Хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино Абдураҳим Сангинов дар даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2023» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ- хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шоҳинахон Қодирова, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилангез Қадамшозода, хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино Абдураҳим Сангинов, хонандаи синфи 10-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ Абдуҳалими Абдухалил иштирок намуданд.
Озмуни «Хонандаи сол-2023» 29-30 март дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор гардида, дар рӯзи аввал корҳои тестӣ ва корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ гузаронида шуданд.
Дар рӯзи дуюми озмун қисмати саволу ҷавоб, маҳорати суханварӣ, намоиши корҳои эҷодӣ ва ҳисоботи эҷодии довталабони даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2023» баргузор гардид.
Ғолиби даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2023» дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.