ҶАЛАСАИ МАҶОЗӢ: КОРМАНДОНИ МАОРИФИ ДУШАНБЕ ДАР ҶАЛАСАИ КОРӢ БА ТАВРИ МАҶОЗӢ ИШТИРОК КАРДАНД

18 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-итилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода дар ҷаласаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Ҷаласаи корӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода оид ба бақайдгирии довталабон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, боло бурдани неруи зеҳнии хонандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо омӯзгорону хонандагон ҷиҳати пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва пурра бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

https://t.me/mti_dushanbe

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *