«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе оид ба гузаронидани ин озмуни ҷумҳуриявӣ машварат баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 03.03.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вобаста ба гузаронидани даврҳои якум ва дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» машварат баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Дар кори машварат ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, котиби ҳамоҳангсоз, шахсони мутасаддии озмун аз шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод иштирок намуда, талаботи низомномаи озмун ва шарҳи муқаррароти баргузории даврҳои якум ва дуюмро баррасӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, узви комиссияи озмун Қудрат Давлатзода иброз дошт, ки солҳои охир дар мамлакат ба омӯзиши илму дониш ва китобхониву китобдӯстӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гашта, хонандагону донишҷӯён ва муҳаққиқону унвонҷӯён барои иштирок ва ғолибият дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифт» талош менамоянд.

Дар ҳама давру замон озмуну сабқат яке аз унсурҳои рушди илм ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ маҳсуб шуда, барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар соҳаҳои илму техника ва кашфиёту ихтироот заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Гуфта шуд, ки масъулонро зарур аст, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани даврҳои якум ва дуюми озмун аз тамоми имконияту шароит истифода бурда, ғолибони воқеӣ барои иштирок дар даврҳои минбаъда пешбарӣ гарданд.

Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли чорум аст, ки таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар даври якуми озмун дар маҷмуъ 163 ҳазору 892 нафар иштирок намуда, ба даври дуюм 30 ҳазору 918 нафар роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюм аз 30 ҳазору 918 нафар иштирокчӣ 3878 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Дар даври сеюм аз 3878 нафар иштирокчӣ 579 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифта, 133 нафар ғолиб омад.

Бори аввал дар соли сеюми баргузории озмун Шоҳҷоиза супорида шуд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *