23 апрели соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдоди назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, масъулини шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар маҷлиси назоратӣ масъалаҳо ҷиҳати омода намудани хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фуруғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ноҳиявию шаҳрии озмунҳои мазкур, иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории корҳои ободонӣ ва риояи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳангоми муошират бо шаҳрвандон аз ҷониби омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии пойтахт, сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби омӯзгорону мураббиён ва хонандагон, пешгирии фарҳанги бегона ва таълимоти ғайрирасмии диннӣ, таҳлили вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасию муҳокима қарор дода шуд.
Инчунин, дар рафти ҷаласа директорони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе вобаста ба ҳолати таъмини тарбиягирандагон бо хӯрока, сару либос, китобу маводҳои хониш, маводҳои хӯрока ва омодагӣ ба соли таҳсили 2024-2025 гузориш дода, зикр намуданд, ки дар ин самт мушкилот ҷой надорад.
Дар рафти ҷаласа ба сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маориф Бобозода Асомиддин, масъулини шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли наврасу ҷавон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор баргузории корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат диҳанд.