дарназардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ омода гардидааст. Ҳамчунин тибқи лоиҳа иншоот дорои бинои алоҳидаи дуошёна буда, дар он ошхона бо 420 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 640 ҷойи нишаст бунёд хоҳад ёфт, ки тариқи роҳрав ба бинои асосӣ пайваст мегардад.

Дар бинои нав сохтмони 4 лифт дар назар дошта шуда, барои кормандони вазорат ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои машваратӣ бо имкониятҳои васеъ ва технологияи муосири соҳавӣ бунёд хоҳад ёфт. Сохтмони бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо барои кормандони дастгоҳи марказии вазорат шароиту имкониятҳои муосири кориро фароҳам меорад, балки дар дохили он зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир хоҳанд шуд, ки чунин тарҳрезии лоиҳа ба таъмини сифатноки кор, пешбурди фаъолият мутобиқ ба талаботи замон мусоидат хоҳад кард.

Аз ҷумла, пас аз анҷоми сохтмон дар таҳхонаи бино маркази чопи нашрияҳо, ҳуҷраҳои техникӣ ва ёрирасон ҷойгир карда мешаванд. Дар бинои нав ҳамчунин Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маърифат”, Корхонаи воҳиди давлатии “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе”, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар сохторҳои зертобеъи вазорат, ки ҳоло дар ҳар гушаву канори шаҳр кору фаъолият доранд, ҷой дода мешаванд. Ин тадбир ба беҳшавии шарту шароити корӣ мусоидати назаррас хоҳад кард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ барои сохтмони иншоот 1,58 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, дар доираи ин тарҳ ҳамчунин сохтмони фаввораҳои зебову замонавӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт, айвончаҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд хоҳад ёфт.

Намои берунаи иншооти нав бо шаклу услуби хоси меъмории миллию ҷаҳонӣ тарҳрезӣ гардида, гирду атрофи он низ тибқи лоиҳа зебову замонавӣ зиннат дода хоҳад шуд.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии авҷи корҳои ободониву созандагӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе буда, он ба фароҳам овардани шароити муосири корӣ ва зебову замонавӣ намудани ҳусни пойтахт мусоидат хоҳад кард.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлати 3 сол ба истифода додани бино, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонии ватанӣ ҳангоми иҷрои корҳо ва таваҷҷуҳи хоса додан ба масъалаи кабудизоркуниву сарсабз намудани гирду атрофи иншоот супоришҳои мушаххас доданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *