ДАҲУМИН НАМОИШГОҲ-ЯРМАРКАИ “ТАҲСИЛОТИ РОССИЯ-ТОҶИКИСТОН-2022” ДАРИ ХУДРО БАРОИ ДОВТАЛАБОН БОЗ НАМУД

10-уми июни соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2022” дари худро барои ҷавонони тоҷик-довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия боз намуд, ки дар он намояндагии 34 муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Россия — Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгород ба номи Н.А.Добролюбова, Донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи давлатии техникии Омск, Донишгоҳи давлатии Вятка, Донишгоҳи давлатии идоракунии системаҳои радио ва радиоэлектроника, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи давлатии Комсомолск-на-Амур, Донишгоҳи политехникии Москва, Донишгоҳи федералии Қазон, Филиали Муассисаи давлатии таҳсилоти олии федералии «МИРЭА — Донишгоҳи технологии Россия» дар Ставропол, Донишгоҳи давлатии технологияҳо ва дизайни Санкт-Петербург ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия ба кори худ шурӯъ кард.Қабл аз оғози намоишгоҳ-ярмарка дар толори ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар мулоқот доир гардид, ки дар он Л. Абдулхолиқзода – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Лякин-Фролов — сафири фавқулода ва мухтори ФР дар Тоҷикистон, П.А. Шведсов – муовини Маркази илм ва фарҳанги Россия “Россотрудничиества”-и Федератсияи Россия ва И.С. Иванов — директори намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Россия “Россотрудничества” дар Душанбе сухан гуфтанд.Сафири Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ таъкид кард, ки ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи маориф на танҳо ба тарбияи кадрҳои миллӣ нигаронида шудааст, балки барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар маҷмуъ, муносибатҳои байни ҷавонони ду мамлакат ва имкониятҳои оянда равона гардидааст. Дар ҳоли ҳозир 31 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Россия таҳсил мекунанд ва муҳим аз ҳама ин аст, ки беш аз нисфи 23 ҳазор ҷавони тоҷики мустақиман дар қаламрави Федератсияи Россия таҳсилкунанда, ба таври ройгон таҳсил доранд.Дар навбати худ Лутфия Абдулхолиқзода — муовини вазири маориф ва илм аҳамияти намоишгоҳро на танҳо аз ҷиҳати ҷалби кадрҳо барои такмили минбаъдаи онҳо, балки барои ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо муҳим арзёбӣ кард.-Дар ин намоишгоҳ аз Россия 34 донишгоҳ, 4 донишгоҳи Россия дар Тоҷикистон ва як донишгоҳ аз Белорус ширкат мекунанд. Ин намоишгоҳ ҷашнвора аст ва дар иртибот бо ин ба ҷониби Россия табрик гуфта, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории чорабинии мазкур изҳори сипос менамоям, — қайд кард П.А. Шведсов – муовини Маркази илм ва фарҳанги Россия “Россотрудничиества”-и Федератсияи Россия.Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола ҳадаф аз ташкили чунин намоишгоҳ-ярмарка фароҳам овардани имкон барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён, довталабон ва хоҳишмандоне мебошад, ки мехоҳанд таҳсилро дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия идома диҳанд.Сипас, бо иштирокдорони намоишгоҳ-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, довталабон ва волидайн мулоқоти намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Маркази илм ва фарҳанги Россия “Россотрудничество” баргузор гардида, бо буридани лентаи рамзӣ иштирокдорон аз намоишгоҳ дидан карданд.Дар рафти намоишгоҳ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Россия ба хоҳишмандон дар бораи шароити қабул, таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ, барномаҳои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, шароити зист дар давраи таҳсил, истироҳат ва стипендияҳои муассисаҳо маълумот дода, ба суолҳои довталабон посухҳои мушаххас медоданд.Ёдовар мешавем, ки даҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2022” рӯзҳои 10-11-уми июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардида, сипас, рӯзи 13-юми июн дар Қасри Ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд кори худро идома медиҳад, ки хонандагону донишҷӯён ва хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок намоянд. БАХТОВАР САФАРОВ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *