Аз 20 то 25 майи соли ҷорӣ “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” зери унвони “Душанбе – шаҳри ҳушманд” баргузор мегардад.
Мақсади баргузории ҳафта дастгирии шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба техникаву технологияи муосир мебошад.
Дар доираи ҳафта озмунҳо баргузор мегарданд, ки ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҳафта таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронда мешавад.
Масъули баргузории Ҳафта Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” мебошад.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба саҳифаи мо обуна шавед ва интизори хабарҳои нав бошед.
МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» #ictweekdushanbe2024#ictweek2024#ictweek